Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи Комиссия Аврупо мулоқот анҷом дод

Санаи нашр: 05-11-2024 Просмотрено: 2265

5 ноябри соли 2024 вохӯрии Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо мудири департаменти Ховари наздик, Осиём Миёна ва минтақаи Уқёнуси Ороми Директорати шарикии байналмилалии Комиссия Аврупо Петерис Устубс баргузор гардид.

Зимни  мулоқот ҷонибҳо  вобаста ба платформаи ҳамоҳангсози Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо оид ба пайгирии лоиҳаҳои долони байналмилалии Фарохазар, ки ба ҷалби сармоягузории инфрасохторӣ алалхусус ба рушди гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо як истгоҳ ва як маркази муштараки логистикӣ дар минтақаи гузаргоҳи сарҳади давлатии Фотеҳобод бо системаи ҳамгирошудаи идоракунии сарҳад нигаронида шудааст,  табодули назар намуданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаи сармоягузорӣ ба густариши хатҳои роҳи оҳани вилояти Суғд, пайвастани ин хатҳои роҳи оҳан ба Минтақаи озоди иқтисодии (МОИ) «Суғд», инчунин ҷалби сармоягузорӣ ба электрификатсиякунонии қитъаҳои роҳи оҳани минтақаи шимолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

 Мавриди зикр аст, ки мулоқоти мазкур дар идомаи ширкати ҳайати кишвар дар Форуми сармоягузорон оид ба шабакаҳои устувори нақлиётӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки 29 – 30 январи соли равон дар пойтахти Белгия  шаҳри Брюсел баргузор гардида буд,  сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи Форуми сармоягузорон дар Белгия   аз ҷониби кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо паҳлуҳои гуногуни пайвастшавӣ ва густариши долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, механизмҳои дастгирии пайвастани фаромарзии кишварҳо ва рушди шабакаҳои нақлиётии устувор пешниҳод гардида буд, ки дар назар аст ин иқдомҳо дар оянда бо шарикони рушд татбиқ гарданд.