Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ТАБРИКОТИ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 15-11-2024 Просмотрено: 3864

Дӯстони азиз, ҳамкасбони арҷманд,

Дар таърихи сиёсати ҷаҳонӣ таҷрибаи арҷгузорӣ  ба хизматҳои арзандаи шахсиятҳои бузург, сиёсатмадорони барҷаста ва ходимони намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ роиҷ ва маъмул аст. Дар бисёр кишварҳо санаҳои марбут ба ҳаёт ва фаъолияти чунин шахсиятҳо ҳамчун ҷашнҳои умумумиллӣ қабул гардида,  дар сатҳи баланди давлатӣ таҷлил  карда мешаванд.

Дар кишвари мо аз соли 2016 инҷониб тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси чунин  иди умумимиллӣ пазируфта шудааст ва дар саросари мамлакат, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва дигар идораю муассисаҳо,  намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва миёни тоҷикони бурунмарзӣ бо шаҳомати хоса ва ифтихору сарфарозӣ  ҷашн гирифта мешавад.

Ба ин муносибат ман ҳамаи шумо ва дар шахси шумо аҳли оилаи ҳар кадоматонро бо ин ҷашни бошукуҳ самимона табрику таҳният мегӯям. 

Дӯстони арҷманд,

Мардуми сарбаланди мо дар ин рӯзи фараҳбахш эҳтирому эътимод ва ихлосмандию ифтихормандии худро ба Сарвари давлат баён медоранд. Зеро Пешвои миллати мо на танҳо дар байни сокинони  Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин дар миёни кишварҳои ҷаҳони мутамаддин, роҳбарони давлатҳо, сиёсатмадорон ва намояндагони қавму миллатҳои гуногун маҳбубият ва эҳтироми сазовор пайдо кардаанд.

Барои тақвияти ин фикр ин ҷо чанд иқтибос меорам, ки аз забони сарварони чор давлати дунё садо додаанд:

Президенти Федератсия Русия Владимир Путин дар як мақола, ки соли 1999 дар маҷаллаи бонуфузи ин кишвар «Огонёк» дарҷ шудааст, чунин  изҳори андеша намудааст:

«Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз мавқеъҳои асосиро ишғол менамояд. Ва ин амри тасодуф нест. Тамоми саъй ва кӯшишҳои ӯ нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ идома дорад.    Намунаи ҳамсон ба ин раванд дар кишварҳои дигар, ки дар он ҷо авзоъ то андозае муташанниҷ аст, вуҷуд надорад. Он чизе, ки дар Тоҷикистон мегузарад, — барои бисёре аз халқҳо ва кишварҳои олам намунаи ибрати хуб аст».

Дар як мавод, ки соли 2000-ум дар маҷаллаи «Огонёк» ба табъ расидааст, чунин суханони Дзян Дземин, ки солҳои 1993 – 2003 Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин буд, оварда шудааст. Ӯ гуфтааст:

«Халқи Тоҷикистон бо сарварии Президент Эмомалӣ Раҳмонов бо итминон вориди ҳазорсолаи сеюм мешавад. Саъйу кӯшишҳои Сарвари давлати тоҷикон ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои осиёӣ ба ҳама маълум аст. Мо ҳама ҷонибдори сулҳ, ризоият ва рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошем».

Ҷорҷ Буш, Президенти Иёлоти Мутаҳидаи Амрико  дар солҳои 2001 – 2009,  суханони ӯ дар як маводе, ки  соли 2002 дар рӯзномаи «Садои мардум» ба нашр расидааст, оварда шудааст. Ӯ гуфтааст:     

«Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи барои кишвараш бениҳоят мураккаб инони  давлатро ба даст гирифт. Аммо ӯ тавонист дар давраи кӯтоҳ сулҳро дар кишвар барқарор созад ва ба арсаи байналмилалӣ ворид шавад. Чунин сиёсатмадорон ангуштшуморанд».

