Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим кормандони соҳаи роҳу нақлиёт ва дар шахси онҳо тамоми шаҳрвандони Тоҷикистонро бо Рӯзи Парчами давлатӣ шодбош гуфт.
Матни табрикоти Вазир дар зер пешниҳод мегардад.
Ҳамкасбони азиз, кормандони арҷманди маҷмааи роҳу нақлиёт!
Парчам дар давлатдории ҳар кишвар рамзи соҳибистиқлолӣ, соҳибихтиёрӣ, соҳиби ватан буданро ифода карда, ҳар давлати муосир тавассути Парчами худ ба ҷаҳониён муаррифӣ мегардад. Чун нишони садоқату эҳтиром Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20-уми ноябри соли 2009 тибқи фармони худ рӯзи 24-уми ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд ва мардуми тоҷик ҳамасола ин рӯзро бо шукуҳу шаҳомати хоса ва эҳтироми бепоён ҷашн мегиранд.
Ба ин муносибат ҳамаи шуморо бо ин рӯзи саид табрик гуфта, таманно дорам, ки бигузор Парчами Тоҷикистон чун рамзи сарфарозиву осудагӣ ва музаффариятҳои навини мардуми кишварамон ҳамеша дар ҷаҳон парафшон бошад.
Ҳамкасбони гиромӣ!
Парчами Тоҷикистони азизамон ҳамқадами соҳибистиқлолии кишварамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти давлатӣ ба шумор меравад. Ин муқаддасоти миллӣ дар Иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанд рӯз қабл 32-юмин солгарди онро ботантана ҷашн гирифтем, моҳи ноябри соли 1992 қабул гардида буд.
Басо рамзист, ки таърихи таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ аз ин иҷлосияи таърихӣ, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардида буд, ибтидо мегирад.
Рамзҳои давлатии Тоҷикистон дар тарбияи ватандӯстӣ ва бедор сохтани ҳисси миллӣ дар ниҳоди ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон нақши муҳиму сазовор доранд ва барои ҳар як сокини кишвари соҳибистиқлоламон мӯҷиби ифтихор мебошанд. Ба хусус ҳангоми иҷрои Суруди миллӣ, зимни баланд бардоштани Парчами давлатии Тоҷикистон дар ҷашну ҳамоишҳои бонуфузу баландпояи байналмилалию ҷумҳуриявӣ, ҳамчунин мавриди пирӯзии варзишгарон ва дигар ҳамватанонамон дар мусобиқаҳои варзишӣ ва олимпиадаву санҷишҳои байналмилалӣ қалби ҳар кадоми мо пур аз эҳсоси ифтихор аз Ватани маҳбуб мегардад, то ҳадде, ки дар чашмонамон аз ғояти шодӣ ашк ҳалқа мезанад.
Тавре Пешвои муаззами миллат гуфтаанд: «Парчами давлатӣ дар қатори Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти миллати соҳибихтиёр ва давдати соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад».
Солҳои охир бо дастгириҳои Роҳбарияти олии кишвар иштироки варзишгарону толибилмон, ҳофизону ҳунармандон дар олимпиада ва мусобиқаҳои варзишӣ ва илмию фарҳангии сатҳи байналмилалӣ хеле зиёд шуда, ҳар бор боло гардидани Парчами давлатӣ ва садо додани Суруди миллӣ кишвари соҳибистиқлоли мо ва соҳибтамаддуну соҳибдавлат будани мардуми сарбаланди онро дар миқёси олам ба намоиш мегузорад.
Парафшонии Парчами давлатии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии тобистона, ки аз 26 июл то 11 августи соли равон аз рӯи 32 намуди варзиш бо иштироки беш аз 10 ҳазор варзишгарони сатҳи ҷаҳонӣ аз 206 давлати ҷаҳон дар шаҳри Парижи Фаронса доир гардид, бори дигар ин гуфтаҳои моро собит сохт. Се нафар варзишгарони мо дар ин бозиҳо соҳиби медал шуданд ва се маротиба Парчами миллии Тоҷикистон дар фазои ин мусобиқоти сернуфузтарини ҷаҳон ҷилвагар шуд.
Парчами давлатии Тоҷикистон аз ҷониби як зумра кӯҳнавардон - шаҳрвандони ватандӯсти кишварамон соли 2013 дар баландтарин қуллаи Итттиҳоди Давлатҳои Мустақил – қуллаи Исмоили Сомонӣ дар баландии 7495 метр ва худи ҳамон сол дар яке аз қуллаҳои баландтарини Аврупо – қуллаи Элбрус дар баландии 5642 метр, соли 2016 дар қуллаи дар ҷаҳон машҳури Фудзиямаи Ҷопон дар баландии 3776 метр ва ниҳоят соли 2021 дар баландтарин қуллаи ҷаҳон –Эверест дар баландии 8848 метр насб карда шуд. Парчами давлатии Тоҷикистон ҳатто дар баландтарин қуллаи Эквадор – қуллаи Чимборасо низ парафшон карда шудааст.
Соли 2004 Парчами давлатии Тоҷикистон аз ҷониби кайҳоннаварди тоҷикиасли Русия Солиҷон Шарипов ҳатто ба кайҳон бароварда шуд! Ду сол пеш, моҳи ноябри соли 2022 ин кайҳоннавард шахсан ин нусхаи Парчамро барои нигаҳдорӣ ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон эъто намуд.
Дӯстони азиз!
Ба хотири мақому манзалати Парчами давлатӣ Пешвои муаззами миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи бунёди Манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби ҷомеаи Тоҷикистон бо эҳсоси баланди ифтихор аз ватандорӣ пазируфта шуд.
