Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 таҳти № 668, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, ташаккули низоми устувори муносибатҳои ҳуқуқӣ, соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шудааст.
Тавассути маводҳо дар ин бахши сомона мо тасмим гирифтаем, ки на танҳо дониши ҳуқуқии кормандони соҳаро баланд бардорем, балки муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба соҳаро ба ҳамаи истифодабарандагони роҳу нақлиёт фаҳмонем.
Полиси суғурта доштан ҳатмист
Баъзе ронандагони воситаҳои нақлиёт ба мо занг мезананд ё ба қабулгоҳи электронии вазорат муроҷиат мекунанд ва мепурсанд, ки оё ҳангоми манъ кардани мошин аз ҷониби нозири БДА барои тафтиши ҳуҷҷатҳо бо худ доштани полиси суғурта ҳатмист?
Бале, албатта, тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» аз 17 майи соли 2018, нозири БДА метавонад ҳуҷҷатҳои зеринро санҷад: ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти ронанда ва мусофирон, ҳуҷҷатҳои мошин ва бор, ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи истифода ва идоракунии мошин, рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА), рақами бордон, рақами шассии воситаи нақлиёт, рақами бақайдгирии давлатии воситаи нақлиёт, полиси суғурта, талони муоинаи техникӣ, инчунин, тибқи тағйиру иловаҳои имсол ба Қонуни ҶТ «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» воридшуда - талон дар бораи пардохт барои утилизатсия.
Мутобиқи Кодекси ҶТ«Дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ» аз 31 декабри соли 2008, идоракунии воситаи нақлиёт аз ҷониби ронандае, ки ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дар даст надорад, аз ҷумла, агар ҳуҷҷатҳои зикршуда гум ё дуздида шуда бошанд ва ё мӯҳлати амалашон гузашта бошад, боиси огоҳӣ мегардад. Ҳамин амалҳо агар дар давоми як соли пас аз татбиқи чораҳои ҷазои маъмурӣ такрор карда шаванд, боиси ҷарима дар ҳаҷми аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо мегарданд.
Тавре мебинем, барои ронанда бо худ доштани полиси суғурта ҳатмист.
Қонун чӣ мегӯяд?
Чор сол пеш дар Тоҷикистон Қонун «Дар бораи суғуртаи ҳатмии масъулияти гражданӣ-ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» аз 7 августи соли 2020 таҳти рақами 1719 қабул шуда буд. Он аз 1 январи соли 2021 эътибор пайдо кард.
Қонун суғуртаи ҳатмии воситаҳои нақлиёт, меъёрҳои суғурта, ҳадди аксари ҷуброни зарар, ҳуқуқи шахсони суғурташуда ва масъулияти ширкатҳои суғуртаро дар кишвар танзим менамояд.
Дар ҷумҳурии мо суғуртаи ҳатмии воситаҳои нақлиёт то қабули ин қонун низ вуҷуд дошт. Соли 1996 Ҳукумати ҶТ қарор «Дар бораи суғуртаи ҳатмии давлатии масъулияти гражданӣ-ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» - ро қабул кард. Аммо дар он тавсифи муфассали ҳолатҳои суғурта, маълумот дар бораи тарифҳо ва маблағи ҷубронпулӣ мавҷуд набуд. Барои таъин кардани тарифҳо ва андозаи ҷубронпулӣ Ҳукумати кишвар ҳар сол замимаи алоҳидаи ин қарорро тасдиқ мекард.
Ғайр аз ин, ҳуҷҷат ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои суғуртакунанда ва суғурташавандаро шарҳ намедод. Гарчанде ки суғуртаи ҳатмӣ вуҷуд дошт, аммо пардохтҳои ҳатмӣ пешбинӣ нашуда буданд.
Қонуни нав дар баробари суғурта пардохтро низ ҳатмӣ гардонид. Қонун ширкатҳои суғуртавиро вазифадор мекунад, ки дар сурати зарар расонидан ба молу мулк ва саломатии дигарон маблағи пурраи суғуртаро пардохт намоянд.
Яъне, ҷуброни зарар танҳо дар сурате сурат мегирад, ки ронандаи мошини суғурташуда дар садама гунаҳкор бошад. Дар сурати садама бо иштироки ду тараф, ҷуброн ба тарафе дода мешавад, ки зарар дидааст, аммо гунаҳкор нест.
Ин барои чӣ лозим аст?
