Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.
ДАР ТОҶИКИСТОН
Аз 23 ноябр то 3 декабр дар Тоҷикистон амалиёти «Муоинаи техникӣ» гузаронида шуд, хабар дод Вазорати корҳои дохилии ҶТ. Дар натиҷаи амалиёт 8 ҳазору 21 қонуншиканӣ ошкор шудааст.
Ҳамаи қонуншиканиҳо ба моддаи 315 (Идоракунии воситаи нақлиёт бе муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ ва суғуртаи ҳатмӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ рабт доранд. Ин маънои онро дорад, ки ронандагон мошинҳоро бидуни муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ идора мекарданд.
Барои ҳар як қонуншиканӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ронандагон ҳар кадоми онҳо ба 3 нишондиҳанда барои ҳисоб (НБҲ) ё 216 сомонӣ (як НБҲ 72 сомониро ташкил медиҳад) ҷарима карда шуданд.
«Илова бар ин, рақамҳои давлатии мошинҳо пеш аз бартараф кардани камбудиҳо ва гузаштан аз муоина гирифта шуданд. Пас аз пардохти ҷарима ва муоинаи ҳатмии техникӣ ба соҳибони мошинҳо рақамҳои монинҳояшон бапргардонида мешаванд», гуфтанд дар БДА.
Мақсади гузаронидани амалиёти «Муоинаи техникӣ» пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт, бартараф кардани норасоиҳои техникӣ ва дар ҳолати зарурии техникӣ нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёт мебошад.
***
Дар Душанбе роҳбарони идораҳои роҳи оҳани ИДМ ҷамъ меоянд. Ҷаласаи 82-юми Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил охири моҳи май – аввали июни соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин бора дар протоколи ҷаласаи 81-уми Шӯро, ки 5-6 ноябри соли 2024 дар Тошканд баргузор гардид, зикр карда шудааст.
Дар он роҳбарони маъмурияти роҳи оҳани Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Афғонистон, Гурҷистон, Эрон, Латвия ва Эстония иштирок карданд.
***
Намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе имкониятҳои гузариш ба «иқтисоди сабз» - ро баррасӣ намуданд. 26-28 ноябри соли 2024 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми серӯзаи иқтисодии СПЕКА (Барномаи махсуси иқтисодии СММ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон) бахшида ба масъалаҳои рушди устувор ва «иқтисоди сабз» баргузор гардид.
Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба «рушди сабз», истифодаи самараноки захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва кам кардани оқибатҳои он, истифодаи нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тоза, татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, содда кардани расмиёти савдо дар минтақа баррасӣ шуданд.
***
Дар Тоҷикистон Ситоди рақамикунонии хизматрасониҳо ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ таъсис дода шуд. Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва ҷорӣ намудани системаҳои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ба кор шурӯъ мекунад. Қарор дар бораи таъсиси он дар пойгоҳи иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст.
Ситод ба ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот дар бораи рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва рушди пардохтҳои ғайринақдӣ машғул хоҳад шуд. Ҳама вазоратҳо, идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳо вазифадоранд, ки то 5-уми ҳар моҳ дар бораи пешрафт дар ин самт маълумоти ҳамаҷониба пешниҳод кунанд.
***
Намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе имкониятҳои гузариш ба «иқтисоди сабз» - ро баррасӣ карданд. 26-28 ноябри соли 2024 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми серӯзаи ицтисодии СПЕКА (барномаи махсуси иқтисодии СММ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон) бахшида ба масъалаҳои рушди устувор ва «иқтисоди сабз» баргузор гардид.
Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба рушди сабз, истифодаи самараноки захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва кам кардани оқибатҳои он, истифодаи нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тоза, татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, содда кардани расмиёти савдо дар минтақа баррасӣ шуданд.
***
Соҳибони скутерҳо бояд воситаи нақлиёти худро ба қайд гиранд ва рақами давлатӣ гиранд. Тавре харгузории «Азия-Плюс» бо истинод ба БДА-и шаҳри Душанбе хабар додааст, иловаҳои дахлдор аллакай ба «Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои нақлиёти механикӣ ва притсепҳо» ворид карда шудаанд.
Сабаби на танҳо садамаҳои нақлиетӣ, ки аксар вақт бо айби ронандагони скутерҳо дар натиҷаи нақзи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ рух медиҳанд, балки дар он аст, ки воситаҳои нақлиёт дар кишвар бояд сабти ном карда шаванд, шарҳ додаанд дар БДА.
