Аз 1 январи соли 2025 андозаи ҷарима барои соҳибони воситаҳои нақдлиёт ва ширкатҳои нақлиётӣ боло бурда шуд.
Андозаи ҷарима ва пардохтҳои ҳатмии давлатӣ аз рӯи «нишондиҳанда барои ҳисобҳо» муайян карда мешавад ва болоравии он ҳаҷми тамоми ҷаримаҳо ва пардохтҳои ҳатмиро боло мебарад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки моҳи декабри соли 2024 аз ҷониби Парлумони мамлакат ба тасвиб расид, маблағи нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли ҷорӣ аз 72 то 75 сомонӣ зиёд карда шудааст.
Дар робита ба ин, аз 1 январи соли 2025 андозаи ҷаримаҳо барои ронандагон ва ширкатҳои нақлиётӣ барои вайрон кардани баъзе Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ афзоиш ёфт.
Аз ҷумла, мутобиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КоҲМ ҶТ):
– барои вайрон кардани қоидаҳои интиқоли борҳои хатарнок, калонҳаҷм, вазнин ва маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумӣ аз 3750 то 5250 сомонӣ (соли 2024: 3600 - 5040 сомонӣ) ҷарима таъин карда мешавад;
– барои сафарбар кардани ронандагон ба идоракунии воситаҳои нақлиёте, ки борҳои хатарнок, калонҳаҷм ва вазнинро бе иҷозати дахлдор ва аломатҳои шартӣ интиқол медиҳанд, ба шахсони мансабдор аз 9000 то 11250 сомонӣ (соли 2024: 8640-10800 сомонӣ).), ба шахсони ҳуқуқӣ – аз 22500 то 30000 (соли 2024: 21600 -28800);
– барои идоракунии воситаи нақлиёте, ки дар мӯҳлати муқарраргардида аз муоинаи техникии ҳатмии давлатӣ нагузаштааст, – 225 сомонӣ (соли 2024: 216 сомонӣ);
– барои идоракунии воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати суғуртаи ҳатмӣ, – 75 сомонӣ (соли 2024: 72 сомонӣ);
– барои итоат накардани ронандагони воситаҳои нақлиёт ба аломатҳои чароғаки роҳнамо ё ишораи танзимгари ҳаракат – аз 225 то 375 сомонӣ (соли 2024: 216 - 360 сомонӣ);
– барои бе иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ идоракунии воситаҳои нақлиёти боркаш, ки бо интиқоли одамон машғуланд, инчунин идоракунии воситаҳои нақлиёти дигар, ки барои интиқоли мусофирон пешбинӣ нашудаанд, – аз 150 то 225 сомонӣ (соли 2024: 144 - 216 сомонӣ);
– барои риоя накардани талаботи аломатҳои роҳ, аломатгузории роҳҳо, истифодаи асбобҳои равшанӣ дар вақти торикӣ ё дар ҳолати нокифоя будани равшанӣ, таваққуфгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, гузаргоҳҳои пиёдагард, ҳаракат дар роҳравҳо, роҳҳои пиёдагард, дар хати барои воситаҳои нақлиёти мусофирбар муқарраршуда ё дар хати чапи ниҳоӣ ҳангоми мавҷудияти дигар хатҳои озод дар ин самт, – 75 сомонӣ (соли 2024: 72 сомонӣ);
– барои рондани мошин бо суръати аз меъёри муқарраршуда зиёд – аз 75 то 225 сомонӣ (соли 2024: 72-216 сомонӣ);
– барои вайрон кардани қоидаҳои аз дигар мошин пеш гузаштан ва гузариш аз чорроҳаҳо – аз 225 то 375 сомонӣ (соли 2024: 216-360 сомонӣ);
– барои баромадан ба хатти муқобили ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҳангоми ба вуҷуд омадани тамбашавӣ – аз 375 то 525 сомонӣ (соли 2024: 360 - 504 сомонӣ);
– барои вайрон кардани қоидаҳое, ки боиси ба вуҷуд омадани вазъияти садамавӣ мегардад, яъне дигар иштирокчиёни ҳаракати роҳро маҷбур месозад, ки суръат ё самти ҳаракатро ба таври назаррас тағйир диҳанд ва ё барои таъмини амнияти худ ё амнияти дигарон чораҳои дигар андешанд, – аз 225 то 375 сомонӣ (соли 2024: 216 - 360 сомонӣ);
– барои идоракунии воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ, инчунин додани идоракунии воситаи нақлиёт ба шахси дар ҳолати мастӣ қарордошта – 22500 сомонӣ (соли 2024: 21600 сомонӣ);
– барои вайрон кардани қоидаҳое, ки ба воситаҳои нақлиёт, бор, роҳ, иншооти роҳ ё дигар молу мулк зарар расонидаанд, – аз 225 то 375 сомонӣ (соли 2024: 216-360 сомонӣ);
– роҳхат ва иҷозат додан ба идоракунии воситаҳои нақлиёт ба ронандагони дар ҳолати мастӣ қарордошта ё шахсоне, ки ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиётро надоранд, - 22500 сомонӣ (соли 2014: 21600 сомонӣ).