Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

БА ДИҚҚАТИ РОНАНДАГОН! Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва тавсияҳои дахлдорро нодида нагиред

Санаи нашр: 07-01-2025 Просмотрено: 3230

Дар давраи бориши барф дар роҳҳои кӯҳӣ, хусусан дар ағбаҳо бояд хеле эҳтиёткор буд, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва тавсияҳои дахлдорро оид ба рафтори иштирокчиёни ҳаракат дар шароити зимистон қатъиян бояд риоя кард. Мутаассифона, ронандагон на ҳамеша инро ба назари эътибор мегиранд.

Рӯзи шанбе, 4 январ дар роҳи автомобилгарди «Душанбе –Кӯлоб», дар мавзеи Ёқсуи деҳоти Себистони ноҳияи Данғара бо айби ронандагоне, ки чархҳои тобистонаро сари вақт ба чархҳои зимистона иваз накардаанд, тамбашавии воситаҳои нақлиёт ба вуҷуд омад ва боиси ҳолатҳои садамавӣ гардид. Дар байни мошинҳои дармонда автобус низ буд (Мошинҳое, ки шумо дар аксҳо мебинед, танҳо як қисми ками коллексияи умумӣ мебошанд).

Ҳангоми бориши барф ҳатто ҳангоми ҳаракат дар қитъаҳои мунтазам тозашавандаи роҳҳо метавон бо барфтӯда дучор омад. Вале дар аксар ҳолатҳо  тамбашави воситаҳои нақлиёт ва садамаҳои роҳ, аз ҷумла дар фасли зимистон, маҳз  бо айби соҳибони воситаҳои нақлиёт - суръати баланди ҳаракат, риоя накардани фосилаи байни мошинҳо, тормози сахт, гузаштан аз мошинҳои дигар дар ҷойҳои манъшуда ва истифодаи чархҳои тобистона ба вуҷуд меоянд.

Аз ин рӯ, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бори дигар  ба ронандагон чунин муроҷиат мекунад:

1. Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя  намоед, то ҳаёти худ ё каси дигарро зери хатар нагузоред!

2.Агар шумо барои иваз кардани чархҳои тобистона ба чархҳои зимистона то ҳол вақт наёфта бошед, то замони ин корро кардан аз рондани мошин дар роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунед!  

Чархҳои тобистона бояд то фарорасии ҳарорати паст истифода шаванд, яъне агар ҳарорати ҳаво -1 дараҷа шуд, пас фавран чархҳо бояд иваз карда шаванд, ҳатто агар барф ҳам набошад.

Дар хотир доред, ки истифодаи чархҳои тобистона дар фасли зимистон ба арзёбии амали ронанда ҳангоми садама таъсир мерасонад.

3. Фарҳанги ронандагиро риоя кунед. Ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори ронанда ҳангоми ҳаракат дар роҳ мебошад, ки риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, эҳтиром ба дигар иштирокчиёни ҳаракат, кӯмак ба мошинҳои дигар ва ғайраро дар бар мегирад. Дар ин бора қаблан маълумот дода будем (Ниг. ба «Фарҳанги ронандагӣ. Сарфи назар кардани он боиси сар задани садамаҳои нақлиётӣ ва дигар ҳодсаҳои нохуш мегардад», www.mintrans.tj, санаи нашр 25.12.2024).