30 ноябр Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо роҳбарони ширкату корхонаҳои нақлиётии кишвар мулоқоти корӣ доир кард.
Дар мулоқот муовини Вазири нақлиёт-сарпарасти самти дахлдор Шоиста Саидмуродзода, муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ Мирзовалӣ Сафармаҳмадзода, муовини аввали Раиси ВМКБ Шарифхон Сафарзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлон ва Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин роҳбарони сохторҳои дахлдори вазорат ва муассисаҳои тобеи он иштирок намуданд.
Ширкаткунандагон масъалаҳои мубрами вобаста ба ташкили кори ширкату корхонаҳои нақлиётӣ оид ба ҳамлу нақли бор ва мусофиронро баррасӣ карданд.
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ нақши махсуси соҳаи нақлиёт ва логистикаро дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон зикр намуд. Ба гуфтаи ӯ, ин соҳа барои ривоҷи ҳамкории минтақаҳо дар дохили кишвар ва густариши муносибатҳо бо давлатҳои хориҷӣ аҳамияти муҳим дорад.
«Долонҳои байналмилалии нақлиётӣ на танҳо дар рушди шабакаи нақлётӣ байни давлатҳо нақши калидӣ мебозанд ва ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ташаккули робитаҳои нави иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангии байни кишварҳо мусоидат мекунанд, инчунин ба рушди истеҳсолӣ ва иҷтимоию иқтисодии шаҳру деҳоти мо такони ҷиддӣ мебахшанд», - иброз дошт ӯ.
Вазир иттилоъ дод, ки айни замон дар соҳаи нақлиёти автомобилии кишвар 211 корхона ва ҷамъиятҳое, ки бо иҷозатнома кор мекунанд, ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин шумора 64 адад боркашонӣ ва 70 ададашон мусофиркашонӣ мекунанд. Илова бар ин, 76 корхона ва ҷамъиятҳои нақлиётӣ фаъолияти худро дар шакли омехта амалӣ месозанд.
Мавриди зикр аст, ки шумораи умумии ширкатҳои нақлиётӣ соли гузашта 228 ададро ташкил мекард. Дар ҷараёни санҷиши нав муайян карда шуд, ки баъзе ширкату корхонаҳо амалан фаъолият накардаанд. Аз ин рӯ, пас аз андешидани чораҳо, шумораи онҳо то 211 адад коҳиш ёфт.
Аз ширкату корхонаҳои нақлиётии амалкунанда танҳо 121 (57%) ададашон заминаи моддӣ-техникии мувофиқ доранд. Чунин вазъ боиси он мегардад, ки на ҳамаи ширкату корхонаҳо ба мизоҷон хизмати босифат ва муассир мерасонанд ва ба талаботи қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла қоидаҳои интиқоли бор ва мусофирон ҷавобгӯ мебошанд.
Вазорати нақлиёт ҳамчун мақоми марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи нақлиёт соли ҷорӣ як қатор корҳоро оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои интиқолдиҳандагони ватанӣ анҷом дод. Аз ҷумла, бо мақсади содагардонии раванди ҳамлу нақли байналмилалӣ вазирони нақлиёти Тоҷикистон ва Узбекистон (дар доираи сафари Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон) дар Душанбе Протоколро дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон «Дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ» аз 18 апрели соли 2024 ба имзо расониданд, ки он 25 октябри соли ҷорӣ эътибор пайдо кард. Бар асоси ин санад сафари транзитӣ тавассути қаламрави Узбекистон ба кишварҳои сеюм (ба ғайр аз Чин ва Афғонистон) акнун бидуни рухсатнома амалӣ карда мешавад. Инчунин, бо мақсади васеъ кардани ҷуғрофияи нақлиёт якчанд созишномаҳои дуҷониба оид ба интиқоли байналмилалии автомобилӣ ба имзо расиданд.
Вазири нақлиёт бо истинод ба арқоми оморӣ тазаккур дод, ки ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар ҷумҳурӣ 666 ҳазору 74 адад воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла 52 ҳазору 362 адад боркаш, 16 ҳазору 554 адад мусофирбар ва 587 ҳазору 74 адад сабукрав ба қайд гирифта шудаанд. Тибқи маълумоти соҳавӣ, то 1 ноябри соли 2024 дар миқёси ҷумҳурӣ 48 ҳазору 989 адад воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки дар иқтисодиёт истифода мешаванд, ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин шумора 22036 адад мошинҳои боркаш, 6316 адад - мусофирбар ва 20634 адад автомобилҳои сабукрав мебошанд.Дар давоми 10 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми боркашонӣ тавассути нақлиёти автомобилии системаи Вазорати нақлиёт 34 млн.461 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 фоиз зиёд аст.
Дар Тоҷикистон «Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” барои солҳои 2023-2037» қабул шудааст, ки ҷорӣ намудани таҷоруби устуворро дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти кишвар пешбинӣ мекунад. Аз ин рӯ, Вазири нақлиёт рушди нақлиёти устувори "сабз" - ро яке аз вазифаҳои асосии вазорат ва муассисаҳои тобеи он мешуморад. Вай иттилоъ дод, ки бо мақсади татбиқи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» воридоти мошинҳои барқӣ ба ҷумҳурӣ идома дорад: мутобиқи маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 9 моҳи соли 2024 ба ҷумҳурӣ 8778 адад мошини барқӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба тамоми соли гузашта 5423 адад зиёд мебошад.
