3 - 4 январи соли равон Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ба ВМКБ сафари корӣ анҷом дод. Вай қитъаи таҷдидшавандаи роҳи «Калаихумб – Ванҷ» - и шоҳроҳи байналмилалии «Душанбе – Кулма» - ро аз назар гузаронид ва ба сифати корҳои анҷомдодашуда таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Новобаста аз он ки дар умум суръату сифати корҳо чандон бад набуданд, аммо дар баъзе қитъаҳо кор ба талабот ҷавобгӯ нест.
Вазир аз раванди кор дар нақби дуюм, хусусан аз портали баромади нақб изҳори нигаронӣ кард. Гарчанде, вобаста ба резиши рег ва ноустувор будани ҷинсҳои куҳӣ кори сохтмончиёнро каме мушкил шуда бошад ҳам, аммо ташкили кор ба талабот ҷавобгӯ набуд.
Корҳои дигар тибқи нақша идома доранд. Роҳсозон барои дар оянда рух надодани резиши сангу рег, ки метавонад боиси вайроншавӣ ва басташавии роҳ гардад, баландиҳои кӯҳро бо истифода аз экскаватори гидравликӣ ҳамвор мекунанд.
Барои саривақт ва босифат ба итмом расонидани корҳои сохтмону бастабандӣ Вазири нақлиёти ҶТ ба коргарон ва мутахассисон супоришҳои мушаххас дод.
Ёдовар мешавем, ки корҳои таҷдиду навсозии қитъаи «Дарвоз –Ванҷ – даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон» - и роҳи автомобилгарди байналмилалии «Душанбе – Кулма» бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2022 оғоз гардиданд.
Қаблан ин қитъаи 109-километраро ронандагон бо сабаби омадани сел ва сангрезӣ бо мушкилоти зиёд тай мекарданд. Дар лоиҳаи қитъаи таҷдидшаванда, ки аз ҷониби мутахассисони КВД «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ»-и Вазорати нақлиёти ҶТ иҷро шудааст, ин ҷанбаҳо ба назар гирифта шудаанд.