Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ НАҚЛИЁТ «ИДМ ПЛЮС». Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар Форуми баналмилалӣ дар Москва иштирок ва суханронӣ намуд

Санаи нашр: 19-11-2024 Просмотрено: 2643

19 ноябр дар шаҳри Москва Форуми XVIII байналмилалӣ ва Намоишгоҳи «Нақлиёти Русия» - ҳамоиши калидии «Ҳафтаи нақлиёт» оғоз пазируфт, ки онро ҳамасола Вазорати нақлиёти Федератсияи Русия баргузор мекунад.

Дар ин ҳамоиш ҳайатҳои кишварҳои ИДМ – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон, инчунин аз хориҷаи дур – Эрон, Миср, Куба, Покистон, Муғулистон ва дигар кишварҳо иштирок доранд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим роҳбарӣ мекунад.

Иштирокчиён ва меҳмонони форум нахуст бо экспозитсияи васеъмиқёси дорои масоҳати 3,9 ҳазор метри мураббаъ шинос шуданд, ки дар он зиёда аз 100 намоишгар – чеҳраҳои шинохтаи соҳа лоиҳаҳои худро ба намоиш гузоштаанд.

Имрӯз яке аз нишастҳои асосии форум – Мубоҳисаи умумӣ дар мавзӯи «Ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт “ИДМ плюс”: алоқамандӣ, устуворӣ, самаранокӣ» баргузор шуд. Дар он Вазири нақлиёти Русия Роман Старовойт ширкаткунандагон ва меҳмононро хайрамақдам гуфт ва икр намуд, ки дар Русия лоиҳаҳои нави миллӣ таҳия карда мешаванд, марказҳои логистикӣ бунёд мегарданд, маҷмӯи пурраи тадбирҳо барои рушди инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар МБА (БАМ), Транссиб, дар вурудгоҳҳо ба бандарҳои баҳрӣ амалӣ карда мешаванд.

«Ин вазифаҳо боястӣ дар ҳамкорӣ бо шарикон иҷро карда шаванд», -  гуфт ӯ.

Тавре Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим зимни суханронии худ изҳор дошт, Тоҷикистон ба рушди долонҳои устувори нақлиётӣ, роҳҳои алоқаи минтақавӣ ва байналмилалии нақлиётӣ аҳамияти калон медиҳад.

«Ҳадафи мо пурра ворид кардани системаи нақлиётии кишвар ба системаи умумиҷаҳонӣ мебошад. Дар ин самт ба фароҳам овардани шароит барои фаъолияти устувори гузаргоҳҳои нақлиётию транзитӣ байни минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русия, ки аз қаламрави Тоҷикистон мегузаранд, ҷойгоҳи муҳим дода мешавад», - таъкид кард ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, мавқеи ҷуғрофии Осиёи Марказӣ ҳамчун пули байни кишварҳои минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором (МОУ) ва Аврупо хизмат мекунад ва шоҳроҳҳо ва инфрасохтори сохташаванда дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи мо онро ба маркази мукаммали транзитии Авруосиё табдил медиҳанд.

«Мо барои рушди робитаҳои байни кишварҳои минтақа ҳамчун асос барои таъмини рушди иқтисодӣ, ривоҷи хизматрасониҳои нақлиётии марзӣ ва транзитӣ, инчунин тавсеаи занҷираҳои таъминот тавассути долонҳои мултимодалӣ талош меварзем», - иброз дошт Вазири нақлиёти ҶТ.

Дар ин замина, Азим Иброҳим дар бораи афзоиши талошҳо барои истифодаи самараноки долони «Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо», ки роҳи кӯтоҳтаринро ба бозорҳои Аврупо таъмин мекунад, дар бораи сохтмони нақшавии якчанд маҷмааҳои логистикӣ дар қаламрави Тоҷикистон маълумот дод ва гуфт, ки  бо ин мақсад лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 100 миллион доллари ИМА омода карда шудаанд. Танҳо дар бахши нақлиёти роҳи оҳан даҳҳо лоиҳаҳо ба маблағи беш аз 5 миллиард доллари ИМА, аз ҷумла барои васеъ  ва барқикунонии хатҳои роҳи оҳан таҳия шудаанд.

