Табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ ва истифодаи имкониятҳои транзитӣ яке аз ҳадафҳои асосии рушди кишвар ба ҳисоб меравад.Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 2024 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд.
Дар соли 2025 соҳаи роҳу нақлиёти кишварро боз чӣ интизор аст?
Роҳҳои нав ба истифода дода мешаванд
Дар Тоҷикистон соли 2025 татбиқи лоиҳаҳо оид ба сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард, пулҳо ва долонҳои зидди тарма идома хоҳад ёфт.
Дар нимаи аввали соли 2025 дар ВМКБ бунёди қитъаи роҳи «Қалаихум – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон» бояд ба анҷом расад. Бо туфайли ду нақб дарозии умумии ин қитъаи роҳ 16 км коҳиш меёбад. Яке аз нақбҳо 1,8 км, нақби дуввум 3,4 км дарозӣ дорад.
Ҳамчунин дар мавзеи Барсеми ВМКБ сохтмони 4,5 километр роҳҳо, 550 метр долонҳои зидди тарма, пули дарозиаш 82 метр аз болои дарёи Шорф ва пули дигар бо дарозии 200 метр аз болои дарёи Ғунд ва дар ҳудуди вилояти Суғд барқарорсозии 52 километр роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба анҷом мерасад.
Тӯли ду соли оянда дар кишвар даҳҳо километр роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалӣ, пулҳо, нақбҳо ва долонҳои зиддитармавӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.
Сохтмони истгоҳҳои сӯзишворӣ, марказҳои хизматрасонӣ, мағозаҳо, кемпингҳо ва меҳмонхонаҳо пешбинӣ шудааст, ки ба беҳдошти сатҳи хизматрасонии нақлиётӣ мусоидат мекунанд.
Охири соли сипаришуда Бонки Осиёии рушд (БОР) маблағи грантиро дар ҳаҷми 86,67 миллион доллари ИМА ҷиҳати кумак ба Тоҷикистон дар такмили минбаъдаи шабакаи миллии роҳҳо тавассути бунёди «долони сабз»-и намунавӣ дар кишвар тасдиқ кард. Соли 2025 таҷдиди роҳи автомобилгарди «Данғара – Гулистон» оғоз меёбад, ки ба долони сабзи намунавӣ (намоишӣ) табдил дода мешавад. Дар доираи лоиҳа бори аввал усулҳои инноватсионии бунёди «роҳҳои сабз» ба таври санҷиш истифода бурда мешаванд.
Лоиҳа таҷдиди роҳи мавҷудаи дуқатораи фарсудашудаи «Данғара – Гулистон»-ро бо дарозии 49 км ва васеъ кардани он то чор қаторро пешбинӣ мекунад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин лоиҳа 23 миллион доллар маблағгузорӣ мекунад, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) пас аз тасдиқ аз ҷониби Шӯрои директорони бонк дар аввали соли 2025 ба маблағи 40 миллион доллар қарз медиҳад. Иҷроиши ин лоиҳа, ки бояд то соли 2030 ба анҷом расад, ба зиммаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст.
Рақамикунонии соҳа идома меёбад
Соли оянда дар самти рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт бо назардошти як қатор омилҳо соли муҳим хоҳад буд.
Аввалан, Сарвари давлат дар Паёми худ ба Парлумон табдил додани Тоҷикистонро ба кишвари транзитӣ яке аз ҳадафҳои асосии рушди кишвар номиданд. Аз ин рӯ, рақамисозӣ дар соҳаи нақлиёт амри зарур аст, зеро он имкон медиҳад, ки самаранокӣ, бехатарӣ ва роҳатӣ барои иштирокчиёни ҳамлу нақл тавассути ҳама намудҳои нақлиёт беҳтар карда шавад.
Сониян, Пешвои миллат дар Паём таъкид карданд, ки дар 5 соли оянда ба пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд диққати аввалиндараҷа дода шавад. Бо мақсади тавсеаи равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025 – 2030-ро дар Тоҷикистон Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карданд.
