Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамлу нақли транзитии борҳои хатарнок тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 2021, №537 тасдиқ гардид.
Бо мақсади дастгирӣ, густариш ва таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳо ҳарду давлат рағбат доранд, ки чораҳо ва тартиби заруриро барои ташкили ҳамлу нақли транзитии борҳои хатарноки Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон муқаррар намоянд.