Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ТАБРИКОТИ СОЛИНАВИИ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим

Санаи нашр: 31-12-2024 Просмотрено: 5764

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим кормандони соҳаи роҳу нақлиёти кишварро бо фарорасии Соли нави 2025 табрик намуд.  

Дар зер матни таманниёти солинавии Вазири ниқлиёти ҶТ оварда шудааст.

Кормандони шарафманди маҷмааи роҳу нақлиёт!

Ҳамаи Шумо ва дар симои шумо аҳли хонаводаатон ва тамоми мардуми кишвари азизамон Тоҷикистонро бо фарорасии Соли нави мелодии 2025 самимона табрик мегуям!   

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамасола имсол низ аксари вазифаҳои бар дӯш доштаашро сарбаландона ба ҷо оварда, нақшаву тадбирҳои дар асоси сиёсати бунёдкоронаву созандаи   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва тарҳрезишударо амалӣ намуд.

Соли 2024 - ро роҳдорону нақлиётчиёни кишвар бо комёбиҳои назаррас сипарӣ мекунанд. Дастоварди бузургтарин дар соли  2024 барои  ҳамаи мо - ин ташрифи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Вазорати нақлиёт ва оғоз бахшидан ба фаъолияти КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт», Маркази байналмилаии минтақавии дипломатияи нақлиётӣ» ва озмоишгоҳи КВД «Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ», инчунин ба истифода додани  роҳи мошингарди «Бохтар – Левакант – Данғара» ва оғоз бахшидан ба бунёди роҳои мошингарди «Данғара –  Гулистон» ва «Гулистон – Фархор» мебошанд.

Зиёд гардидани ҳаҷми боркашонӣ ва шумораи мусофирбарӣ нисбат ба соли гузашта, афзоиши ҳиссаи Вазорати нақлиёт дар Маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварамон, баргузории конфронсу мулоқотҳои сатҳи байналмилалӣ низ аз зумраи дастовардҳои сол мебошанд, ки тавассути азму талоши шумо ба даст омадаанд ва  мо инро қадр мекунем.  

Умедворам, ки дар соли нав мо дар татбиқи барномаву ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Президенти  кишварамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолона иштирок карда, ба нафъи Ватани азизамон фидокорона заҳмат мекашем ва аз дастовардҳои муштараки худ  борҳо шод мегардем.

Бо чунин ниятҳои нек Соли нави мелодиро бори дигар ба ҳар кадоми шумо, ба аҳли хонавода ва пайвандонатон табрик гуфта, бароятон саодати зиндагӣ ва хушбахтиву комгорӣ орзу мекунам.

Бигузор Соли нави мелодӣ шодиву фараҳ, осудагию ободии бештари  кишварамон  ва музаффариятҳои навро барои ҳар яки мо бо худ дастовез орад.

Соли нави мелодӣ муборак, ҳамкасбони азиз!