Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ДАҲСОЛАИ СММ ОИД БА НАҚЛИЁТИ УСТУВОР. Дар доираи Рӯзи ҷаҳонии нақлиёти устувор Конфронси байналмилалии «Долонҳои нақлиётӣ ва транзитӣ: робита ва рушд 2024» баргузор мешавад

Санаи нашр: 26-11-2024 Просмотрено: 2651

Беш аз 600 нафар вакилон из 40 кишвар 26-27 ноябри соли 2024 ҷиҳати  ширкат дар Конфронси 3-ми байналмилалӣ ва Намоишгоҳи «Долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва транзитӣ: робита ва рушд – 2024» (ITTC-2024) дар Ашқобод ҷамъ меоянд.  Дар он намояндагони ширкатҳои байналмилалӣ ва миллӣ, созмонҳои ҷаҳонӣ ва идораҳои давлатӣ иштирок мекунанд.

Дар байни мавзӯъҳои асосии конфронс нақши афзояндаи занон дар соҳаи нақлиёт, ҷорӣ намудани таҷоруби устувор дар инфрасохтори нақлиётӣ, таъсири рақамикунонӣ ба логистика, инчунин таълим ва тайёр кардани кадрҳо барои бахши нақлиёт ном бурда мешавад. Ба стратегияҳои дастгирии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд,  ҷиҳати  густариши дастрасии онҳо ба бозорҳои ҷаҳонӣ диққати махсус дода мешавад.

Конфронси ITTC-2024 яке аз рӯйдодҳои асосии Рӯзи ҷаҳонии нақлиёти устувор мебошад, ки 26 ноябр ҷашн гирифта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 19 декабри соли 2023 дар ҷаласаи умумии 49-уми сессияи 78-уми Маҷмаи Умумии СММ тариқи иҷмоъ (консенсус) қатънома оид ба нақлиёт  қабул ва бо шаш забони расмии СММ (англисӣ, арабӣ, испанӣ, чинӣ, русӣ ва фаронсавӣ) нашр шуд. Номи пурраи  санад чунин аст: «Таҳкими робитаҳо байни ҳама намудҳои нақлиёт барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор». Лоиҳаи қатънома аз ҷониби 47 кишвари дунё бо ҳаммуаллифӣ пеҳшниҳод гардида буд.  

Ҳуҷҷати ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт 26 ноябрро Рӯзи ҷаҳонии нақлиёти устувор ва Солҳои 2026 – 2035 -ро Даҳсолаи нақлиёти устувор эълон кард. Муаллифони қатънома ба Дабири кулли СММ пешниҳод мекунанд, ки таҷрибаи муколамаи байналмилалиро дар ин соҳа идома диҳад ва масъалаи даъват кардани Конфронси сеюми ҷаҳонии СММ оид ба нақлиёти устуворро баррасӣ намояд.

Тибқи ин санад,  тадбирҳои асосӣ дар доираи Рӯзи ҷаҳонии нақлиёти устувор моҳи ноябри соли 2024 дар Туркманистон баргузор мешаванд.

Нақлиёти устувор чист?

Нақлиёти устувор бо Ҳадафҳои рушди устувори СММ тавъам аст, зеро нақлиёт яке аз ҷузъҳои асосии рушди устувор мебошад. Нақши нақлиёт дар рушди устувор бори аввал соли 1992 дар Вохӯрии сатҳи олии Созмони Милали Муттаҳид «Сайёраи Замин» эътироф карда шуд ва дар ҳуҷҷати ниҳоии он «Рӯзномаи асри XXI» мустаҳкам карда шуд.

Баъдан, дар доираи гузориши ҷараёни панҷсолаи татбиқи «Рӯзномаи асри XXI» дар иҷлосияи нуздаҳуми махсуси Маҷмаи Умумии СММ дар соли 1997 пешниҳод карда шуд, ки дар тӯли бист соли оянда нақлиёт омили асосии афзоиши талабот ба нерӯи барқ дар ҷаҳон хоҳад буд (дар айни замон он воқеан бузургтарин истифодабарандаи ниҳоии нерӯи барқ дар кишварҳои  мутарақӣ ва босуръат рушёбанда  ва аксари кишварҳои рӯ ба тараққӣ мебошад).