Ва, ниҳоят, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев зимни суханронии худ дар консерти «Шоми дӯстӣ», ки 10 марти соли 2018 дар «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе доир гардида буд, чунин изҳор дошт:

«Имрӯз мо дар муносиботи дуҷонибаи худ саҳифаи навро боз ва ин муносиботро ба сатҳи сифатан баландтар мебардорем. Мусалламан, ин хидмати шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бародари азизам, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович — арбоби барҷастаи давлатӣ ва сиёсӣ аст, ки хидматҳои ӯ дар тамоми ҷаҳон эътироф шудаанд».

Ин чанд иқтибос ҳамагӣ чанд намуна аз садҳо суханони шахсиятҳои маъруфи ҷаҳон ҳастанд, ки дар бораи хизматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа шудаанд.

Мо шукр мекунем, ки Худованд чунин шахсро барои миллати тоҷик ато фармуд.  32 сол қабл аз ин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи сарнавиштсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд намуданд, ки ба Тоҷикистон сулҳ меоранд, то охирин муҳоҷирро ба Ватан бармегардонанд ва миллати азияткашида ва парокандаи тоҷикро сарҷамъ мекунанд.

Ва чунин ҳам карданд. Пас аз талошҳои ҷонфидоёна, сафарҳои пурхатар ва гуфтугӯҳои созанда бо гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ба ин абармарди сиёсат, шуҷоъ ва хирадманд муяссар шуд, ки ҷони худро ба гарав монда, ваҳдату сулҳро дар кишвар барқарор намоянд.

Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корномаҳое нишон доданд, ки Тоҷикистонро ба таври назарррас дигаргун намуда, мавриди эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд. Аз ҷумла:

- сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар саросари кишвар пойдор намуданд;

- «фарҳанги сулҳи тоҷикон»-ро ба вуҷуд оварданд, ки имрӯз дар тамоми дунё машҳур аст;

- рамзҳои давлатии Тоҷикистонро қабул карданд;

- Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳким бахшиданд;

- дар асоси таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар тамоми соҳаҳо ислоҳоти фарогирро роҳандозӣ намуданд;

- дар оғози фаъолияти худ бори аввал дар таърихи кишвар 75 ҳазор гектар заминро ба деҳқонон тақсим намуданд, баъдан боз 138 ҳазор гектар заминро барои 1 миллиону 400 ҳазор сокинони мамлакат барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо намуданд;

- амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти энергетикиро таъмин намуда, Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшиданд;

- солҳои 2022 – 2026-ро Солҳои саноатикунонии босуръат эълон намуда, дар назди Ҳукумати мамлакат вазифа гузоштанд, ки Тоҷикистон ба кишвари индустиалӣ-аграрӣ ва транзитӣ табдил дода шавад;

- сохтмони калонтарин нуругоҳи барқи обии Осиёи Марказиро дар Роғун ба роҳ монданд, ки то имрӯз ду агрегати он мавриди истифода қарор дода шудаанд;

- ба таври бесобиқа ҳаҷми буҷети давлатиро дар 20 соли аввал 11 маротиба ва Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро  58 маротиба зиёд намуданд;

- оид ба  масоили обу иқлим ва  беҳдошти зиндагии аҳолии сайёра  ташаббусҳои глобалӣ пешниҳод намуданд, ки онҳо аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта ва дар тамоми ҷаҳон паҳн карда шуданд;

- арзишҳои миллӣ ва ҷашну анъанаҳои суннатии халқамонро аз нав эҳё намуданд;

- сатҳи дарозумрии аҳолиро баланд бардоштанд. Бино ба маълумоти  Вазорати тандурустӣ, дар соли 2024 дарозумрии аҳолии Тоҷикистон  ба ҳисоби миёна 76,1 солро ташкил дод, ки ин нисбат ба сатҳи миёнаи дарозумрӣ дар ҷаҳон 3 сол ва нисбат ба соли 1989  беш аз 6 сол зиёд аст;

- ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода, нуфузу мартабаи онро ба таври беназир баланд бардоштанд;

- солҳои 2020 – 2040-ро Бистсолаи  омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф  эълон намуданд; 