Ва, солисан, бино ба арзёбии бузургтарин ширкати логистикии ҷаҳон DNL, рақамисозӣ тамоюли асосии нақлиёт дар ҷаҳон дар соли 2025 хоҳад буд. Ба гуфтаи коршиносони ин ширкат, имсол ба логистика бештар рақамикунонии анборҳо ва истифодаи зеҳни сунъӣ (AI) ҷиҳати идоракунии занҷираҳои таъминот таъсир мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки 29 октябри соли гузашта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар заминаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин марказ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар доираи татбиқи барномаи рақамикунонии роҳу нақлиёт таъсис дода шудааст.
«Бо ҷорӣ шудани системаи рақамии идоракунӣ танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар минтақаҳои дурдаст имконпазир гардид», - навиштааст сомонаи расмии Президенти ҶТ.
Аз 30 модули рақамисозӣ, ки дар вазорат мавҷуданд, дар айни замон 13 модул барои муҷаҳҳаз кардани мошинҳои роҳсозии GPS ва назорати кори самараноки онҳо, инчунин пешгирии ҳаракати нақлиёти гаронвазн тавассути тарозуҳои динамикии муосир, ки ба марказ пайваст гардидаанд, истифода мешаванд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки таъсиси маркази тамос бо рақами кӯтоҳшудаи 8808 раванди гирифтани рухсатномаву иҷозатномаҳо ва роҳхату дархостҳоро барои воситаҳои нақлиёт ҷиҳати интиқоли бор такмил медиҳад.
Маркази тамос имкон медиҳад, ки фармоишҳо аз тамоми гӯшаю канори кишвар ва берун аз он дар самтҳои боркашонӣ, мусофиркашонӣ, гирифтани чиптаҳои роҳкиро ва боркашонӣ саривақт қабул карда шаванд.
Системаи электронии Марказ ба равзанаи ягонаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст буда, ба соддагардонии раванди хизматрасонии нақлиётӣ мусоидат менамояд.
Илова бар ин, ҳамаи ҳолатҳои боркашонӣ ва мавқеи ҷойгиршавии бор дар пойгоҳи додаҳо (маълумотҳо) дар шакли электронӣ ҷойгир карда мешаванд ва бо хизматрасониҳо бо фармоиши муштариён ва корхонаҳо фаро гирифта мешаванд.
«Дар ин замина, дар самти ҳамкории байналмилалӣ пешрафти назаррас ба даст оварда шуд», - гуфта мешавад дар сомонаи Президенти ҶТ.
Инчунин бояд зикр намуд, ки Вазорати нақлиёти ҶТ бори аввал дар таърих баҳисобгирии (инвентаризатсияи) дороиҳои роҳро ҷиҳати шиносномакунии минбаъдаи роҳҳо тибқи Қонуни ҶТ аз 25 июни соли 2021 таҳти № 1794 «Дар бораи роҳҳои автомобилӣ ва фаъолияти роҳҳо» шурӯъ намуд.
Баҳисобгирӣ моҳи сентябри соли 2023 оғоз ёфт. Бо дастгирии Бонки Осиёии рушд, Вазорати нақлиёт системаи муосири баҳисобгирии дороиҳои роҳҳо ROMDAS-ро, ки аз ҷониби ширкати Data Collection Limited (DCL) - и Зеландияи нав таҳия ва истеҳсол шудааст, дастрас намуд.
Ба ҳолати то 21 октябри соли 2024, аз 5567,9 км роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, ки дар тавозуни Вазорати нақлиёти ҶТ қарор доранд, маълумот дар бораи дороиҳои 4407,7 км роҳҳо ҷамъоварӣ карда шудааст, ки 79,1% - ро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, соҳаи роҳу нақлиёт дар ҳоли тағйир аст, таваҷҷӯҳи корхонаҳо ва ширкатҳои нақлиётӣ ба рақамисозӣ торафт меафзояд. Дар солҳои оянда рақамикунонии тамоми равандҳои муқаррарӣ барои рушди босифати тиҷорат ва савдо ҳатмӣ хоҳад буд.
«Тибқи нақшаи стратегӣ пешбинӣ шудааст, ки ҳиссаи ҳуҷҷатҳои ҳамлу нақли дар шакли электронӣ тартиб додашуда то соли 2030 ба 100% расонида мешавад», - гуфт Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим 30 сентябри соли 2024 дар ҷаласаи назоратӣ дар вазорат.