Скутерҳоро дар ҳолате ба қайд гирифтан лозим аст, ки суръати ҳаракати онҳо аз 40 км/соат зиёд бошад ва ҳаҷми муҳаррикашон 50 кубро ташкил диҳад.
***
Дар Душанбе дар баъзе истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ лавҳаҳои (тоблуҳои) электронӣ насб карда шуданд. Онҳо рақамҳои масири нақлиёти ҷамъиятӣ ва вақти расидани онҳоро нишон медиҳанд.
КВД «Шаҳри ҳушманд» хабар дод, ки лавҳаҳои электронӣ дар доираи лоиҳаи «Системаи электронии идоракунии нақлиёти ҷамъиятӣ» насб карда шудаанд. Онҳо ба мусофирон кӯмак мекунанд, то ки ҳаракати нақлиётро беҳтар пайгирӣ кунанд ва сафарҳои худро дар асоси маълумоти дақиқ ба нақша гиранд.
***
Бонки Осиёии рушд (БОР) Ко Сакамоторо Намояндаи нави доимии худ дар Тоҷикистон таъин кард. Сакамото шаҳрванди Ҷопон буда, фаъолияти худро ба ҳайси роҳбари нави Намояндагии доимии БОР дар Тоҷикистон дар аввали соли 2025 оғоз хоҳад кард.
Сакамото 18 сол таҷрибаи кор дар созмонҳои байналмилалиро дорад, аз ҷумла 13 сол дар БОР кор карда, мавқеъҳои гуногуни калидӣ, аз ҷумла роҳбарии департаменти трансформатсия ва сарпарастии бахши ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт дар Осиеи Марказӣ ва Ғарбиро ба зимма доштааст.
Мавриди зикр аст, ки Бонки Осиёии Рушд (БОР) аз соли 1998 бо Тоҷикистон ҳамкорӣ карда, доираи васеи соҳаҳои муҳими стратегии кишварамон, аз ҷумла соҳаи роҳу нақлиётро дастгирӣ менамояд.
Ба ҳолати то 31 декабри соли 2023 БОР ба Тоҷикистон 158 адад қарз, грант ва кӯмаки техникӣ дар бахши давлатӣ ба маблағи умумии 2,4 миллиард доллар пешниҳод кардааст.
Ҳамкории байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва БОР соли 2000 оғоз гардида, аз он вақт инҷониб бо кӯмаки ин Бонк дар Тоҷикистон 12 лоиҳаи нақлиётӣ ба маблағи умумии 434,4 миллион доллар амалӣ гардидааст. Тавассути дастгирии молиявии БОР марҳилаи якум ва дуюми лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди байналмилалии «Душанбе — Бохтар» бо дарозии умумии зиёда аз 75 километр амалӣ карда шуд, ки онро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 октябри соли 2021 дар вазъияти тантанавӣ ба истифода доданд.
ДАР МИНТАҚА
Аз Тошканд ба Хоҷиканд (шаҳрча дар тумани Бостонлиқи вилояти Тошканди Узбекистон) қатораи нави баландсуръати барқӣ ба ҳаракат даромад. 3 декабри соли 2024 дар самти «Тошканд-Хоҷиканд-Тошканд» қатораи нави баландсуръати наздишаҳрии ЭП3Д, истеҳсоли Русия ба кор сар кард. Он барои зиёда аз 1000 нафар мусофир пешбинӣ шудааст.
Шаш вагон бо иаҷҳизоти назорати иқлим, Wi-Fi ва ҷойҳои интиқоли велосипедҳо муҷаҳҳаз карда шудаанд.
То соли 2030 шумораи чунин қатораҳо ба 30 адад расонида мешавад. Дар оянда шумораи истгоҳҳо метавонад зиёд карда шавад.
***
Дар Узбекистон то соли 2032 роҳи пулакии «Ташканд — Андиҷон» сохта мешавад. Арзиши лоиҳа аз рӯи арзиши номиналии соли гузашта 4,28 миллиард доллари ИМА арзёбӣ мешавад, хабар медиҳад «Economist».
Ба гуфтаи муовини Вазири нақлиёти Узбекистон Ҷасурбек Чориев, аз 314 км масир 64%-ро роҳи нав ва 36%-ро роҳи таҷдидшуда ташкил хоҳад дод. Роҳ ба категорияи I-a (автомагистрал) дохил карда мешавад ва шаш хатро дар бар мегирад.
Интизор меравад, ки шоҳроҳи нав вақти сафарро байни Тошканд ва Андиҷон 2 соату 14 дақиқа кам кунад.
