Имрӯз дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти вазорат, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, корхонаву муассисаҳои тобеи вазорат, марказҳои татбиқи лоиҳаҳо ва намояндагони дигар вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёт оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаи роҳу нақлиёт дар соли 2024 ва вазифаҳо барои семоҳаи аввали соли 2025 баргузор гардид.
Натиҷаҳои фаъолияти соҳаро дар соли гузашта Раиси ҳайати мушовара, Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим ҷамъбаст ва вазифаҳоро барои семоҳаи аввали соли ҷорӣ муайян кард.
Дар маърӯзаи ҳисоботии худ Вазир ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалиро ба Вазорати нақлиёти ҶТ ва аз ҷониби Сарвари давлат ба таври расмӣ ифтитоҳ бахшидани КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт», Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ ва озмоишгоҳи КВД «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ» (ПЛИН) - ро рӯйдодҳои дурахшони соҳа дар соли 2024 арзёбӣ намуд.
Вазири нақлиёт ҳамчунин аз ҷониби Сарвари давлат ба истифода дода шудани роҳи автомобилгарди «Бохтар – Леваканд – Данғара», баргузор намудани Конфронси байналмилалии «Роҳ ба сӯи Тян-Шон», ҳамоиши фарҳангӣ дар ноҳияи Мурғоб бахшида ба 20-солагии ифтитоҳи гузаргоҳи сарҳадии «Кулма – Каросу» бо иштироки роҳбарияти Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин имзои Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ бо Ҷумҳурии Италия ва Созишнома дар бораи Оинномаи Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони ИДМ-ро дар қатори дастовардҳои калидии соли гузашта номбар кард.
Дар кори ҷаласаи васеи ҳайати мушовара Сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Амирзода иштирок ва суханронӣ намуда, фаъолияти Вазоратро дар соли гузашта мусбат арзёбӣ кард ва барои боз ҳам беҳтар намудани корҳо тавсияҳои муфид пешниҳод намуд.
Дар хотима, Вазири нақлиёт Азим Иброҳим баъзе камбудиҳоро дар кори соҳа зикр кард ва барои сари вақт бартараф намудани онҳо супоришҳои мушаххас дод.
Вазир вазифаҳои асосиеро, ки бояд дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ иҷро карда шаванд, муайян намуда, масъулинро ба иҷрои пурра, саривақтӣ ва самараноки дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои оинномавии Вазорати нақлиёт муваззаф сохт.