Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

Дар Маскав мулоқоти дуҷонибаи вазирони нақлиёти Тоҷикистон ва Русия доир гардид

Санаи нашр: 22-11-2024 Просмотрено: 2269

      Дар доираи сафари кории ҳайати Тоҷикистон ба Федератсияи Русия ҷиҳати иштирок дар Форуми байналмилалии XVIII «Нақлиёти Русия – 2024», ки 21-26 ноябр сурат гирифт, 21 ноябр дар Маскав мулоқоти дуҷонибаи Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Вазири нақлиёти Федератсияи Русия Роман Старовойт баргузор гардид.       

Ҷонибҳо аз рушди муносибатҳо дар соҳаи нақлиёт ва афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ва мусофиркашонӣ тавассути нақлиёти заминӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон зикр карданд, ки барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ имкониятҳо мавҷуданд.

       Гуфта шуд, ки бо ташаббуси сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин, инчунин баъди имзои як қатор санадҳои муҳим дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия дар моҳи ноябри соли гузашта, аз ҷумла вобаста ба соҳаи нақлиёт, ҳамкории Тоҷикистону Русия таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд.     Сухан дар бораи он меравад, ки дар ҷараёни сафари фавқуззикр дар ҳузури сарони ду давлат дар Қасри Кремл Ёддошти тафоҳум миёни вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Русия оид ба рушди ҳамкорӣ дар омода намудан ва  бозомӯзии мутахассисон дар соҳаи нақлиёт ва Нақшаи  тадбирҳои амалӣ («Харитаи Роҳ») оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт байни ду кишвар барои солҳои 2023 2025 ба имзо расида буд.

      Вазири нақлиёти Тоҷикистон изҳори итминон намуд, ки бо талошҳои муштарак муқаррароти ин ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла тадбирҳои дар «Харитаи роҳ» пешбинишуда роҷеъ ба густариши ҳамкорӣ ҷиҳати рушди инфрасохтори нақлиётӣ, логистика ва нақлиёти мултимодалӣ самаранок амалӣ карда мешаванд.

       «Бо дарназардошти чолишҳои муосир Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди нақлиёти шаҳрӣ ва ҷорӣ намудани низоми рақамӣ дар соҳаи нақлиёт аҳамияти калон медиҳад. Ба манзури ин, инчунин таҷрибаи ғании ҷониби Русия, мо ба ҳамкорӣ бо шумо дар ин самт манфиатдорем» - изҳор дошт Вазири нақлиёти Тоҷикистон.

      Дар ҷараёни мулоқоти дуҷониба Вазири нақлиёти ҶТ бо ҳамтои русии худ масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, инфрасохтори нақлиётӣ ва нақлиёти роҳи оҳанро баррасӣ кард.

      Азим Иброҳим аҳамияти зиёд кардани шумораи рухсатномаҳои шакли P-3-ро аз/то кишварҳои сеюм, иҷозати ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаши Тоҷикистонро тавассути дигар нуқтаҳои убури сарҳади байни Русия ва Беларус (ҳоло барои мошинҳои Тоҷикистон танҳо як  нуқтаи убури  «Езерише – Лобок» боз аст), аз нав барқарор кардани қатораи мусофирбари роҳи оҳан  тариқи хатсайри «Душанбе – Маскав» (ҳоло қатора аз Душанбе танҳо то Волгоград меравад), кушодани хатсайрҳои байналмилалии автобус «Душанбе – Маскав», «Бохтар – Маскав», «Хуҷанд – Қазон», «Хуҷанд – Маскав» ва «Хуҷанд – Екатеринбург»-ро махсус зикр намуд.

      Илова бар ин, Вазири нақлиёти Тоҷикистон ба ҷониби Русия пешниҳод кард, ки масъалаи коҳиш додани нархҳо барои хизматрасониҳо оид ба интиқоли борҳои воридотию содиротӣ бо нақлиёти роҳи оҳан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути қаламрави Федератсияи Русияро  дар назар бигирад.

      Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ байни  КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» (РОТ) ва ҶСК «Роҳҳои оҳани Русия» (РЖД) оид ба таъминот ва маблағгузории имтиёзнок, аз ҷумла хариди вагонҳои боркаши инноватсионӣ, вагонҳои мусофирбарӣ ва локомотивҳо, маводи роҳи оҳан ва қисмҳои эҳтиётӣ барои эҳтиёҷоти РОТ изҳор намуданд.

      Дар хотима, ҷонибҳо ниятҳои худро оид ба рушди ҳамкорӣ дар масъалаҳои дар боло зикршуда бори дигар эълом доштанд ва ба сохторҳои марбута супориш доданд, ки онҳоро омӯзанд ва пешниҳодҳо манзур намоянд.     

      Мулоқоти дуҷонибаи вазирони нақлиёти Тоҷикистон ва Русия дар фазои анъанавии дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ  сурат гирифт.