Ҳоло тамоми шароит барои ба фаъолияти рақамӣ гузаштани корхонаю муассисаҳо фароҳам оварда шудааст. Ҳар қадаре, ки соҳаҳои тиҷорат ва савдо ба технологияҳои нав таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кунанд, соҳаи нақлиёт зудтар рақамӣ карда мешавад. Аз ин рӯ, раванди рақамисозӣ дар нақлиёт вусат хоҳад ёфт ва талабот ба технологияҳои иттилоотӣ торафт бештар хоҳад шуд.
Хотиррасон мешавем, ки 6 декабри соли 2024 дар Душанбе аз ҷониби Агентии инноватсия ва технологияҳои рақмии назди Президенти ҶТ марсими супоридани ҷоизаҳои миллӣ дар соҳаи тиҷорати рақамӣ (e-Commerce) баргузор шуд. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирифтани Ҷоизаи миллӣ дар соҳаи тиҷорати рақамӣ дар соли 2024 дар номинатсияи «Барои дастовардҳои баланд ва татбиқи қарорҳои инноватсионӣ дар соҳаи рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, ки ба рушди тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунанд», сарфароз гардонида шуд.
Назорати мошинҳои гаровазн пурзӯр мегардад
Аз аввали соли 2025 дар Тоҷикистон назорати ҳаракати мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо пурзӯр карда мешавад. Барои ин ба Кодекси нақлиёти автомобилии ҶТ тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи онҳо ронандагон вазифадор шудаанд, ки бо талаби шахси масъул аз санҷиши вазну андоза гузаранд. Дар сурати риоя накардани меъёрҳои боркунӣ дар нақлиёти автомобилӣ фиристонандагони бор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
Дар бораи зарурати риояи ин меъёрҳо дар моддаи 52 («Ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо бор ва андозаи аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд») Қонуни ҶТ «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» низ таъкид карда шудааст.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки соҳаи роҳро танзим мекунанд, барои истифодаи оқилона ва самараноки роҳҳои автомобилгард такмил дода шудаанд ва ҳамаи истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард вазифадоранд, ки меъёрҳои муқарраргардидаро риоя намоянд.
Дар яке аз Паёмҳои қаблии худ ба Парлумони мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуда буданд: «Дар баробари сохтмон ва ба истифода додани роҳҳои автомобилгард тартиби истифодаи самараноки онҳо ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои сохташуда яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Дар робита ба ин, ҷорӣ кардани механизми назорати рақамӣ ба ҳаракати нақлиёти боркаш хеле муҳим аст».
Дар ҳоли ҳозир дар роҳҳои Тоҷикистон системаҳои автоматикунонидашудаи назорати мошинҳои гаронвазн ва калонҳаҷм насб шудаанд. Ба ҳолати моҳи июли соли 2024, дар тӯли роҳҳои автомобилгард 30 нуқтаи вазнченкунӣ ташкил карда шудааст, ки бо тарозуҳои статсионарӣ, динамикӣ ва мобилӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд. Онҳо метавонанд андоза ва вазни мошинҳои боркашро ҳангоми ҳаракат бо суръати баланд, ҳатто то 100-120 км/соат муайян кунанд.
Якчанд чунин тарозуҳо ба зудӣ дар ду даромадгоҳи шаҳри Душанбе, инчунин дар нуқтаҳои боркашонии «Норак», «Гулистон»-и минтақаи Кӯлоб ва «Қизил-Қала» - и минтақаи Бохтар, ки ба шоҳроҳҳо наздиканд, низ насб карда мешаванд.
Мақсади асосии пурзӯр кардани назорати вазн ва андозаи нақлиёти боркаш таъмини бехатарии ҳаракат ва нигоҳ доштани роҳҳои автомобилӣ дар ҳолати хуб мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар мамлакат ҳаракати воситаҳои нақлиёти вазнин, ки зиёда аз 40 тонна бор доранд, манъ аст.
Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти ҶТ расман ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар бо дархост оид ба риояи меъёрҳои муқарраргардида ҳангоми бор кардани воситаҳои нақлиёт муроҷиат намуд.
