Хабарҳо

Blog

Вохӯрии вазири нақлиёт бо интиқолдиҳандагони бор

Санаи нашр: 10-11-2021 Просмотрено: 497

   Дар шаҳри Хуҷанди Вилояти Суғд 7- 8 ноябри соли 2021 ҷаласаи корӣ таҳти роҳбарии Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, роҳбарони ширкат ва ронандагони ҳамлу нақли байналмилаллӣ доир гардид.

   Дар ҷаласа масъалаҳои содда гардонидани раванди ҳамлу нақли байналмилаллии автомобилӣ, дастрасии бемамоният ва саривақтии варақаҳои рухсатнома, бо арзиши тасдиқгардида, мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

   Вазири нақлиёт дар хусуси талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳамлу нақли байналмилаллии автомобилӣ, нақшаҳо ва амалҳои вазорат ҷиҳати аз байн бурдани қонунвайронкуниҳо дар заминаи рақамикунонии соҳа сухан кард. Ҳамзамон, иштирокдоронро бо тартиби тақсимот ва ҳисоботи рухсатномаҳо шинос намуда, қайд кард, ки тартиби мазкур маҳз барои назорат ва пешгирии қонунвайронкуниҳо омода шудааст.

   Сипас намояндагони ширкатҳои нақлиётӣ, хусусан ронандагон қайд карданд, ки чунин ҷаласа бори аввал доир гардид, ки  ба манфиат ва пешравии фаъолияти интиқолдиҳандагон ва ронандагон мебошад.

   Онҳо пешниҳод намуданд, ки тақсимоти варақаҳои рухсатнома бо пешниҳоди расиди  махсус ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар сарҳад амалӣ шавад.

   Вазири нақлиёт ба саволҳои иштирокдорон посух дода, дар асоси пешниҳодҳо ба масъулин супоришҳо дод.