Дар роҳ сохтани 102 адад иншоот, аз ҷумла 10 нақб бо дарозии умумии 33 км, ки тӯлонитарини онҳо 6.79 км хоҳад буд, ба нақша гирифта шудааст. Дарозии умумии пулҳои фаръӣ 1122 метрро ташкил медиҳад.
***
Дар Узбекистон назорати вазн ва андозаи нақлиёт ба бахши хусусӣ супорида мешавад. Қарори Девони вазирони кишвар «Дар бораи тадбирҳои такмили тартиби ҳаракати воситаҳои нақлиёти калонҳаҷм ва борашон вазнин дар роҳҳои автомобилгард» аз 28.10.2024 таҳти № 710 қабул карда шудааст, хабар медиҳад «Yuz.uz».
Тибқи ҳуҷҷат:
-дар роҳҳои автомобилгард нуқтаҳои статсионарӣ ва сайёр (ҳаракаткунанда) бо воситаҳои муосири ченкунии параметрҳои вазн ва андоза насб карда, ба ин кор бахши хусусӣ ҷалб карда мешавад;
- ин нуқтаҳо ба субъектҳои соҳибкорӣ барои 20 сол тавассути музояда бо ҳуқуқи интиқоли минбаъда ба шахсони сеюм ба иҷора дода мешаванд.
***
Роҳи алтернативии «Шимол-Ҷануб» дар Қирғизистон 95 дарсад омода шудааст. Ин роҳ минтақаҳои ҷумҳуриро, ки аз ҳамдигар бо қаторкӯҳҳои Фарғона ҷудо шудаанд, бо ҳам мепайвандад ва баҳори соли 2025 ба истифода дода мешавад. Дар ин бора «Российская газета» хабар додааст.
Корҳои сохтмонӣ қариб ба анҷом расидаанд, аммо коршиносон бар ин назаранд, ки ҳаракат дар он бо фарорасии гармӣ ба роҳ монда мешавад, то ронандагон зери хатар намонанд. Дар ин бора муовини Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҶҚ Талантбек Солтобаев изҳор доштааст.
ДАР ҶАҲОН
Дар Литва системаи нави бақайдгирии пешакии ҳамаи мошинҳои боркаш, ки аз сарҳади берунии Иттиҳоди Аврупо мегузаранд, ба ҳукми иҷро даромад. Қоидаи нав аз 1 декабри соли 2024 амал мекунад, хабар медиҳад Иттифоқи интиқолдиҳандагони Литва (LVS).
Мақомоти кишвар мегӯянд, ки ин тадбир ба ташкили самараноки ҳаракат ва беҳтар кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар марз кӯмак хоҳад кард.
Мошинҳои боркаш бояд дар EVIS пешакӣ тавассути интернет дар сомонаҳои www.ltborder.lt ва www.ltsiena.lt ё ҳангоми расидан ба майдончаи таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиёт, ки интизори навбати вуруд ба гузаргоҳ аз сарҳади давлатӣ мебошанд, сабти ном шаванд.
Намудҳои бақайдгирӣ чунинанд:
- бақайдгирии пешакӣ барои вақти мушаххас: ҳангоми бақайдгирӣ ронандагон бояд вақти муносиби убури сарҳадро интихоб кунанд;
- бақайдгирии пешакии воситаҳои нақлиёти боркаш, ки бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Литва ҳуқуқ доранд сарҳади давлатии ин кишварро бе навбат убур кунанд;
- бақайдгирӣ ҳангоми расидан ба майдони интизории воситаҳои нақлиёт: бақайдгирӣ дар EVIS дар вақти холии наздик.
Нархи бақайдгирӣ дар EVIS ва мондани мошин дар таваққуфгоҳи интизории воситаҳои нақлиёт тағйир намеёбад (бақайдгирӣ: 5 евро, хизматрасонии таваққуфгоҳ: 1 соат ройгон, рӯзи оянда: 12 евро).
***
Дар Беларус ба нақша гирифта шудааст, ки дар тӯли 10 сол нақлиёти мусофирбар пурра нав карда шавад. Дар ин бора сардори идораи нақлиёти мусофиркашонии автомобилӣ ва шаҳрии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Беларус Андрей Гладкий хабар дод, менависад нашрияи «Аргументы и факты».
Дар соли 2024 хариди тақрибан 600 автобус ба нақша гирифта шудааст, ки 500 адади онҳо аллакай дастрас гардидаанд.Инчунин автобусҳои барқӣ, троллейбусҳо, трамвайҳо харидорӣ карда мешаванд.
