Хабарҳо

Blog

Қадрдонӣ

Санаи нашр: 15-11-2021 Просмотрено: 408

    Санаи 15 ноябри соли 2021 дар ҷаласаи назоратии назди вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азим Иброҳим ба муовини вазир-Саидмуродзода Шоиста ва Қодиров Сайфулло-сардори Раёсати робитаҳои байналмиллалӣ барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай нишони ҷашни “20-солагии таъсисёбии Созмони Ҳамкорҳои Шанхай”-ро тақдим намуда, онҳоро аз номи кулли кормандон табрик намуд.
Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати «дарҳои кушод», ки ҳамчун ҷавҳари равобити байналмилалӣ маҳсуб меёбад, тавонистааст муносибатҳои нек ва ҳамкории судмандро дар соҳаҳои гуногун ба роҳ монад. Ҳамчунин, ба узвияти чанде аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шудааст, ки яке аз онҳо Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) мебошад.