Илова бар ин, дар Мулоқоти ҷаҳонии сатҳи олӣ оид ба рушди устувор дар соли 2002 нақши нақлиёт дар  санади ниҳоӣ –  Нақшаи иҷрои қарорҳои Йоханнесбург  (НИҚЙ) бори дигар тазаккур ёфт. Дар  НИҚЙ нуқтаҳои зиёди такягоҳ барои нақлиёти устувор дар заминаи инфрасохтор, системаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, шабакаҳои интиқоли мол, дастрасӣ, самаранокӣ ва  имконоти нақлиёт, инчунин баланд бардоштани сифати ҳаво дар шаҳрҳо, беҳдошти вазъи саломатии одамон ва коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ  муайян карда шуданд.

Солҳои охир таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба нақлиёт  кам не, балки бештар мешавад. Дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор (Рио+20), ки соли 2012 баргузор шуд, роҳбарони кишварҳо якдилона эътироф карданд, ки нақлиёт ва ҳаракат барои рушди устувор аҳамияти ниҳоят муҳим доранд. Нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ бехатар метавонад ба рушди иқтисодӣ ва  беҳдошти дастрасӣ мусоидат намуда, сатҳи баландтари ҳамгироии иқтисодро таъмин намояд ва ҳамзамон имкон медиҳад, ки муҳити зист ҳифз гардад,   сатҳи адолати иҷтимоӣ боло бардошта,  сиҳатии одамон,  устувории шаҳрҳо,   рушди  равобит миёни шаҳру деҳот ва  афзоиши ҳосилнокӣ дар навоҳии кишоварзӣ таъмин карда шавад.

Ба ҷуз ин, Дабири кулли СММ дар барномаи панҷсолаи худ нақлиётро ба қатори ҷузъҳои асосии рушди устувор дохил кард. Дар робита ба ин, моҳи августи соли 2014, мавсуф Гурӯҳи Машваратии сатҳи баландро оид ба нақлиёти устувор таъсис дод ва ба кор даровард, ки ҳама намудҳои нақлиёт, аз ҷумла нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ, баҳрӣ, паромӣ ва нақлиёти ҷамъиятии шаҳрро  фаро мегирад.

Тавсияҳои Гурӯҳи машваратӣ оид ба сиёсат дар ин самт дар гузориш дар бораи дурнамои глобалии нақлиёти устувор бо номи «Mobilizing Sustainable Transport for Development» («Таъмини рушди устувори нақлиёт ба манфиати рушд») ба Дабири кулл пешниҳод гардиданд, ки он моҳи ноябри соли 2016 дар нахустин Конфронси глобалӣ оид ба нақлиёти устувор нашр шуд. Аҳамияти нақлиёти устувор барои кишварҳои дар вазъияти махсус қарордошта низ аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ дар доираи Барномаи  амали Истамбул барои кишварҳои кам рушдёфта, Барномаи амали Вена барои  кишварҳои рӯ ба тарақие, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд, Барномаи «Роҳи Самоа» барои  кишварҳои хурди ҷазиравии рӯ ба тараққӣ, Барномаи чорчӯбаи Сендай барои коҳиш додани хатари офатҳо ва Барномаи нави рушди шаҳрҳо эътироф карда шуд.

