Дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ, ки 12 декабри соли 2024 дар Маскав баргузор гардид, масъалаи ҳамкории давлатҳои Иттиҳод дар самти таҷдиди рақамии маҷмааи нақлиётӣ баррасӣ карда шуд. Пас аз музокирот Ёддошти тафоҳуми дахлдор ба имзо расид, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Рақамикунонии нақлиёт ба туфайли имкониятҳои худ ҷиҳати боло бурдани самаранокӣ ва эътимоднокии нақлиёт, коҳиш додани хароҷоти молиявӣ ва сарфи вақт торафт бештар ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад.
Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти таҷдиди рақамии маҷмааи нақлиётӣ аз ҷониби Шӯрои иттилоотонӣ дар нақлиёти Машварати ҳамоҳангсозии нақлиётии давлатҳои иштирокчии ИДМ дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ИДМ таҳия шудааст.
Ба ақидаи таҳиягарон, дар ҷаҳони муосир таҷдиди рақамии маҷмааи нақлиётӣ дар навсозӣ ва ҳамгироии системаҳои нақлиётӣ нақши муҳим мебозад. Татбиқи технологияҳои пешрафтаи рақамӣ имкон медиҳад, ки самаранокӣ ва эътимоднокии инфрасохтори нақлиётӣ тавассути суръат бахшидани боркашонӣ ва беҳтар кардани хизматрасониҳои мусофирбарӣ баланд бардошта шавад.
Таҷдиди рақамии соҳаи нақлиёт дар доираи ИДМ аҳамияти махсус пайдо мекунад, зеро он ба ташкили фазои умумии нақлиёт мусоидат намуда, ҳамкории иқтисодӣ ва робитаи байни давлатҳои Иттиҳодро тақвият медиҳад. Ин дигаргуниҳо шаффофияти равандҳои логистикиро таъмин мекунанд, сатҳи бехатариро баланд мебардоранд ва системаҳои нақлиёти миллиро ба мушкилоти муосир тобовартар месозанд.
Ёддошти тафоҳум ба густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи табдили рақамии маҷмааи нақлиётии давлатҳои ИДМ ва, қабл аз ҳама, ба фароҳам овардани шароити зарурӣ ва кофӣ барои дигаргуниҳои институтсионалӣ бо мақсади бунёди инфрасохтори рақамии нақлиётӣ равона шудааст.
Тибқи муқаррароти санади мазкур, ҳамкории ҳукуматҳои давлатҳои иштирокчии ИДМ ба мусоидат ба таъмини соҳибихтиёрии рақамӣ тавассути эҷод, татбиқ ва рушди платформаҳо ва қарорҳои рақамӣ, талош барои ташкили инфрасохтори муосири иттилоотии маҷмааи нақлиётии давлатҳои Иттиҳод, мусоидат ба ташаккули робитаҳои мутақобилан судманди кооперативӣ, ба рушди фазои иттилоотӣ дар соҳаи нақлиёт нигаронида шудааст.
Дар ҷаласа Сарвазири Русия Михаил Мишустин ёдовар шуд, ки дар соҳаи нақлиёт нақшаи тадбирҳо оид ба рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ амалӣ мегардад, системаи муосири васеи марказҳои логистикии мултимодалӣ, терминалҳо таъсис дода мешаванд. «Татбиқи Ёддошти имрӯз қабулшуда оид ба табдили рақамии маҷмааи нақлиётии Иттиҳод имкон медиҳад, ки ин бахш воқеан инноватсионӣ, технологӣ ва муосир гардад», — таъкид кард ӯ.
Тоҷикистон ҷонибдори барҳам додани маҳдудиятҳо дар тиҷорати мутақобилаи байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад. Дар ин бора Сарвазири Тоҷикистон Кохир Расулзода зимни суханронӣ дар ҷаласа изҳор дошт. «Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки соли 2025 раёсати мақомоти Иттиҳод ба зиммаш мегузарад, барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ дар фазои ИДМ талошҳои зиёд ба харҷ хоҳад дод», - гуфт Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар Форуми «Ҳафтаи нақлиётӣ», ки охири моҳи ноябр дар Маскав баргузор шуд, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба бунёди долонҳои устувори нақлиётӣ, аз ҷумла миёни Осиёи Марказӣ ва Русия аҳамияти калон медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, шоҳроҳҳо ва инфрасохтори сохташаванда минтақаро ба маркази транзитӣ табдил медиҳанд.
«Ҳадафи Тоҷикистон пурра ворид намудани низоми нақлиётии кишвар ба низоми нақлиётии ҷаҳонӣ, рушди хизматрасониҳои нақлиётии байнимодалӣ ва мултимодалии фаромарзӣ мебошад. Кӯшишҳо ба рушди долони “Чин-Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия” равона шудаанд», - гуфт ӯ.