Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Тоҷикистон ҳамаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бояд аз муоинаи техникӣ гузаранд

Санаи нашр: 29-11-2024 Просмотрено: 2822

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 таҳти № 668, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, ташаккули низоми устувори муносибатҳои ҳуқуқӣ, соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шудааст.

Тавассути маводҳо дар ин бахши сомона мо тасмим гирифтаем, ки на танҳо дониши ҳуқуқии кормандони соҳаро баланд бардорем, балки муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба соҳаро ба ҳамаи истифодабарандагони роҳу нақлиёт фаҳмонем.

Дар Тоҷикистон амалиёти «Муоинаи техникӣ» ҷараён дорад. Дар ин бора ВКД дар сомонаи худ vkd.tj хабар медиҳад. 

Дар хабар омадааст:«Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ, бартараф намудани камбудиҳои техникӣ ва дар ҳолати муқаррарии техникӣ қарор доштани воситаҳои нақлиёт аз 23-юми ноябр то 3-юми декабри соли 2024 дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ чорабинии мақсаднок бо номи «Муоинаи техникӣ» гузаронида мешавад.

Аз ин лиҳоз аз тамоми ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки саривақт воситаҳои нақлиёти худро аз муоинаи техникӣ гузаронида, камбудиҳои техникиро бартараф намоянд».

Муоинаи техникӣ – тадбири ҳатмист

Тибқи маълумоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (РБДА ВКД ҶТ), то 1 январи соли 2024 дар кишвар расман 666074 адад воситаҳои нақлиёти автомобилӣ – сабукрав, боркаш ва мусофирбар ба қайд гирифта шудааст. Ҳамаи онҳо бояд соле як маротиба аз муоинаи техникӣ гузаранд.

Муоинаи давлатии техникии воситаҳои нақлиёт (муоинаи техникӣ, МТ) – ин санҷиши ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт (ВН), аз ҷумла қисмҳо ва унсурҳои таҷҳизоти иловагии онҳо ҷиҳати мувофиқаташон ба талаботи ҳатмии бехатарии ВН бо мақсади иҷозат додани ВН барои иштирок дар ҳаракат дар роҳ мебошад.

Бояд зикр кард, ки тибқи қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон тамоми воситаҳои нақлиёт дар мамлакати мо бояд аз муоинаи техникӣ гузаранд. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» аз 17 майи соли 2018, дар моддаи 28-ум омадааст:

«1. Воситаҳои механикии нақлиёте, ки дар ҳаракат дар роҳ иштирок доранд, ҳамчунин присепҳои (нимприсепҳои) онҳо аз рӯи тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, бояд ҳатман аз муоинаи техникӣ гузаранд.

2. Ба воситаҳои механикии нақлиёте, ки аз муоинаи ҳатмии навбатии техникӣ нагузаштаанд, минбаъд барои истифода иҷозат дода намешавад».

Воситаҳои нақлиёти механикӣ ҳамаи воситаҳои нақлиёте мебошанд, ки онҳоро муҳаррик ба ҳаракат медарорад. Ба онҳо автомобилҳои боркаш ва сабуккрав, автобусҳо, троллейбусҳо, тракторҳо ва мошинҳои худгард, инчунин мопедҳо, мотосиклҳо ва квадросиклҳо дохил мешаванд.

Дар мавриди банди дуюми моддаи зикршуда ҳаминро бояд гуфт, ки нозирони БДА метавонанд ронандаро огоҳ кунанд ё ӯро барои муоинаи техникии маҷбурӣ фиристанд, протокол тартиб диҳанд, ба ӯ ҷарима нависанд ва рақамҳои давлатии бақайдгирии автомобилро кушода гиранд.

Тартиби гузаронидани муоинаи ҳатмии давлатии техникии воситаҳои нақлиёти механикӣ, инчунин притсепҳои (нимпритсепҳои) онҳо, ки дар ҳаракат дар роҳ иштирок мекунанд, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 1999 таҳти № 406 тасдиқ карда шудааст.

Муоинаи техникӣ чӣ тавр мегузарад?

Ҳангоми муоинаи техникӣ воситаи нақлиёт аз як қатор санҷишҳо мегузарад, то боварӣ ҳосил шавад, ки он ба  меъёрҳои муқарраршудаи бехатарӣ ва экологӣ ҷавобгӯ аст. Санҷишгарон ба кори муҳаррик ва системаҳои барқӣ, системаи тормоз, чархҳо ва қисмҳои ба ҳамдигар вобаста, инчунин дигар дигар ҷанбаҳои калидӣ, ки ба бехатарӣ ва эътимоднокии мошин таъсир мерасонанд, диққати махсус медиҳанд.

Соҳиби мошин бояд вақт ва санаи санҷишро таъин кунад ва мошинро ба  марказ ё устохонаи зикршуда барад. Дар давоми  муоина ҳолати ҳамаи системаҳо ва ҷузъҳои воситаи нақлиёт аз ҷониби  мутахассисони техникӣ тафтиш карда мешавад. Агар ҳангоми санҷиш ягон нуқс ё корношоямӣ   ошкор карда шавад, соҳиби мошин вазифадор аст, ки онҳо бартараф кунад ва мошинро аз нав  барои санҷиш пешниҳод кунад.

Дар сурати бомуваффақият ба итмом расидани санҷиш ба  воситаи нақлиёт ҳуҷҷатҳои дахлдори техникӣ ва тамғагузорӣ дода мешаванд, ки иҷозаи истифодаи онро тасдиқ мекунанд.

Дар сурати мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳо дар бораи гузаронидани  муоинаи техникӣ ё саривақт нагузаштани он, ронанда, тавре ки дар боло зикр гардид, тибқи моддаи 30 Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» метавонад ҷарима ва истифодаи минбаъдаи воситаи нақлиёт дар роҳҳои Тоҷикистон манъ карда шавад.

Муоинаи техникӣ дар куҷо гузаронида мешавад?

Муоинаи техникӣ дар марказҳо ва устохонаҳои хизматрасонии ваколатдор, ки барои гузаронидани ин кор иҷозатнома доранд, гузаронида мешавад. Ин  марказу устохонаҳо бо таҷҳизоти махсус ва асбобҳои зарурӣ барои санҷиши дақиқи  воситаҳои нақлиёт ҷиҳати мувофиқат ба меъёрҳои муқарраршуда муҷаҳҳаз карда шудаанд.

Тибқи маълумоти РБДА ВКД ҶТ, дар кишвар 62 нуқтаи санҷиши техникии воситаҳои нақлиёт амал мекунанд, ки 13 адади онҳо нуқтаҳои сайёр (ҳаракаткунанда) мебошанд.

БДА таъкид мекунад, ки ширкатҳои хусусӣ ҳолати техникии мошинҳоро месанҷанд. Барои гузаронидани муоинаи техникӣ ширкатҳои хусусӣ бо БДА шартнома мебанданд. БДА, пас аз ба итмом расидани  ташхиси техникӣ, санҷиши техникӣ (санҷиши кори мутахассисон) купон ё талони   вижа медиҳад. Дар айни замон кормандони БДА дар нуқтаҳои муоинаи   техникӣ ҳозир ва шоҳиди  муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт  мешаванд.

Дар банди 2 моддаи 29 Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»  чунин гуфта шудааст: «Корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият ва хоҷагидорӣ, ҳамчунин шаҳрвандоне, ки ҷиҳати хизматрасонӣ ва таъмири воситаҳои нақлиёт кӯмак мерасонанд, бояд барои гузаронидани чунин корҳо иҷозатнома дошта бошанд».