17 апрели соли 2024 дар Ню-Йорк ҷаласаи сатҳи баланди СММ оид ба нақлиёти устувор дар асоси технологияҳои нави сабз дар доираи Ҳафтаи рушди устувор доир гардид, ки ҷз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ гузаронида мешавад. Дар доираи ҷаласа мавзӯи «Беҳтар кардани робитаҳои нақлиётии интермодалӣ ва рушди нақлиёти иҷтимоӣ-инклюзивӣ ва экологӣ» баррасӣ шуд

Дар Рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030 зарурати таъмини рушди устувори нақлиёт дар як қатор ҳадафҳо ва вазифаҳо дар соҳаи рушди устувор, бахусус дар вазифҳое, ки ба амнияти озуқаворӣ, тандурустӣ, энергетика, рушди иқтисодӣ, инфрасохтор, шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишин дахл доранд, инъикос ёфтааст.

Аҳамияти нақлиёт барои мубориза бо тағирёбии иқлим дар доираи Барномаи СММ оид ба тағйирёбии иқлим низ зикр гардидааст: бахши нақлиёт дар татбиқи созишномаи Париж нақши махсусан муҳим хоҳад дошт, бо  назардошти он, ки тақрибан чоряки партовҳои газҳои гулхонаии марбут ба энергетика дар ҷаҳон ба нақлиёт рост меояд ва, тибқи пешгӯиҳо, дар солҳои оянда ҳаҷми ин партовҳо ба таври назаррас афзоиш хоҳад ёфт.

Тоҷикистон ба нақлиёти устувор эътимод дорад

Ҳамин тариқ, нақлиёти устувор (ё нақлиёти «сабз») – ҳар гуна роҳ ё шакли ташкили ҳаракат ва ҳамлу нақл аст, ки ба коҳиш додани сатҳи таъсир ба муҳити атроф имкон медиҳад.

Ба нақлиёти устувор инҳо дохил мешаванд:

- мошинҳои экологӣ;

- рақамикунонии нақлиёт;

- тарҳрезии ба транзит нигаронидашуда.

Инҳо, бешубҳа, се омили асосии нақлиёти устувор мебошанд.

Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақлиёти устувор содиқ буда, барномаҳо ва стратегияҳои дахлдорро барои ноил шудан ба Ҳадафҳои  рушди устувори СММ амалӣ менамояд. Ана чанде аз онҳо:

- Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (СМР-2030), ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз 1 декабри соли 2016 таҳти рақами 636 тасдиқ шудааст;

- Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037, ки бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30 сентябри соли 2022 таҳти № 482 тасдиқ шудааст;

- Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025, ки бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1 апрели соли 2011 таҳти рақами 165 тасдиқ шудааст;

- Барномаи давлатии рушди низоми логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028, ки бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28 октябри соли 2023 таҳти № 503 тасдиқ шудааст;  

- Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028, ки бо қарорри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли  2022 таҳти  №532 тасдиқ шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо назардошти ӯҳдадориҳои байналмилалии кишвар оид ба Рӯзномаи асри XXI ва Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ), ки аз ҷониби иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии СММ моҳи сентябри соли 2015 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст. Он ба Рӯзномаи глобалии то соли 2030, ки соли 2015 аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шакли 17 Ҳадафи рушди устувор мувофиқа ва пазируфта шудаанд, асос ёфтааст.

Мутобиқи СМР, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ дар роҳ ба сӯи рушди устувор то соли 2030 талошҳои муштарак  ба кор мебаранд. Дар Стратегия афзалиятҳои зерини рушд дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон зикр шудаанд:

- истифодаи самараноки захираҳои молиявӣ, аз ҷумла аз маблағхои аз манобеи хориҷӣ ҷалбшуда барои сохтмони иншооти нав ва таҷдиди иншооти   амалкунандаи нақлиётӣ, ки на танҳо талаботи дохилиро ба хизматрасониҳои нақлиётӣ, балки суръат бахшидани равандҳои ҳамгироии иқтисодиёти кишвар ба иқтисодиёти ҷаҳонро таъмин менамоянд;

- ба даст овардани фоидаи  ҳарчи бештар  аз инфрасохтори транзитии трансконтиненталӣ;

- густариши ҳамаҷонибаи шабакаи ҳама намудҳои нақлиёт ва  такмили сохтори парки  нақлиётии амалкунанда,  беҳдошти кори онҳо ҷиҳати  таъмини рушди саноатӣ ва инноватсионии иқтисоди миллӣ ва қонеъ гардонидани талаботи инсон;

- таъмини рушд тибқи талаботи муосири шабакаи марказҳои нақлиётӣ-логистикӣ ва системаи хидматрасонии онҳо.