***
Вазорати нақлиёти Русия пешниҳод мекунад, ки ҷарима барои пардохт накардани истифода аз роҳҳои пулакӣ якчанд маротиба зиёд карда шавад. Лоиҳаи қонуни дахлдор бо ворид кардани ислоҳот ба Кодекси ҳуқуқвайрокунии маъмурии Федератсияи Русия дар пойгоҳи федералии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷойгир карда шудааст.
Мувофиқи ҳуҷҷат, пешниҳод карда мешавад, ки ҷарима барои пардохт накардани роҳкиро дар роҳҳои пулакии федералӣ аз 1,5 то 10 ҳазор рубл барои мошинҳои сабукрав, аз 5 то 30 ҳазор рубл барои автобусҳо ва мошинҳои боркаш зиёд карда, инчунин барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ 50 ҳазор рубл ҷарима ҷорӣ карда шавад.
***
Қазоқистон «асфалти гарм» - ро барои роҳҳои зимистона озмоиш мекунад. Институти илмӣ-тадқиқотии роҳҳои Қазоқистон тасмим гирифтааст, ки озмоиши технологияи «асфалти гарм» - ро дар роҳҳои ҷумҳуриявӣ оғоз кунад. Технология бояд имкониятҳои сохтмони роҳро дар фасли сарди сол, ки махсусан барои минтақаҳои шимолии Қазоқистон муҳим аст, васеъ намояд. Дар ин бора нашрияи «Tengri» хабар медиҳад.
Мувофиқи стандартҳо, ҳарорати гузоштани омехтаи асфалтбетонӣ бояд на камтар аз 125-130 дараҷа бошад ва корҳо дар ҳарорати ҳавои на камтар аз +5 дараҷа гузаронида мешаванд.
Коршиносон ваъда медиҳанд, ки асфалти нав хароҷоти энергияро коҳиш медиҳад ва аз ҷиҳати экологӣ тозатар аст.
***
Дар Қазоқистон ба Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ тағйироти нав ворид карда шуд. 4 декабри соли 2024 ислоҳот ба баъзе қоидаҳои ташкили ҳаракат дар роҳ эътибор пайдо кард, менависад Zakon.kz. Ҷаримаҳо барои вайрон кардани суръати ҳаракат (аз ҷумла, суръати миёна) зиёд карда, шахсони дар ҳолати мастӣ дастгиршуда то 7 сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум карда мешаванд, аммо ронандагон барои рондани мошин бидуни фурӯзон кардани чароғ дар рӯз ҷарима карда намешаванд.
Пеш аз ин, барои фурӯзон накардани чароғ ҳангоми ҳаракат дар вақти рӯзона бо салоҳдиди нозир огоҳӣ ё ҷарима дар ҳаҷми се нишондиҳанда барои ҳисоб (НБҲ) пешбинӣ карда мешуд.
Ин номуайяниро танҳо бо огоҳӣ бартараф мекунанд. Зеро ҳар гуна чунин номуайянӣ дар қонун сабаби амалҳои коррупсионӣ мегардад. Умуман, ҳоло, агар ронанда рӯзона фурӯзон кардани чароғҳои паст ё чароғҳо барои туманро фаромӯш кунад, метавонад аз ҷарима натарсад. Аммо танҳо барои бори аввал: барои такроран вайрон кардани ин қоида дар давоми сол ҷарима дар ҳаҷми 5 НБҲ боқӣ мемонад.
***
Хадамоти интеллектуалӣ барои даъват кардани автобусҳо. Дар шаҳри Чжучжоу, ки дар қисми марказии Чин ҷойгир аст, хадамоти даъвати автобус бо системаи навигатсионии муосир ва дигар технологияҳо таъсис ёфт. Ба гуфтаи намояндагони ширкат, автобусҳо метавонанд дар шоҳроҳҳои танг бе хатсайрҳо ва истгоҳҳои муқарраршуда ҳаракат кунанд, хабар медиҳад агентии миллии иттилоотии Чин «Синьхуа» ("Xinhua").
Бо пардохти ҳамагӣ 2 юан (тақрибан 3 сомони) сокинон метавонанд зуд автобусро тавассути телефон фармоиш диҳанд ва хидматро дар тӯли 5-10 дақиқа истифода баранд ва яке аз 100 «истгоҳҳои виртуалии автобус» - ро интихоб кунанд.
