Новости

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ТАБРИКОТИ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дата: 05-11-2024 Просмотрено: 4889

Матни табрикоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ба ифтихори 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

 Ҳамкасбони гиромӣ,

Расо сӣ сол пеш,  6 ноябри соли 1994, пас аз Иҷлосияи таърихии шаҳри Хуҷанд,  аз ҷониби мардуми сарбаланди кишварамон,  бо дарки масъулияти бузурги таърихӣ, бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлати навини тоҷикон қабул гардид.

 Ман ҳамаи  шуморо ба муносибати ин ҷашни арзишманди  давлатӣ ва миллиамон – 30-юмин солгарди  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям!

 Дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта, дар вазъияти ниҳоят мураккаби сиёсӣ якдилона қабул гардидани ин ҳуҷҷати тақдирсоз, пеш аз ҳама, гувоҳи аз ҷониби мардуми  Тоҷикистон дастгирӣ ёфтани сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии мамлакат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба ҷаҳониён ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстӣ ва анъанаҳои созандаву бунёдкорона доштани мардуми кишварро собит сохт.

  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавре шумо медонед, аз 10 боб ва 100 модда иборат аст. Дар 4 моддаи аввали он чунин омадааст:

«Моддаи 1. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимои буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд.  

Моддаи 2. Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халкиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд.

 Моддаи 3. Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст.

Моддаи 4. Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе аст». 

Қабули Конститутсия воқеан дастоварди таърихӣ аст ва барои эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, таъмин гардидани суботи конститутсионӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ заминаи мустаҳкам гузошт.

Қабули Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон ба марҳалаи нави таърихӣ оғоз бахшида, боиси дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи мо гардид.

Маҳз ба шарофати Конститутсия рукнҳои давлатдорӣ, низоми ҳуқуқии мамлакат, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ пойдор гардида, давлати мо ба роҳи рушди устувор қадамҳои боэътимод гузошт.

Дар Конститутсия манфиатҳои миллӣ, арзишу анъанаҳои таърихан ташаккулёфтаи фарҳангии халқи тамаддунсози тоҷик, марому мақсади наслҳои гузашта, имрӯза ва ояндаи халқ ифодаи   худро пайдо намуданд.

Тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат кафолат дода шуд.

Ҳамкасбони арҷманд,

Конститутсия чист?

Конститутсия – санади махсуси меъёрии ҳуқуқӣ, Қонуни асосии кишвар аст, ки дар ҳаёти давлат ва мардуми он аҳамияти муҳим дорад. Тамоми қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии мамлакат бояд ба он мутобиқ бошанд.

Конститутсия усулҳои муайян ва системаи томи ҳуқуқии кишварро дарбар гирифта, сарчашмаи қонунгузории кишвар мебошад.

Конститутсия маҷмӯи қоидаҳои гуфтору рафтору кирдорест, ки сокинони кишвар барои худ дар кору рӯзгорашон пазируфта, тавассути овоздиҳии умумӣ қабул кардаанд.

Конститутсия на танҳо ба сиёсат ва ҳуқуқ, балки ба тамоми   соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат дахл дорад.  

Конститутсия яке аз институтҳои асосии давлати демократист.

Дӯстони азиз,

Яке аз ҳадафҳои асоситарини Конститутсия ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, яъне мову шумо мебошад. Беваҷҳ нест, ки дар он чунин омадааст:

 «Моддаи 5. Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».

Тибқи Конститутсия:

-ҳама, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк дар нази қонун ва суд баробаранд;

-ҳар кас ҳаққи зиндагӣ дорад. Ҳеч кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои ҷинояти махсусан вазнин. Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад. Мавриди озмоиши маҷбурии тиббӣ ва илмӣ қарор додани инсон манъ аст;

- манзили шахс дахлнопазир аст. Ба манзили шахс зӯран даромадан ва касеро аз манзил маҳрум кардан манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муқаррар кардааст;

- маҳрамияти мукотиба, сӯҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахс таъмин карда мешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун нишон дода шудааст. Дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст;

- ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад;

-шаҳрванд ҳақ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Шаҳрвандон ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд;

- ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажоди, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст. Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст. Номгӯи маълумотҳоеро, ки сирри давлатӣ доранд, қонун муайян мекунад;

- ҳар кас ҳақ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад;

- ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад;

- модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд. Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд.