Хадамот инчунин гурӯҳҳои корӣ ва мобилӣ таъсис дод ва онҳоро ба заводҳои сементбарорӣ, конҳои ангишт ва коркарди сангу шағал ва дигар корхонаҳои истеҳсолӣ сафарбар намуд, то моҳияти риояи талаботҳои тағйироти зикршударо шарҳ диҳанд.
Танҳо дар панҷ моҳи аввали соли 2024 аз ҷониби нуқтаҳои вазнгирӣ ва гурӯҳҳои мобилӣ вазни 100,444 мошини боркаш чен карда шуд. Беш аз ҳазор ҳолати вайрон кардани қоидаҳои интиқоли борҳои калонҳаҷм ва вазнин ба қайд гирифта шудааст.Вайронкунандагони қоида дар маҷмӯъ ба маблағи 3,4 миллион сомонӣ ҷарима баста шуданд.
Нақлиёти ҷамъиятӣ «ҳушманд» мешавад
Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 4 июни соли 2024, ҳамаи ширкатҳои таксӣ дар пойтахти Тоҷикистон бояд то 1 сентябри соли 2025 пурра ба истифодаи мошинҳои барқӣ гузаранд.
Қарор бо мақсади татбиқи Консепсияи гузариш ба системаи барқии нақлиёти мусофиркашонии пойтахт барои солҳои 2023-2026 ва «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баро солҳои 2023-2028», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2022 тасдиқ шудааст, қабул гардидааст.
Ба Шуъбаи нақлиёти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон», Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе супориш дода шудааст, ки ба гузариши пурраи таксиҳо ба системаи нақлиёти барқӣ мусоидат намоянд.
Қаблан, 7 майи соли 2019 дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе КВД «Шаҳри ҳушманд» таъсис дода шуда буд, ки дар пойтахт ба татбиқи барномаи «Нақлиёти ҷамъиятии ҳушманд», аз ҷумла лоиҳаи «GPS tracker» (дастгоҳест, ки дар мошин устувор карда мешавад ва барои сабти координатаҳои хатсайри ҳаракат пешбинӣ шудааст) шуруъ намуд.
Барномаи «Нақлиёти ҷамъиятии ҳушманд» ҷорӣ намудани системаҳои интеллектуалии нақлиётро пешбинӣ мекунад. Барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои кори нақлиёти ҷамъиятӣ дар автобусҳо, троллейбусҳо ва таксиҳо gps-трекерҳо, инчунин сенсорҳои (дастгоҳҳои) ченкунии миқдори сӯзишворӣ ва ҷараёни мусофирбарӣ, дар истгоҳҳои шаҳрӣ бошад тоблуҳои электронӣ бо маълумот дар бораи вақти расидан ва шумораи хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятӣ насб карда шуданд.
Дар Душанбе автобусҳо бо POS-терминалҳои нав ҳаракат мекунанд: пардохти роҳкиро на танҳо бо кортҳо, балки бо пули нақд ва гирифтани чек имконпазир аст.
Илова бар ин, дар пойтахт истифодаи аввалин микроавтобусҳои «Foton Toano» оғоз ёфт, ки барои 17 мусофир пешбинӣ ва бо батареяи 80-киловаттӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд, ки метавонанд тақрибан 350 километрро бо як заряд тай кунанд.
Тавре дар яке аз Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардида буд, бо мақсади ноил шудан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» ҷиҳати бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ҷиҳати зиёд намудани иқтидори алтернативии истеҳсоли энергияи «сабз» дар ҳаҷми на камтар аз 1000 мегаватт, яъне бо истифода аз захираҳои офтобӣ ва бодӣ чораҳои амалӣ андешидан зарур аст.
Сарвари давлат зикр намуданд, ки бо татбиқи тадбирҳои зикргардида то соли 2032 истеҳсоли нерӯи барқ дар мамлакат пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо энергияи «сабз» (ҳоло 98 фоиз) таъмин гардида, дар ин замина тибқи стандартҳои байналмилалӣ то соли 2037 ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ ба ҳадди ақал расонида мешаванд.
