Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ба татбиқи лоиҳаҳои нав дар соҳаи нақлиёт шуруъ мекунанд

Санаи нашр: 15-11-2024 Просмотрено: 2694

12 ноябр дар Душанбе Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Корея – намояндагони Ширкати миллии роҳи оҳани ин кишвар, Бонки содирот ва воридоти Корея («Eximbank») ва ширкати  сохтмонии «Даеҳан Консултант» («Dahan Consultance») таҳти роҳбарии Мудири кулли «Eximbank» Мун Кю Баонг мулоқот кард.

Зимни  мулоқот ҷонибҳо аз рушди муносибатҳои ду кишвар дар соҳаи роҳу нақлиёт, хусусан татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

«Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкориҳои судманд ва кӯшишу талошҳои беғаразонаи Кореяи ҷанубӣ барои таъмину тавсеаи рушди муносибатҳои ду кишвар дар соҳаи роҳу нақлиёт ва дастгирии пайваставу устувор ҷиҳати татбиқ намудани лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ самимона  минатдорӣ баён менамояд»,  - гуфт Вазири нақлиёти   Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим.

Ӯ тазаккур дод, ки солҳои охир, хусусан тайи солҳои 2023-2024  муносибатҳои Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ дар соҳаи нақлиёт хеле рушд намуданд. Аз ҷумла, 1 июли соли 2024 байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Ширкати миллии роҳи оҳани Корея Ёддошти тафоҳум оид ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории муштарак дар соҳаи роҳу нақлиёт  ба имзо расонида шуд. Соли 2024 Тоҷикистону Корея тавонистанд ду лоиҳаи хурдро (марҳилаи якуми омӯзишии имкониятҳои сохтмони метро дар шаҳри Душанбе ва таҳияи  тарҳи аслии рушди низоми логистика дар Тоҷикистон) ба анҷом расонанд.

Ҳоло Тоҷикистону Корея ба татбиқи ду лоиҳаи аз нигоҳи стратегӣ  дорои аҳамияти минтақавӣ оғоз бахшиданд: якум - таҳияи пеш аз асосноккунии техникиву иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе ва дуюм - таҳияи асосноккунии техникиву иқтисодии сохтмони қитъаи роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён», ки роҳи оҳани Тоҷикистонро бо     Афғонистон пайванд менамояд.

 Ҳамчунин ҷонибҳо ба нақша гирифтаанд, ки  аз моҳи декабри соли 2024  ба татбиқи лоиҳаҳои зерин шуруъ мекунанд:

- таҳияи пеш аз асосноккунии техникиву иқтисодии қитъаи роҳи оҳан аз деҳаи Тугараки ноҳияит Восеъ то МОИ Кӯлоб;

- таҳияи пеш аз асосноккунии техникиву иқтисодии электрикунонӣ ва модернизатсияи системаи сигнали қитъаи роҳи оҳани «Пахтаобод – Душанбе – Ваҳдат»;

         - асоснокккунии техникиву иқтисодии сохтмони маркази логистикӣ дар шаҳри Кӯлоб. 

 «Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки дар ин самт ҳамкориро бо ҷониби Корея боз ҳам тақвият бахшида, дар доираи имкониятҳои ҳарду кишвар татбиқи ин лоиҳаҳоро марҳила ба марҳила амалӣ намоянд», - изҳор дошт Азим Иброҳим.

Ҷониби Корея дар мулоқот зикр намуд, ки ҶК низ барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи нақлиёт ҳавасманд буда, омода аст дар оянда барои пурра ба анҷом расонидани лоиҳаҳои болозикр бо  Тоҷикистон ҳамкориро идома диҳад.

13 ноябр байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки содирот ва воридоти Корея ва ширкати «Даеҳан Консултант» («Dahan Consultance») - и     Корея Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар таҳияи лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникӣ-иқтисодии электрикунонии қитъаи роҳи оҳани   «Пахтаобод-Душанбе-Ваҳдат» ба имзо расонида шуд.

 Санади мазкурро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим,  Мудири кулли  лоиҳаҳои Бонки содирот ва воридоти («Eximbank») Корея Бунг Ҷеонг ва  ноиби Президенти ширкати «Даеҳан Консултант»-и  Корея Сонг Ҷае Ил ба имзо расониданд.

 Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи мазкур бо кӯмаки техникии Бонки содирот ва воридоти Корея амалӣ мегардад.

Дар асоси Ёддошти мазкур ширкати «Даеҳан Консултант»-и  Корея   дар давоми 9 моҳи оянда лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникӣ-иқтисодии электрикунонӣ ва таҷдиди қитъаи роҳи оҳани мазкурро якҷо бо мутахассисони ҷониби Тоҷикистон таҳия ва барои корбарии минбаъда пешниҳод менамояд.