Ҳамасола даҳҳо мошин дар Тоҷикистон ба садамаҳои нақлиётӣ дучор шуда, корношоям мегарданд, вале маълум мешавад, ки на ҳамаи ронандагон полиси суғурта доранд. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки ин сарфи беҳудаи вақт ва маблағ аст. Аммо чунин ақида беасос аст.
Дар сурати рух додани ҳодисаи суғуртавӣ (садамае, ки дар он соҳиби полис гунаҳкор аст) зарари ҷабрдидагонро ширкати суғуртавӣ ҷуброн мекунад. Яъне, агар шумо ба мошини каси дигар осеб расонида бошед ё бо айби шумо дар садамаи автомобилӣ шахс зарари ҷисмонӣ дида бошад, таъмири мошин аз ҷониби ширкате, ки ба шумо полиси суғурта додааст, пардохт карда мешавад. Ҳамзамон ширкат ба ҷабрдидагон маблағи зарари ба саломатиашон расидаро ҷуброн мекунад. Агар ронандаи дигар ба мошини шумо осеб расонида боад, ширкат маблағро барои таъмири он пардохт менамояд.
Ба ибораи дигар, полиси суғурта барои он лозим аст, ки масъулияти ҳар як ронандаро дар назди атрофиён кафолат диҳад. Шаҳрвандон на ҳамеша имкони ҷуброни зарар ба иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро доранд. Аз ин сабаб, полиси суғурта барои ҳар як ронанда ҳуҷҷати ҳатмӣ ҳисобида мешавад ва бе он ба роҳҳо баромадан манъ аст.
Арзиши суғурта чанд аст?
Арзиши суғуртаи ҳатмӣ аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар карда шудааст.
Аз ҷумла, маблағи суғуртавӣ (ё саҳми суғуртавӣ) барои мошинҳои сабукрав ва микроавтобусҳо, тракторҳо ва дигар мошинҳои худгард дар ҳаҷми ду нишондиҳанда муқаррар карда шудааст (аз 1 январи соли 2024 як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба 72 сомонӣ барбар аст).
Суғуртаи автобусҳо, троллейбусҳо, нақлиёти боркаш дар ҳаҷми се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва мотосиклҳо як нишондиҳанда муқаррар карда шудааст.
Қонун барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаршуда, иштирокчиёни бартарафсозии оқибатҳои садама дар неругоҳи атомии Чернобил, маъюбони гурӯҳҳои I ва II имтиёзҳо пешбинӣ кардааст. Чунин шахсон нисфи музди муқарраршударо пардохт мекунанд.
Инчунин, ба соҳибони нақлиёти автомобилӣ, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намекунанд, бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда имтиёзҳо дода мешаванд.
Масалан, агар ронанда дар давоми 5-10 сол қоидаҳоро вайрон накарда бошад, арзиши суғурта 5 фоиз, аз 10 то 15 сол – 10 фоиз, аз 15 то 20 сол – 15 фоиз ва аз 20 сол ва зиёда аз он – 20 фоиз коҳиш меёбад.
Маблағи максималии (ҳадди аксари) пардохти суғуртавӣ дар ҳаҷми 818 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (58 896 сомонӣ) муқаррар карда шудааст.
Ҳолатҳое, ки боиси марг ё зарар ба саломатӣ гардидаанд, аз ҷониби суғуртакунанда дар ҳаҷми 545 нишондиҳанда барои ҳисоббаробаркунӣ (39 240 сомонӣ) ва зарари молу мулкӣ дар ҳаҷми 237 нишондиҳанда барои ҳисоббаробаркунӣ (17 064 сомонӣ) ҷуброн карда мешавад
Қонун мегӯяд, ки истифодаи воситаи нақлиёт бидуни бастани шартномаи суғурта иҷозат дода намешавад. Ҳуқуқи интихоби ширкати суғуртакунанда тибқи қонун ба соҳиби мошин вогузор карда мешавад.
***
Бори дигар такрор мекунем: соҳиби ҳама гуна воситаи нақлиёт бояд донад, ки бидуни полиси суғурта кор кардан мумкин нест. Ин, мисли шаҳодатномаи ронандагӣ, як ҳуҷҷати зарурӣ барои ҳар як ронанда аст!
Агар шумо оид ба мавзӯъҳои дигари соҳаи роҳу нақлиёт саволе дошта бошед, метавонед онро тавассути қабулгоҳи электронии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи: qabulgoh@mintrans.tj ба мо расонед.