***
Дар Дубай трамвайҳои берелс ба кор дароварда мешаванд. Идораи роҳҳо ва нақлиёти Дубай системаи нави дорои технологияи баланди нақлиёти барқии мустақилро дар ҳашт ноҳияи аморат ҷорӣ мекунад.Дар ин бора нашрияи «Аморати Русия» хабар дод.
Сухан дар бораи ба кор андохтани трамвайҳои бидуни релс меравад – системаи нақлиёти барқии автономӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза. Трамвайҳои худгард бо истифода аз сенсорҳо барои шинохтани хатҳои ҷудошуда дар роҳҳои виртуалӣ ҳаракат мекунанд.
***
Дар роҳҳои автомобилгарди Озарбойҷон 6 тарозуи электронӣ насб карда шудаанд, ки шумораи онҳо то 51 адад расонида мешавад. Маркази ягонаи электронии мониторинги вазн, ки аз ҷониби Агентии нақлиёти заминӣ (AYNA) таъсис дода шудааст, барои назорати риояи параметрҳои иҷозатдодашудаи вазну андоза ба воситаҳои нақлиёти калонҳаҷм ва вазнин пешбинӣ шудааст. Дар ин бора «Report» хабар медиҳад.
Марказ маълумоти аз тарозуи электронӣ гирифташударо бо тартиби пешбининамудаи қонун ҷамъоварӣ, коркард ва истифода мебарад. Марказ ба системаи иттилоотии Сарраёсати полиси давлатии роҳҳои Вазорати корҳои дохилии кишвар ворид карда шудааст, ки ба ошкор кардани вайронкунии қонун аз ҷониби воситаҳои нақлиёти калонҳаҷм имкон медиҳад.
***
Дар Русия рондани мотороллерҳои барқӣ дар пиёдагардҳо манъ карда мешавад. Дар он ҷо ба нақша гирифта шудааст, ки аз соли 2031 ҳаракат бо мотороллерҳои барқӣ дар роҳравҳо манъ карда шавад. Дар ин бора «Известия» бо истинод ба протоколи машваратии Вазорати нақлиёт бо идораҳо оид ба муҳокимаи танзими нав барои ин намуди нақлиёт хабар дод.
Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки тӯли ҳафт соли оянда Вазорати сохтмон ва мақомоти маҳаллӣ бояд берун аз роҳҳои пиёдагард инфрасохтори ҳаракат бо ВҲИ (воситаҳои ҳаракати инфиродӣ, ки ба онҳо скутерҳои барқӣ, скейтбордҳои барқӣ, гироскутерҳо ва ғайра дохил мешаванд)-ро ташкил кунанд. Пешниҳодҳо аллакай то моҳи апрели соли 2025 бо назардошти фикри соҳаи тиҷорат омода карда мешаванд.
***
Дар иёлати Сараваки Малайзия истифодаи автобусҳои бо сӯзишвории водородӣ коркунанда бо назардошти манфиати автобусҳои барқӣ аз нав дида баромада мешавад.Ҳукумати иёлати Саравак пешниҳоди истифодаи автобусҳои бо сӯзишвории водородӣ коркунандаро ҳамчун намуди асосии нақлиёт барои системаи нақлиёти мустақили баландсуръат баррасӣ мекунад, хабар медиҳад нашрияи «Paultan».
«Сабаби асосӣ дар он аст, ки истифодаи автобусҳои сӯзишвории гидроген нисбат ба автобусҳои барқӣ чандин маротиба гаронтар аст», - гуфт роҳбарияти ҳукумати Саравак ҳангоми муҳокимаи буҷаи иёлот барои соли 2025.
***
Миллиардери амрикоӣ Илон Маск бовар дорад, ки қариб ҳамаи мошинҳо дар оянда барқӣ ва бидуни ронанда хоҳанд буд. Ӯ изҳор дошт, ки дар оянда тақрибан ҳамаи мошинҳо барқӣ ва худгард хоҳанд буд ва мошинҳои имрӯза бо муҳаррики дарунсӯз, ба монанди аспсаворӣ, камёб мешаванд. Дар ин бора ТАСС 11 декабр хабар дод.
«Дар оянда 99% мошинҳо барқӣ ва мустақил хоҳанд буд. Мошинҳои дорои муҳаррики бензин ба аспсаворӣ ва истифодаи телефони қатшаванда монанд хоҳанд буд», - навиштааст Маск. Вай қаблан изҳор дошт, ки тамоми нақлиёт, ба истиснои мушакҳои кайҳонӣ, дар оянда бо барқ кор хоҳанд кард.