Тоҷикистон инчунин дар Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА), ки дар он Гурӯҳи корӣ оид ба нақлиёти устувор, транзит ва пайвастшавӣ мавҷуд аст, иштирок мекунад. Мақсади он мусоидат ба рушди системаҳои нақлиёти устувор ва беҳтар кардани алоқаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад.

Ҳукумати Тоҷикистон ва Идораи СММ оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ (UNDRR) 29 январи соли 2024 дар доираи Форуми сармоягузорон барои алоқаи нақлиётии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ якҷоя  ҳамоиши  «Сармоягузорӣ ба инфрасохтори нақлиётии аз ҷиҳати иқлим ва экологӣ устувор дар Тоҷикистон» - ро т роҳандозӣ намуданд.

Бо эътирофи нақши ҳалкунандаи соҳаи нақлиёт дар рушди иқтисодиёт, иштирокчиёни ҳамоиш имкониятҳо ва мушкилотро дар бунёди инфрасохтори нақлиётии ба иқлим тобовар баррасӣ намуда, зарурати ҳамкории минтақавиро дар Аврупо ва Осиеи Марказӣ таъкид намуданд.

Дар ҳамоиш, ки  таҳти раёсати Наталия Алонсо Кано, Роҳбари Дафтари минтақавии UNDRR оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ сурат гирифт, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, муовини  Мудири кул оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва рушди Иттиҳоди Аврупо Мариета Ягер суханронӣ карданд.  

Дар муҳокимаи гирди «мизи мудаввар» намояндагони UNDRR, Парлумони Аврупо, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва бахши хусусӣ иштирок  намуданд.

Муҳокимаҳо ба зарурати тарҳрезии нав, навсозӣ ва такмили инфрасохтори нақлиётӣ ва робитаи он бо ҳадафи баланд бардоштани устуворӣ ба тағирёбии иқлим бахшида шуданд. Ҳамоиш аҳамияти ӯҳдадориҳои сиёсиро ба инфрасохтори устувор, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи принсипҳои инфрасохтори устувор ва аз ҷиҳати иқтисодӣ мувофиқи мақсад будани сармоягузорӣ ба устувориро таъкид кард.

Логистика ва рақамикунонӣ - ду ҷузъи муҳим

Тавре зикр кардем, логистика ва рақамикунонии нақлиёт  ду  ҷузъи муҳими нақлиёти устувор мащсуб меёбанд. Бо назардошти ин, дар сохтори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобици Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2017 таҳти рақами 335 Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» ва тибқи Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29 декабри соли 2022 таҳти рақами 617 – Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» таъсис дода шуданд.

29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ расман  КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» - ро  мавориди истифода царор доданд.

Муассисаи мазбур дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт таъсис дода шудааст. Бо ҷорӣ шудани системаи рақамии идоракунӣ танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар минтақаҳои дурдаст имконпазир гардид.

Аз 30 модули рақамисозӣ, ки дар вазорат мавҷуданд, дар айни замон 13 модул ҷиҳати муҷаҳҳаз кардани мошинҳои роҳсозии GPS ва назорати кори самараноки онҳо, инчунин пешгирии ҳаракати нақлиёти гаронвазн тавассути тарозуи динамикии муосир, ки ба марказ пайваст шудаанд, истифода мешаванд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки таъсиси маркази тамос бо рақами кӯтоҳшудаи 8808 раванди гирифтани иҷозатномаю рухсатнома ва борхату роҳхатҳоро   барои воситаи нақлиёт ҷиҳати интиқоли бор такмил медиҳад. Маркази тамос имкон медиҳад, ки дархосту фармоишҳо аз тамоми гӯшаю канори кишвар ва берун аз он дар самтҳои боркашонӣ, мусофиркашонӣ, гирифтани рухсатнома ва дигар санадҳои зарурӣ  саривақт қабул карда шаванд.