30 августи соли 2011. Бисёре аз шумо албатта ин рӯзро хуб дар ёд доред. Дар ин рӯз дар маркази пойтахти кишварамон маросими бошукӯҳе доир гардид, ки он тариқи бисёр шабакаҳои телевизионӣ ва воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳон дар саросари олам паҳн гардид. Зимни ин маросими беназир, дар ҳузури бевоситаи садҳо нафар меҳмонон ва сокинони ҷумҳурӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пояи дарозиаш 165 метр парафшон намуданд. Худи ҳамон лаҳза пояи парчами мо дар ҷаҳон баландарин дониста, ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид карда шуд. Дар худи ҳамон маросим намояндаи Китоби рекордҳои Гиннес Дэвид Чемберс сертификат ё шаҳодатномаи баландтарин манораи парчами давлатиро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорид.
Ҳамкорони азиз,
Парчаму парчамдорӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ, шукуҳу ифтихор ва нангу номус аз замонҳои қадим ба ҳайси суннатҳои асосии миллати сарбаландамон пазируфта шудааст.
Аз сайри кутоҳи таърихӣ маълумамон мегардад, ки Дирафши Ковиён то замони суқути давлати Сосониён парчами миллӣ ва давлатии ниёкони тоҷик будааст. Дар давраи Сосониён шаклаш тағйир ёфта, дар қисми болои он акси паррандаи заррин - Мурғи ҳумо – рамзи орзуву омоли неки миллат ҷой дода шуда, дар бахши мураббаи он қиматтарин сангҳо насб гардида буданд.
Дирафш, парчам аз замонҳои қадим то ба имрӯз барои миллати куҳанбунёдамон нишонаи муқаддаси давлатдории миллӣ, озодиву озодагӣ будааст ва фарзандони бузурги миллати тоҷик барои ҳифзи ин рамзи муқаддас ҷоннисорӣ намудаанд. Дар тӯли таърих ва умуман ҳоло ҳам дар забони муошират аз Парчам бо номҳои гуногун, аз ҷумла: «Байрақ», «Ливо», «Парчам», «Алам», «Дирафш» ва ғайраҳо ном мебаранд. Аммо дар моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар рамзҳои давлатӣ он бо мафҳуми зебои сирф тоҷикӣ «парчам» сабт шуда, нишони устуворӣ, пойдории давлату миллат ва забони миллиамон мебошад.
Агар таърихи давлатдориро варақгардон кунем, аввалин Парчами Тоҷикистон соли 1924 таъсис ёфт ва то соли 1929 Тоҷикистон бо ҳамин Парчам дар таркиби Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ ҳамчун ҷумҳурии мухтор арзи вуҷуд дошт. Соли 1953 Парчами Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон боз тағйир пазируфт ва то қабули Парчами нав, яъне то соли 1992 дар ҳамон шакл истифода мешуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Парчами давлатӣ ормону орзу ва мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос кардааст».
Дарҳақиқат, дар парчами давлатии мо рангҳои сурху сабзу сафед, ки аз сафедию покии дили ниёкон, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хати дафтару девони пешиниён маншаъ мегиранд, ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи тобон, ояндаи дурахшон, сулҳу субот, саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора бошанд ҳамчун рамзи соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикос гардидаанд. Аз ин ҷост, ки Парчами давлатӣ ба сифати рамзи музаффарият ва гузаштаи пурифтихор моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу субот, мубориза баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ва ба сӯи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад.
Дӯстони арҷманд,
Ба Парчами давлатӣ эҳтиромона ва бо муҳаббат муносибат намудан вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳояшон гуфтаанд: «Нерӯҳои содиқ ба Ватану миллат маҳз зери Парчами давлатӣ сарҷамъ гардиданд ва дар кишвар сулҳу субот, иттиҳоди қавии кулли сокинони мамлакат таъмин карда шуд. Парчами давлатӣ ба мо имкон дод, ки ба мазмуну моҳияти ҳаёти давлати худ бо диди нав назар андозем, ба таърихи гузаштаамон бо чашми ибрат нигоҳ кунем ва ба сӯи ояндаи дурахшони давлату миллат бо эътимоди қавӣ қадамҳои устувор гузорем».
Ба хотири арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ва тақвияти ҳисси милливу ифтихори ватандории сокинони кишвар, пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон бо ташаббусҳои созандаи Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, инчунин, шаҳраку деҳоти мамлакат даҳҳо майдону гулгашти Парчам бунёд гардида, ҳоло дар онҳо ин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон парафшонӣ мекунад ва ин маконҳо ба ҷойи сайру истироҳати шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла, ҷавонон табдил ёфтаанд. Парчами давлатӣ дар фарози иншооти азим, ташкилоту идораҳои давлатӣ, муассисаҳои фарҳангиву таълимӣ ва коргоҳу корхонаҳо парафшонӣ мекунад.
Боз яке аз суханони таърихиии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро иқтибос меорам, ки гуфтаанд: «Парчами давлатӣ рамзест, ки қудрати мутттаҳидкунанда дорад ва дар қалби ҳар як шаҳрванд ғурури миллӣ ва эҳсоси гарми ватандориро бедор мекунад».
Ҳамкасбони азиз!
Бори дигар ҳамаи Шуморо бо ин рӯзи фараҳманд – Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик гуфта, таманно мекунам, ки Парчами мо ҳамеша ва дар дар ҳама ҷо дар баландиҳо парафшон бошад ва зери ин ливои озодӣ осудагиву истиқлолу осудагӣ дар кишвари азизамон ҷовидон бимонад.
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак, ҳамкасбони азиз!