Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Дар Вазорати нақлиёт ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд

Санаи нашр: 22-11-2024 Просмотрено: 2514

22 ноябр дар Вазорати нақлиёти ҶТ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаву корхонаҳои тобеи вазорат баргузор гардид.

 Ҷамъомадро муовини аввали Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Бобозода ифтитоҳ намуда, аз номи роҳбарияти вазорат ҳозиринро бо ин ҷашни умумимиллӣ табрик гуфт.

Ӯ зикр кард, ки Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими давлатии кишварамон ва яке аз рукнҳои давлатдориамон буда, таърихи давлатдорӣ ва мақсаду мароми мардуми тоҷикро дар худ таҷассум кардааст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намуданд: «Парчами давлатӣ сокинони мамлакати моро муттаҳид ва ба бунёду обод ва сарсабзу хуррам гардонидани  Ватанамон  ҳидоят месозад, ифтихори миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии онҳоро  афзун менамояд».

Дар маҷлис инчунин муовини аввали Директори  МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ» Ҷаҳонгир Пиров ва мутахассиси шӯъбаи сармоягузорӣ Шохон Шокирова дар бораи таърих ва аҳамияти парчами Давлатӣ  ибрози назар намуданд.

Дар оғоз ва анҷоми ҷамъомади тантанавӣ Суруди миллии Тоҷикистон садо дод.