30 сентябри соли 2024 ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим дар Форуми глобалии нақлиёти устувор, ки дар Пекин баргузор шуд, иштирок кард.

Форум, ки бо ташаббуси Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Маркази ҷаҳонии инноватсия ва дониш дар соҳаи нақлиёти устувор баргузор шуд, ба таҳкими ҳамкории ҷаҳонӣ ва мусоидат ба рушди системаи бехатар, муносиб, самаранок, экологӣ, иқтисодӣ, фарогир ва устувори нақлиетӣ равона  гардид. Дар доираи форум роҳбарон ва намояндагони мақомоти нақлиётӣ ва муассисаҳои марбута аз 26 кишвари ҷаҳон оид ба панҷ мавзӯи асосӣ — ҳамбастагӣ, рушди умумӣ, рушди инноватсионӣ, рушди устувор ва идоракунии ҷаҳонӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар форум Вазири нақлиёти Тоҷикистон изҳор дошт, ки нақлиёт ва логистика дар рушди иқтисоди кишварҳо нақши калидӣ дошта, ҳамкории боэътимод ва муассирро дар саросари ҷаҳон таъмин менамоянд.

Дар мавриди рақамисозӣ бояст тазаккур дод, ки моҳи сентябри соли 2023 КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» бори аввал дар Тоҷикистон ба ҷамъоварии дороиҳои роҳҳои автомобилӣ бо истифода аз системаи муосири ROMDAS, ки аз ҷониби Вазорати нақлиёти ҶТ харидорӣ шудааст, оғоз намуд.  То имрӯз мутахассисони Марказ дороиҳои беш аз 5 ҳазор километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявиро   ҷамъоварӣ кардаанд. Ин маълумот дар бораи хусусиятҳои иқтисодӣ, техникӣ ва истифодаи роҳҳо коркард ва минбаъд барои  таҳияи  шиносномаи техникии роҳҳо истифода мешавад.

Президенти Тоҷикистон дар бораи нақлиёти устувор

Дар Паёми худ ба Парлумони мамлакат 28 декабри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки бо мақсади озод намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани он ба кишвари транзитӣ Ҳукумати мамлакат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, сарфи назар аз вазъи вазнини иқтисодиву молиявӣ, тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намуд.

«Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳким бахшидани иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар ин самт бомаром идома доранд», - изҳор доштанд Сарвари давлат.

Ба гуфтаи сарвари давлат, кор дар ин самт идома дорад ва дар ояндаи наздик роҳҳои Тоҷикистон ҳамчун гузаргоҳҳои транзитӣ-иқтисодии «Чин – Тоҷикистон – Афғонистон» ва «Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо», инчунин «Тоҷикистон – Чин – Покистон» истифода мешаванд.

Сарвари давлат бар ин назаранд, ки дар баробари сохтмон ва ба истифода додани роҳҳои автомобилгард тартиби истифодаи самараноки онҳо ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои сохташуда яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. «Дар робита ба ин, ҷорӣ намудани механизми назорати рақамӣ ба ҳаракати нақлиёти боркаш хеле муҳим аст. Ғайр аз он, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва сармоягузорон таъсиси марказҳои логистикӣ, тақсимоти яклухт ва афзоиши ҳамлу нақли бор,  истифодаи мошинҳои сардкунанда барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии кишвар ба манфиати кор хоҳад буд», -  таъкид намуданд Пешвои миллат. .