«Дар маҷмӯъ, дар ояндаи наздик ба инфрасохтори нақлиётӣ тақрибан 6,3 миллиард доллар ҷалб карданӣ ҳастем. Табиист, ки дар татбиқи ин нақшаҳо мо ба ҳамоҳангии талошҳои кишварҳои минтақа, аз ҷумла тавассути ҷалби сармояи зарурӣ умед мебандем», - изҳор дошт Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.    

Ӯ дар ин замина Созишнома «Дар бораи таҳкими робитаҳои нақлиёти рӯизаминӣ дар Осиёи Марказӣ»-ро, ки моҳи сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе аз рӯи натиҷаҳои Мулоқоти нахустини вазирони нақлиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар  доираи  Мулоқоти 5-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, имзо шуд, «дастоварди муҳими минтақа» номид.

Азим Иброҳим ҳамчунин ба иштирокчиёни нишаст дар бораи як қатор  тадбирҳои мақсаднок, ки солҳои охир дар Тоҷикистон андешида мешаванд, иттилоъ дод. Аз ҷумла, якҷоя бо ширкати PWC-и Корея ва бо дастгирии «Эксимбанк»-и  ин кишвар Нақшаи асосии рушди системаи миллии логистика дар Тоҷикистон таҳия шудааст. Ба рақамикунонии нақлиёт аҳамияти муҳим дода мешавад. Бо ин мақсад бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёти Тоҷикистон таъсис дода шуд. Танҳо дар як соли фаъолияти ин муассиса дороиҳои беш аз 5 ҳазор км роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалӣ ҷамъоварӣ карда шуданд.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон оид ба таҷдиди стратегияҳои рушди  соҳаи нақлиёт тадбирҳо меандешад. Ба рушди нақлиёти устувор таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Чанде пеш Ҳукумати кишвар Барномаҳои рушди нақлиёти барқиро барои солҳои 2023-2028 тасдиқ кард.

Вазир ба таҷдиди роҳи духатаи «Данғара – Гулистон» бо дарозии 50 км ва васеъшавии он то чор хат махсус таъкид кард. Ҷиҳати дастгирии молиявии лоиҳа, ки дар доираи он усулҳои инноватсионии бунёди  «роҳҳои сабз» бори аввал санҷида мешаванд, Бонки Осиёии рушд (БОР) ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР)  изҳори омодагӣ намуданд.

«Дар натиҷаи ин талошҳои мо рейтинги роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон, аз ҷумла дар Индекси логистикаи Бонки Ҷаҳонӣ (LPI) ба таври  чашмрас беҳтар гардид», - гуфт Вазири нақлиёти Тоҷикистон.

***

19 ноябр инчунин ҷаласаи Машварати ҳамоҳангсозии нақлиётии (МҲН) давлатҳои иштирокчии ИДМ баргузор шуд. Вазирони нақлиёти кишварҳои Иттиҳод масъалаҳои муҳими рушди шарикии стратегӣ, системаҳои миллии нақлиётӣ ва ҳамгироии онҳоро ба шабакаи умумии нақлиётии Иттиҳод баррасӣ карданд.  

Ба таҳкими робитаи байниҳамдигарии инфрасохтори нақлиётӣ, рушди гузаргоҳҳои байналмилалии нақлиётӣ,ташаккули занҷирҳои устувори таъминот диққати махсус дода шуд.

Рӯзи чоршанбе, 20 ноябр,  Мубоҳисаи умумии дигар дар мавзӯи «Системаи самараноки нақлиётӣ. Ҷанбаҳои  калидӣ» баргузор мешавад.  

Дар рӯзи охирини форум, 21 ноябр, конфронсҳои соҳавӣ бахшида ба нақлиёти роҳи оҳан, рушди шабакаи аэродромҳо, нақлиёти обӣ, ҳамкории байналмилалии илмӣ баргузор мешаванд.