 - соли 2003 «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ»  фармони махсус содир намуда, аҳолии кишвар, махсусан ҷавонону наврасонро ба омӯхтани лоақал ду забони хориҷӣ ба ғайр аз забони давлатӣ даъват намуданд; 

- бо ташаббуси бевоситаи худ қонунҳои миллии «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул карданд;

- аҳолии мамлакатро ба тарзи ҳаёти солим даъват намуданд;

-ҳанӯз соли 2003 Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро имзо намуда, ба  Ҳукумати  мамлакат супориш доданд, ки  технологияҳои нав, рақамӣ ва таҷоруби пешқадами чаҳонӣ дар тамоми соҳаҳо ба таври васеъ ҷорӣ карда шавад.

Ҳамкасбони арҷманд,

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP29), ки  чанд рӯз пеш, аниқтараш 11-12 ноябри соли орӣ дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон бо ҳузури сарони 80 давлат, Дабири кулли СММ, роҳбарони ҳукуматҳо ва ҳайатҳои даҳҳо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуда, роҷеъ ба қабули Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» аз ҷониби Тоҷикистон чунин иброз доштанд:

«Имрӯз аллакай 98 фоизи барқи мо аз ҳисоби энергияи обӣ истеҳсол шуда, ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ ночиз мебошад ва аз рӯйи ин нишондод мо дар ҷаҳон дар ҷойи 130-юм қарор дорем. Мо ният дорем, ки то соли 2037 Тоҷикистонро ба кишвари “сабз” табдил диҳем».

Аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 ва Стратегияи рушди «иқтисоди сабз»  лоиҳаи Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 таҳия гардид, ки он  бо Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2022 тасдиқ шудааст. Ин Барнома андешидани тадбирҳои зеринро пешбинӣ менамояд:

- таъсиси замина барои истеҳсоли мошинҳои барқӣ ва коллекторҳои (таҷҳизоти барқдиҳии) онҳо;

- бунёди инфрасохтор ҷиҳати таъмини барқ ва таъмиру нигоҳдории мошинҳои барқӣ;

- коркарди технологияи нобудсозии (утилизатсияи) аккумуляторҳо;

- додани имтиёзҳои иловагӣ ва дигар бартариятҳо ба ронандагони мошинҳои барқӣ;

-ташаккули маҷмӯи тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии рушди нақлиёти барқӣ. 

Мавриди зикри хос аст, ки Пешвои муаззами миллат фаъолияти   бунёдкоронаи худро дар нахустин солҳои душвори баъди ҷанги шаҳрвандӣ ҷиҳати рушди иқтисодиёти мамлакат ва беҳбуд бахшидани шароити зиндагии сокинони кишварамон маҳз аз сохтмони роҳу пулҳо  сар кардаанд. Дар филми мустанади «Эмомалӣ Раҳмон – марде аз сарнавишт», ки тариқи шабакаҳои давлатии Телевизиони Тоҷикистон борҳо намоиш ёфтааст, чунин изҳори андеша карда мешавад: «Эмомалӣ Раҳмон дарк намуд, ки ягона роҳи наҷот аз ин вартаи ҳалокатбор роҳсозӣ аст. Бале, роҳ бояд сохт!».

Худи Ҷаноби Олӣ дар ин филм чунин мегӯянд: «Як сабаби бадбахтӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандиии  Тоҷикистон ҳам ҳамин буд: ҳар кас дар дараи худ, дар минтақаи худ... Ин як баҳонае буд ба маҳалҳо ҷудо шудан. Роҳҳо сохта мешаванд, мардум рафтуо мекунанд, дӯстӣ ва хешутаборӣ мешавад, одамон ба якдигар наздик мегарданд».  

Бинобар ин бо ташаббус, дасгирӣ ва роҳбарии бевоситаи Сарвари давлат дар солҳои соҳибистқлолӣ дар мамлакат 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳким бахшидани иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, беш аз 2200 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд ва ҳоло корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.

Дар ояндаи наздик роҳҳои Тоҷикистон ба сифати долони транзитӣ ва иқтисодии «Чин – Тоҷикистон – Афғонистон» ва «Чин – Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо», инчунин, «Тоҷикистон – Чин – Покистон» истифода хоҳанд шуд.

Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик барои ташаккули долонҳои иқтисодӣ лоиҳаҳои бунёду таҷдиди як қатор роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявиро лоиҳакашӣ ва барои ҷалби сармоя пешниҳод намояд.

Роҳҳои Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон, аз Варшез то гузаргоҳи «Кулма – Қарасу», «Бохтар – Ҷалолиддини Балхӣ – Қубодиён – Шаҳритус – Айвоҷ – сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон»,    «Хуҷанд – Конибодом», «Хуҷанд – Ашт» ва «Балҷувон – Сари Хосор» аз ҷумлаи ҳамин гуна лоиҳаҳо мебошанд.

Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 13 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодаанд.

Ҳоло татбиқи лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди «Роғун – Обигарм – Нуробод»   ва бунёди пули калонтарин дар мамлакат бо дарозии 920 метр дар водии Рашт, лоиҳаҳои  сохтмони роҳҳои «Бекобод – Деҳмой», «Деҳмой – Бобоҷон Ғафуров», «Бобоҷон Ғафуров – Хистеварз» ва «Конибодом – Кучкак»  дар вилояти Суғд, «Бохтар – Левакант – Лолазор – Данғара», «Гулистон – Кӯлоб», «Данғара – Гулистон», «Гулистон – Фархор – Панҷ – Дӯстӣ» дар вилояти Хатлон, таҷдиду барқарорсозии роҳи мошингарди «Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон»  бо сохтмони ду нақб бо дарозии 5,2 километр,   ду пул бо дарозии 283 метр аз болои дарёҳои Ғунд ва Шорфдара, 4,5 километр роҳ ва 550 метр долонҳои зидди тарма  дар ВМКБ    идома дорад.

Дар 7 соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар  шаҳри Душанбе  82 километр роҳҳо азнавсозӣ ва 2 эстакада   сохта шуданд, дар се соли оянда дар  пойтахт  40 километр роҳҳои мошингард бо 7 эстакада сохта, ба истифода дода мешаванд.

Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ кишвари мо дар натиҷаи сарварии оқилона ва фидокоронаи  Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон тавонист ба сатҳи нави тараққиёт барояд.

Мо барои он имрӯз аз ин ҳама ёдовар шудем ва бояд ёдовар шавем, ки корномаю ибтикороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  тӯли қариб 32 соли роҳбариашон  Тоҷикистонро ба таври назаррас дигаргун намуда, мавриди эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи Тоҷикистон он нақши миқёсан азимеро бозидаанд, ки гунаи онро дар рушди давлатҳои худ чунин сиёсатмардони маъруф ба мисли Отатурк дар Туркия, Шарл де Гол дар Фаронса, Моҳатҳир Муҳаммад дар Малайзиё, Ли Куан Ю дар Сингапур, Дэн Сяопин дар Чин ва ё Франклин Рузвелт дар Амрико доштаанд.

Бинобар ин, мардуми шарифи Тоҷикистон  Сарвари худро аз ҷон бештар дӯст медоранд, зеро 32 сол пеш ба ӯ бовар намуданд,   ояндаи кишварро ба ӯ супурданд ва дар ин кор хато накарданд.

Имрӯз кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби обрӯи бесобиқа гашта, таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба  дастуру китобҳои сиёсатшиносӣ дохил шудааст. Рушди кишвар, ободиву тинҷӣ ва сатҳи зиндагии мардуми мо хеле боло рафта, Тоҷикистон аз кишварҳои амнтарини дунё ҳисобида мешавад ва Душанбе ба пойтахти чорабиниҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст.

Барои ҳамин мардуми кишварамон соли ҳаштум аст, ки бо як ҷаҳон ифтихору сарфарозӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро  ҷашн мегиранд.

Бори дигар ҳамаи Шуморо ба ифтихори ин ҷашни бузург табрику таҳният мегӯям ва бароятон умри дароз, саломатии бардавом ва  саодату хушбахтӣ мехоҳам!