Президенти ҶТ ба Вазорати нақлиёт ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш доданд, ки минбаъд низ барои ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи самараноки лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи инфрасохтори нақлиётӣ, аз ҷумла лоиҳаи шабакаи ягонаи назорати рақамии вазни нақлиёти боркаш чораҷӯӣ намоянд.  Сарвари давлат афзуданд, ки Вазорати нақлиёт ва Хадамотиг гумрук бояд ҷиҳати тавсеаи долонҳои  сарҳадӣ, бунёди «долонҳои сабз», истифодаи технологияҳои рақамӣ ва  сохтмони терминалҳои сарҳадӣ тибқи стандартҳои муосири байналмилалӣ  тадбирҳо андешад.

Президенти мамлакат Вазорати нақлиёт ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор карданд, ки ҷиҳати такмил додани стандартҳои экологӣ ва иҷтимоии таҳияи лоиҳаҳои сохтмон, таҷдид ва истифодаи роҳҳо бо мақсади мутобиқ гардонидани онҳо ба принсипҳои иқтисодиёти «сабз», кабудизоркунии роҳҳои автомобилгарди наздиҳавлигии дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ тадбирҳои ба таври фаврӣ  чораандешӣ намоянд.

Пешвои миллат борҳо дар суханрониҳои худ аҳамияти рушди нақлиётро ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими кишвар зикр намудаанд.

Тоҷикистон барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ислоҳоти институтсионалиро дар соҳаи коммуникатсияи нақлиётӣ амалӣ менамояд. Дар ин бора Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи майи соли 2023 зимни суханронӣ дар ҷаласаи васеи Шӯрои олии Иқтисодии Авруосиё  иттилоъ доданд.

«Дар шароити савдо ва бартараф кардани монеаҳо дар роҳи ҳаракати озоди молҳо талабот ба хизматрасониҳои нақлиётӣ дар самти суръат, эътимоднокӣ ва сифати нақлиёт низ баланд мешавад. Бо ин мақсад мо ислоҳоти ҷиддии институтсионалӣ мегузаронем», - гуфтанд Сарвари давлат ва илова намуданд, ки шуруъ аз соли 2020 ҷумҳурӣ ҳангоми тартиб додани амалиёти содиротӣ-воридотӣ ва транзитӣ  ба формати «равзанаи ягона» гузаштааст.

Зимни ҳамоиши сарони давлатҳои узви СҲШ, ки моҳи июли соли 2024 дар шаҳри Остона баргузор шуд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шарикону нозирон пешниҳод карданд, ки ба созишнома дар бораи фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалӣ ҳамроҳ шаванд. «Рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалӣ яке аз самтҳои стратегии сиёсати давлатии Тоҷикистон  пазируфта шудааст. Созишнома, ки аз соли 2004 таҳия шуда буд, дар бартараф кардани монеаҳо дар интиқоли бор нақши калидӣ бозид. Ин санад, ки моҳи сентябри соли 2014 дар саммити СҲШ дар Душанбе қабул шуд, қоидаҳо ва расмиётро хеле содда кардааст», -  гуфтанд Пешвои миллат.

Сарвари давлат  ҳамчунин зикр карданд, ки Тоҷикистон дар лоиҳаҳои навсозии инфрасохтори нақлиётӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои нави автомобилгард, хатҳои роҳи оҳан ва марказҳои логистикӣ, инчунин соддагардонии расмиёти гумрукӣ фаъолона иштирок мекунад. Ин тадбирҳо ба бунёди низоми муассир ва рақобатпазири нақлиётӣ нигаронида шудаанд, ки барои Тоҷикистонр дар харитаи боркашонии байналмилалӣ ҷойгоҳи муҳимро таъмин сохта, ба рушди иқтисодӣ ва таҳкими робитаҳо бо кишварҳои ҳамсоя мусоидат менамояд.

Зимни суханронӣ дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP-29), ки 12 ноябри соли 2024 дар Боку баргузор шуд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид карданд: «Мо ният дорем, ки то соли 2032 дар асоси Стратегияи рушди "иқтисоди сабз" истеҳсоли энергияро аз манбаъҳои барқароршаванда дар кишвар пурра таъмин намоем ва то соли 2037 Тоҷикистонро ба "кишвари сабз" табдил диҳем».