Вазири нақлиёт 29 октябри соли ҷорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ расман ба истифода дода шудани КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт»-ро, ки дар заминаи Вазорати нақлиёт таъсис дода шудааст, рӯйдоди махсуси соли равон номид.
«Рақамикунонии соҳаи нақлиёт яке аз вазифаҳои асосиест, ки Сарвари давлат дар назди мо оид ба навсозии системаи нақлиёт гузоштаанд ва ин вазифаҳо бояд то соли 2030 амалӣ карда шаванд», – иброз намуд Азим Иброҳим.
Тавре ӯ зикр кард, то имрӯз 131 ширкату корхонаи нақлиётӣ дар чандин самт, аз ҷумла оид ба муайян кардани ҳаҷми дақиқи боркашонӣ ва мусофирбарӣ ба фаъолияти рақамӣ гузаштаанд.
Айни замон МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти ширкатҳои нақлиётӣ як қабил имтиёзҳо муқаррар кардааст. Аз ҷумла, мӯҳлати амалии бақайдгирии роҳхатҳо аз 3 рӯз то 7 рӯз барои воситаҳои нақлиёти сабукрав ва аз 7 то 15 рӯз барои воситаҳои нақлиёти боркаш тамдид ва пардохти ҳармоҳаи маблағ барои хизматрасонии техникии воситаҳои нақлиёт бекор карда шудааст.
«Дар баробари ин, дар кишвар ядакҳои (притсепҳои) автомобилии дорои рефрежираторҳо (яхдонҳо) барои интиқоли ғизо, доруворӣ ва дигар молҳое, ки ҳарорати пастро талаб мекунанд, намерасанд. Мо ҳамагӣ 171 адад чунин техника дорем. Вале ин кофӣ нест, - гуфт Вазири нақлиёт. - Шумораи онҳоро ҳадди ақал ба 500 адад расонидан лозим аст. Ҳам худи притсепҳо ва ҳам ҷузъҳои таъмири онҳоро, зеро притсепҳо кӯҳна мешаванд ва ба таъмир ва қисмҳои гаронбаҳо ниёз доранд».
Илова бар ин, Вазири нақлиёт гуфт, бо вуҷуди он, ки ҳамлу нақли дохилӣ ва байналмилалӣ бо истифода аз воситаҳои нақлиёти ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ ва экологӣ анҷом дода мешавад, хизматрасонии экспедитсионию нақлиётӣ ҳанӯз дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст ва андешидани чораҳои бештарро талаб мекунад. Дар ҷараёни санҷиш, муайян карда шуд, ки, мутаассифона, талабот ба ташкили муоинаи тиббии пеш аз басти корӣ ва пеш аз сафари навбатии ронандагон, хизматрасонии техникии воситаҳои нақлиёт,коргузорӣ, мавҷудияти ҳатмии сертификати мутобиқати кор ва хизматрасонӣ ва салоҳияти касбии кормандон, ки бевосита бо таъмини сифати хизматрасонӣ ва бехатарии нақлиёт алоқаманданд, на дар ҳамаи ширкату корхонаҳои нақлиётӣ риоя карда мешаванд.
«Сатҳи баланди хизматрасонии нақлиётӣ бо омилҳое, ба монанди суръатнокӣ, саривақтӣ, муттасилӣ, эътимоднокӣ, бехатарӣ ва экологии фаъолияти системаи нақлиётӣ муайян карда мешавад. Барои ин дастгирии моддию техникӣ, такмили ихтисоси кормандон, таҳияи хатсайрҳои муносиби интиқол, кам кардани мӯҳлат ва шумораи расмиёти тартиб додани ҳуҷҷатҳои интиқол, яъне ҷорӣ намудани гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ зарур аст»,-изҳор дошт Вазири нақлиёти Ҷт Азим Иброҳим.
Вазир инчунин зарурати омода кардани воситаҳои нақлиётро барои истифода дар фасли зимистон, гузаштан аз муоинаи техникӣ, санҷиши тормоз, таҷҳизоти шамолдиҳӣ ва гармидиҳии шишаҳо, амалкарди чароғҳо ва системаҳои ёрирасони электронӣ, иваз кардани чархҳои тобистона ба чархҳои зимистона, бахусус таъмини устувори энергия ва сӯзишворӣ ва баҳисобгирии сабақҳо аз мавсимҳои қаблиро таъкид кард.
Ӯ изҳор дошт, ки ширкатҳо ва корхонаҳои нақлиётӣ бояд дар ҳама самтҳо дар ҳамкории зич бо мақомоти давлатӣ кор кунанд, то ки самаранокии фаъолияти системаи нақлиёт таъмин карда шавад.
Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода ва муовини аввали Раиси ВМКБ Шарифхон Сафарзода оид ба масъалаҳои дар боло зикршуда фикру пешниҳодоти худро баён намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои баррасишуда ба роҳбарони ширкату корхонаҳои нақлиётӣ тавсияҳои дахлдор дод.