Ҳамчунин ҳар кас ҳуқуқ ба меҳнат, интихоби касбу кор, ба манзили зист, ба таҳсил, ба истироҳат дорад ва ғайраву ҳоказо.

Хуллас, 47 моддаи Конститутстя танҳо ба ҳуқуқу озодиҳои  инсон бахшида шудаанд.

Мо дар бораи ҳуқуқҳо мушаххасан ва бо мисолҳо гуфтем. Озодиҳо аз чӣ иборатанд? Озодии шаҳрвандон аз  ҳуқуқҳои  онҳо бармеоянд ва аз ҷониби давлат кафолат дода ва ҳимоя карда мешаванд. Шаҳрвандон дар тамоми самтҳои кору зиндагии худ озоданд, ба ҷуз ҳолатҳое, қонун муайян кардааст.

 Озодӣ наметавонад мутлақ, беохир ва бесару нӯг бошад. Масалан, дузду авбош, роҳзанҳо, қотилон, ҷинояткорон, террористон дар фаъолияти зиддибашарии худ наметавонанд озод бошанд. Озодии онҳоро давлат маҳдуд мекунад, то ки озодӣ ва роҳату рафоҳияти одамони дигарро халалдор накунанд. Як шоир дар ин бобат чунин байти хуб гуфтааст:

               Озодии судманд он бошад бас,

               К-аз вай нарасад зиён ба озодии кас.

Дӯстони азиз,

Барои чӣ ман дар бораи моддаҳои Конститутсия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон  муфассал ва бо мисолҳо ҳарф задам? Фикр мекунам, имрӯз, дар арафаи ҷашни Конститутсия ҳамаи мо ҳатман ин корро бояд кунем. Ҳар кадоми мо, аз хурд то бузург, аз роҳбар то корманди оддӣ, ҳам мақомоти давлатӣ, ҳам ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳам дар оила, дар  коргоҳ ва мактабу донишгоҳҳо. Ва на танҳо имрӯз, балки ҳама рӯз.

Зеро шаҳрвандони ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ бояд талаботу меъёрҳои қонунҳои кишвари худ, махсусан Конститутсияи онро ҳатман риоя кунанд, ҳуқуқҳои худро  ҳимоя карда тавонанд,   ҳуқуқу озодиҳои дигаронро эҳтиром намоянд, то ки ба мушкилот дучор нашаванд.

Вале барои риоя кардани қонунҳо онҳоро бояд донист, барои донистан хондану шунидан лозим аст.

Мутаасисифона, на ҳамаи шаҳрвандони мо, бахусус ҷавонону наврасон аз қоидаҳои ҷомеа, аз талаботу меъёрҳои қонунгузории кишварамон огоҳанд, бинобар ҳамин гоҳу ногоҳ қонуну тартиботро варон мекунанд, сабабаби бетартибию беназмиҳо мегарданд, бо   шахсони мутаасиб, барои ҷомеа хавфнок ҳамсуҳбату ҳамнишин мегарданд, ба гуруҳҳои ифротию террористӣ мепайванданд ва дар натиҷа зиндагии худу наздикони худро  талх месозанд.

Аммо, тавре шумо медонед, надонистани қонун масъулияти шаҳрвандонро кам намекунад.

Тавре дар моддаи 42-и Конститутсия омадааст:

«Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад».

Маҳз ба ҳамин хотир, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 таҳти рақами 668, бахшида ба 30-солаги Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар ҷумҳурӣ Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 18 марти соли 2024 «Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024» ва рамзи Соли маърифати ҳуқуқиро тасдиқ намуд.

Мутобиқи ин нақша дар ҷодаю майдонҳо ва боғу гулгаштҳо шиору овезаҳои даъваткунанда насб гардидаанд, дар саросари кишварамон  озмуну маҳфилҳо ва мулоқоту ҳамоишҳо  ташкил карда мешаванд, китобу рисолаҳо ва мақолаву гузоришҳо  ба табъ мерасанд.  Дар доираи ин Нақша, бо қарои Раиси шаҳи Душанбе  30-31 октябри соли равон Озмуни «Беҳтарин донандаи Конститутсия» доир гардид.

Дар сомонаи расмии Вазорати нақлиёт рубрикаи махсуси «Соли маърифати ҳуқуқӣ» таъсис дода шуд, ки зери он ба забонҳои тоҷикию русӣ маводҳо нашр шуданд ва нашр хоҳанд шуд.

Ҳамкасбони арҷманд,

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки Конститутсия бо ибтикор ва таҳти роҳбарии бевоситаашон таҳия ва қабул шудааст, дар яке аз суханрониҳояшон чунин иброз доштаанд: «Конститутсия як мавҷуди зинда аст, на маҷмӯи ақоиди мунҷамид, яъне шахшуда. Бинобарин, бо мурури вақт ва талаботи замон мисли ҳама гуна санадҳо ва офаридаҳои дигар ташаккул ва таҷаддуд меёбад».

Маҳз бо ҳамин далел се маротиба – 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тариқи референдум ё раъйпурсӣ ба Коститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон тағйироту иловаҳои ҷузъӣ дохил карда шуданд.

Дар робита ба ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштаанд: «Дар асоси ислоҳоти конститутсионие, ки бо изҳори иродаи якдилонаи кулли мардум тавассути раъйпурсии умумихалқӣ давра ба давра гузаронида шуд, парламентаризми миллӣ рушд карда, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон гардид, асосҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ҳамчун самтҳои калидии рушди давлат такмил ёфта, қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ боз ҳам устувор гардид».

Ин ҳуҷҷати бунёдӣ барои ба ҷомеаи ҷаҳон наздик шудани кишвар замина гузошта, дар як муддати кӯтоҳ давлати мо ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд ва имрӯз ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаҳои об, муҳити зист, таҳкими сулҳ дар  ҷаҳон ва дигар мушкилоти глобалӣ дар арсаи ҷаҳонӣ дастгириву ҳамовозӣ пайдо карда истодаанд.

Аз тарафи коршиносони байналмилалӣ Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷиҳати арҷгузорӣ ба мақоми инсон ва рӯҳияи демократӣ дар қатори 5 конститутсияи беҳтарини ҷаҳон ном бурда шуд.

 Солҳо, даҳсолаҳо, садсолаҳо мегузаранд ва мо, фарзандону наберагони мо ва ворисони ояндаи онҳо аҳамияти бузурги сиёсиву ҳуқуқии ин  санади бунёдиро бештар дарк ва қадр мекунанд, зеро хоҳанд донист, ки маҳз дар заминаи он Тоҷикистони озоду демократӣ рушд карда, дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мавқеъ ва ҷойгоҳи шоистаи худ гардидааст.

 Дӯстони азиз,

Шумо медонед, ки имрӯз вазъи ҷаҳон ниҳоят ҳассосу мураккаб аст, миқёси чолишҳо ва таҳдиду хатарҳои нави глобалӣ торафт  тавсеа меёбад, истиқлолу озодӣ ва суботу оромии кишварҳои гуногуни дунё осебпазир мегарданд. Бо назардошти ҳамаи ин моро зарур аст, ки эҳтиром, риоя ва иҷрои бечунучарои Конститутсия ва қонунҳои кишварамонро, ки кофили сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ҳифзи соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва рушду тараққии кишварамон   мебошанд, таъмин намоем.

Вобаста ба ин, дар моддаи 10-и Конститутсия чунин  навишта шудааст: «Давлат ва ҳама мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд».

Ҳар яки мо вазифадорем, ки омӯхтану эҳтиром  кардан  ва риоя намуани Конститутсияро, ки аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ мебошад ва онро қонуни асосӣ ва  бахтномаи миллат низ ном мебарем,  ба фарзандони худ, яъне наслҳои ояндасоз аз хурдсолӣ талқин намоем.

Бори дигар ҳамаи шумо ва дар шахси шумо аҳли оила ва азизону наздиконатонро бо 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, бароятон саломатӣ, бахту саодат ва дар кору зиндагиятон барору кимёбӣ орзу менамоям!