Имрӯз дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Ҳамоиши тантанавиро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ин санаи муҳим табрику таҳният гуфт ва ёдовар шуд, ки расо 30 сол пеш, 6 ноябри соли 1994, пас аз Иҷлосияи таърихии шаҳри Хуҷанд, аз ҷониби мардуми сарбаланди кишварамон, бо дарки масъулияти бузурги таърихӣ, бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлати навини тоҷикон қабул гардид.
«Дар оғози солҳои 90-ум, дар вазъияти ниҳоят мураккаби сиёсӣ якдилона қабул гардидани ин ҳуҷҷати тақдирсоз, пеш аз ҳама, гувоҳи аз ҷониби мардуми Тоҷикистон дастгирӣ ёфтани сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии мамлакат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба ҷаҳониён ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстӣ ва анъанаҳои созандаву бунёдкорона доштани мардуми кишварро собит сохт», - изҳор дошт Вазир.
Бино ба гуфтаи ӯ, қабули Конститутсия воқеан дастоварди таърихӣ аст ва барои эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, таъмин гардидани суботи конститутсионӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ заминаи мустаҳкам гузошт. Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон ба марҳалаи нави таърихӣ оғоз бахшида, боиси дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи мо гардид.
Сипас дар ҳамоиш ходими давлатӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, академики АМИТ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода, ки ҳамчун узви Комиссияи конститутсионӣ дар таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонуни асосии кишвар бевосита ширкат варзидааст ва тӯли солҳои 2009-2019 ба ҳайси Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст, ба сухан баромада, таъкид намуд, ки зарурат ва муҳимияти қабули Конститутсияро дар бунёди давлатдории миллӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муроҷиатномаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 таъкид намуда, аз ҷумла дар Муроҷиатнома чунин иброз дошта буданд: «Асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав — давлати демократии ҳукуқбунёд замина гузоштан лозим аст».
Академик Маҳкам Маҳмудзода иброз намуд, ки «ғояи давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҳадафи стратегии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эълон гардид, дертар дар лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфт».
Ба гуфтаи Маҳкам Маҳмудзода, дар заминаи Конститутсия низоми ҳуқуқии мамлакат рушду таҳкими минбаъда ёфт, ки он асосан ҷавобгӯи манфиатҳои инсон ва шаҳрванд, ҷомеа ва давлат буда, ин се манфиат дар онҳо бо ҳам тавъаманд.
«Ташаккули низоми қонунгузорӣ, мураттабгардонии он, алалхусус дар шакли кодификатсия, маҳз баъди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 ба назар мерасад. Қабули аввалин санадҳои кодификатсионии соҳавӣ ба монанди Кодекси меҳнат (1997), Кодекси ҷиноятӣ (1998), Кодекси гражданӣ (1999) ва даҳҳо дигарҳо маҳз ба ҳамин марҳила рост меоянд. Имрӯз дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 қонуни конститутсионӣ, 22 кодекс ва зиёда аз 400 қонунҳои соҳавӣ таҳия ва қабул гардида, мавриди танзими муносибатҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ қарор доранд»- иброз дошт ӯ ва илова намуд, ки низоми қонунгузорӣ - ин низоми қонунҳо ва санадҳои меъёрии зерқонунӣ аст, ки вобаста ба мавзӯи танзим ва эътибори ҳуқуқияшон ба соҳаҳои ҷудогона ва воҳидҳои диргар комплексӣ тақсим шудаанд.
Дар ҳамоиш инчунин Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи роҳу нақлиёт Нисо Бобоева, мутахаассисони ҷавон Сабринаи Суҳроб ва Ганҷинаи Эмомалӣ аз аҳамият ва нақши бузурги Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кору рӯзгори худ ва дигар кормандони соҳа ибрози назар намуданд.