Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ҲОШИЯИ ҶАЛАСАИ 19-УМИ БАРНОМАИ СММ. Дар Душанбе семинар ва мулоқоти коршиносон оид ба нақлиёти устувори ҳушманд доир гардиданд

Санаи нашр: 27-11-2024 Просмотрено: 1644

26-28 ноябр дар шаҳри Душанбе семинар оид ба баланд бардоштани зарфиятҳо дар истифодаи фановариҳои ҳушманд дар нақлиёт ва  мулоқоти аъзои Гуруҳи коршиносон оид ба ҳамкории минтақавӣ барои шабакаҳои нақлиёти устувори ҳушманд доир гардиданд. Ин ҳамоишҳо бо ташаббуси Комиссияи иқтисодию иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (КИИСММ, ЭСКАТО ООН; UNESCAP) дар ҳамкорӣ бо Вазорати нақлиёти Чумҳурии Тоҷикистон  роҳандозӣ шуданд.

Ширкаткунандагони ин ҳамоишҳоро муовини аввали Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Бобозода ва корманди шуъбаи нақлиёти КИИСММ Чангҷу Ли шодбош гуфтанд.

Дар семинар намояндагони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, Арманистон, Озарбойҷон, КИИСММ, ҳамчунин Мақомоти иҷроияи ҳокомияти давлатии шаҳри Душанбе, КВД «Шаҳри ҳушманд» ва ҶДММ  «Акиа-Авесто» иштирок ва масъалаҳои ҷории соҳаро ба баррасӣ гирифтанд.

Ширкаткунадагони ҷаласаи Гуруҳи коршиносон перомуни мавзуҳои «Шароит барои ҳамкорӣ дар соҳаи системаҳои устувори нақлиёти зеҳнӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором» ва «Фаҳмидани мушкилот ва афзалиятҳо барои сиёсатҳо ва стратегияҳои нақлиёти зеҳнӣ дар Осиёи Шимолӣ ва Марказӣ» табодули назар карданд. Онҳо инчунин аз КВД «Шаҳри ҳушманд», лоиҳаҳои «Таваққуфгоҳи ҳушманд», «Истгоҳи барқпуркунии ҳушманд», корхонаи мошинбарории ҶДММ «Акиа Авесто» -и шаҳри Душанбе ва КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.

Нақлиёти устувори ҳушманд – ин системаи идоракунии ҳаракат ва инфрасохтори нақлиётист, ки бо истифода аз тенологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ роҳандозӣ карда мешавад. Ҳадаф аз он баланд бардоштани самаранокӣ, бехатарӣ ва устувории нақлиёти шаҳрӣ тавассути автоматикунонӣ, таҳлили маълумотҳо ва таъмими воситаҳои гуногуни нақлиёт ва унсурҳои мухталифи инфрсохтор мебошад.

Мавриди зикр аст, ки семинар ва  мулоқоти аъзои Гуруҳи коршиносон оид ба ҳамкории минтақавӣ барои шабакаҳои нақлиёти устувори ҳушманд дар ҳошияи ҷаласаи 19-уми Шӯрои роҳбарикунандаи Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба иқтисодиёти Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон (SPECA) ва дигар чорабиниҳои сатҳи  баланди SPECA, ки рӯзҳои 26-28 ноябри соли равон дар Душанбе ба нақша гирифта шудаанд, роҳандозӣ шуданд.

Хотиррасон мешавем, ки дар ҷаласаи 18-уми Шурои роҳбарикунандаи SPECA, ки 23 ноябри соли 2023 дар Боку доир гардида буд, раёсат дар  ин Барнома дар соли 2024 аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон гузашт. Дар ҷаласаи 18-ум дар пойтахти Озарбойҷон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуда, чунин изҳҳор дошта буданд:

«Тоҷикистон ба истифодаи тамоми воситаҳо барои густариши имкониятҳои тиҷорат бо кишварҳои иштирокчии Барнома манфиатдор аст. Бешубҳа, густариши робитаҳои нақлиётӣ ба афзоиши ҳаҷми тиҷорати мутақобила боис хоҳад гардид. Дар робита ба ин, мусоидат ба кишварҳои иштирокчии барномаи СПЕКА дар рушди инфрасохтори нақлиётӣ чораи саривақтӣ мебошад. Дар ин замина, пайвастани онҳо ба гузаргоҳҳои байналмилалии нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ, инчунин содда кардани транзит ва диверсификатсияи хатсайрҳои транзитӣ хеле муҳим ҳисобида мешавад. Мо инчунин пешниҳод менамоем, ки ҳамгироии фаъолияти марказҳои тақсимоти яклухт дар минтақа баррасӣ карда шавад. Ин ташаббус ба таъмини мунтазами маҳсулоти кишоварзӣ байни кишварҳои иштирокчӣ, афзоиши содироти онҳо ба кишварҳои сеюм ва дар маҷмӯъ, ба афзоиши тиҷорати мутақобила дар дохили минтақа мусоидат хоҳад кард».