«Яъне Тоҷикистон ҳамчун давлати пешгоми ҷаҳон оид ба рушди иқтисоди "сабз" дар соли 2037 воқеан ба "кишвари сабз" табдил меёбад», - изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сарвари давлат ҳамчунин борҳо таъкид намудаанд, ки бо мақсади мутобиқ гардонидани иқтисодиёти миллӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат воридоти нақлиёти барқӣ бояд аз пардохтҳои андозу гумрукӣ пурра озод карда шавад.
Дар робита ба ин, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тадриҷан ба вуҷуд овардани инфрасохтор ва дигар шароити зарурӣ барои истифодаи чунин воситаҳои нақлиёт дар қаламрави мамлакат тадбирҳо меандешад.
Корҳои омодагӣ ба сохтмони метро шуруъ мегарданд.
Соли 2025 ба нақша гирифта шудааст, ки корҳои омодагӣ ба бунёди метро дар Тоҷикистон оғоз карда шаванд. Омодасозии асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ дар моҳҳои апрел - майи соли 2025 ба анҷом расонида мешавад ва тарҳрезии дақиқи сохтмони метро аллакай дар моҳҳои июн–июл шуруъ мегардад.
Аввалин шохаи метрои сабуки Душанбе аз канори ҷанубии шаҳр ба марказ, то маҳалли Сирки давлатӣ сохта мешавад, ки дарозии он 10,5 км хоҳад буд. Дар ин қитъа рельефи мувофиқ мавҷуд аст ва сохтмони хат дар ин масир бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин мекунад.
Моҳи марти соли 2022 Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Раиси ширкати миллии роҳи оҳани Ҷумҳурии Корея Ким Хан Ён Ёддошти тафоҳумро имзо карданд, ки дар он тарҳрезии метрополитен дар Душанбе зикр ёфтааст. Барномаи мақсадноки давлатии рушди маҷмааи нақлиётӣ то соли 2025, ки низ имконияти сохтмони метрополитен дар Тоҷикистонро пешбинӣ мекунад, соли 2011 қабул карда шуда буд.
Сифат дар мадди аввал гузошта мешавад
«Таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дар соли нав ба баланд бардоштани сифати корҳо дар тамоми самтҳои фаъолияти мо равона карда мешавад», - изҳор дошт Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим дар ҷаласаи назоратӣ дар вазорат 30 декабри соли 2024 ва илова намуд: «Ин супориши Сарвари давлат аст. Ва иҷрои он аз ҳар яки шумо талаб карда хоҳад шуд».
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ 28 декабри соли 2024 изҳор доштанд, бо таҷдиду навсозии роҳҳои автомобилгард дар 5 соли охир, тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, Тоҷикистон дар рейтинги ҷаҳонӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои сифати роҳҳо дар байни 165 кишвари мавриди тадқиқот қарордошта аз ҷои 50-ум ба ҷои 44-ум, яъне нисбат ба солҳои пешин 6 зина боло рафтааст.
Дар баробари ин, Сарвари давлат ба Вазорати нақлиёт супориш доданд, ки ҷиҳати татбиқи босифати лоиҳаҳои сармоягузорӣ, татбиқи саривақтии сохтмон ва навсозии роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ, ташаккули долонҳои транзитӣ ва нақлиётӣ ва инфрасохтори онҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.
Маблағгузорӣ ба соҳаи роҳу нақлиёт
5 декабри соли 2024 палатаи поёнии Парлумони кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» қабул кард.
Тибқи қонун, қисми даромади буҷети давлатӣ барои соли 2025 дар ҳаҷми 49,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.Ин нисбат ба соли 2024 ба андозаи 15,4 фоиз ё 6,6 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Қисми хароҷоти буҷет 51,6 млрд. сомониро ташкил хоҳад дод. Аз ин маблағҳо тақрибан 24 миллиард сомонӣ (зиёда аз 46% хароҷоти умумӣ) ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда мешавад.
Ҳаҷми маблағгузории хароҷоти буҷетӣ дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия дар соли 2025 2 млрд. 993 млн. 885 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин барои соли 2025 нишондиҳандаи нав барои ҳисобҳо (НҲ) 75 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Соли 2024 он ба 72 сомонӣ баробар буд.
Дар ин раванд зарур аст, ки то охири соли 2025 ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд.