Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.
ДАР ТОҶИКИСТОН
Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар 9 моҳи соли 2024 баргузор шуд. Дар он намояндагони мақомоти маҳаллӣ, аз ҷумла Раиси ноҳия, роҳбарони муассисаҳои давлатӣ ва хусусӣ, инчунин намояндагони ВАО иштирок карданд. Дар ин бора агентии «Авеста» хабар дод.
Дар гузориши худ муовини Раиси ноҳия Ҷамшед Маҳмудзода зикр кард, ки дар ин давра дар ноҳия рушди устувор дар иқтисодиёт, аз ҷумла дар саноат ва хоҷагии қишлоқ мушоҳида мешавад. Масъалаҳои шуғли аҳолӣ ва рушди соҳибкорӣ низ баррасӣ шуданд.
Дар хотима Раиси ноҳия Шуҳрат Муҳаммадзода бо медали Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барои мусоидат», хусусан барои асфалтпӯш кардани зиёда аз 170 км роҳҳо мукофотонида шуд.
***
Милитсияи пойтахт аз сокинон даъват намуд, ки дар бораи чароғакҳои хомӯши роҳҳо ва тамбашавии мошинҳо хабар диҳанд. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон ва ронандагон хоҳиш намуд, ки дар бораи чароғакҳои азкормонда ва тамбашавии роҳҳо хабар диҳанд, навиштааст агентии «Авеста» рӯзи 21 октябр. Ин муроҷиат ба беҳтар кардани бехатарии роҳ ва пешгирии ҳолатҳои эҳтимолии садамавӣ равона шудааст. Дар сурати рӯ ба рӯ омадан бо бо тамбашавии роҳ ё чароғакҳое, ки кор намекунанд, сокинони пойтахт метавонанд ба милитсия тавассути телефони боварии 2211500, инчунин рақамҳои қисми навбатдорӣ 2210057 ва 2211542 муроҷиат кунанд.
Ҳамаи муроҷиатҳо баррасӣ карда, таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти милитсияи пойтахт тадбирҳо андешида мешаванд.
Милитсияи пойтахт инчунин аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки дар ҳалли мушкилот фаъол бошанд, то дар роҳҳои Душанбе бо талошҳои муштарак тартиботу бехатарии ҳаракати нақлиёт таъмин карда шавад.
***
Дар Вилояти Хатлон корҳои барқарорсозӣ ва таъмири роҳҳо бо дарозии умумии 2098 километр ба анҷом расиданд. Бо ин мақсад 173,1 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36,5 миллион сомонӣ зиёд аст, хабар дод маркази матбуоти МИҲД вилоят рӯзи 21 октябр.
Татбиқи ин лоиҳа инфрасохтори роҳҳои минтақаро ба таври назаррас беҳтар намуда, ба баланд бардоштани бехатарӣ ва ҳаракати бароҳат мусоидат мекунад. Мақомоти вилоят аҳамияти сифати роҳҳоро барои рушди иқтисодӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ таъкид менамоянд. Корҳо оид ба барқарорсозии роҳҳо дар доираи барномаи давлатии навсозии инфрасохтори нақлиётӣ, ки ба пайваст кардани ноҳияҳои дурдаст ва баланд бардоштани дастрасии хизматорасониҳо барои сокинони вилоят равона карда шудааст, гузаронида шуданд.
Вилояти Хатлон ҳамкории фаъолро бо сармоягузорони давлатӣ ва хусусӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар самти сохтмону таъмири роҳҳо идома медиҳанд.
ДАР МИНТАҚА
Дар Узбекистон барои ронандагони скутерҳо, мопедҳо ва самокатҳо ҷарима ҷорӣ карда шуд. Дар ин ҷо қонун дар бораи ворид кардани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ имзо карда шуд, ки барои нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагони скутерҳо, мопедҳо, электросамокатҳо ва дигар воситаҳои ҳаракати инфиродӣ (ВҲИ) ҷарима пешбинӣ мекунад. Қонун аз 28 октябр пас аз нашри он дар пойгоҳи миллии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ www.Lex.uz эътибор пайдо кард.
Дар муқаддимаи қонун гуфта мешавад, ки қабули он ба афзоиши теъдоди воситаҳои нақлиёти хурд бо муҳаррикҳои барқӣ ва ВҲИ дар роҳҳо рабт дорад. Дар робита ба ин, зарурати андешидани тадбирҳо оид ба пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки чунин намудҳои нақлиёт ба миён омад.
***
Дар Тошканд метробусҳо ба кор медароянд, майдони боғҳоро се маротиба зиёд мекунанд ва шабакаҳои нақлиётро васеъ месозанд. Ба Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 9 октябри соли 2024 лоиҳаи нақшаи генералии навшудаи шаҳри Тошканд то соли 2045 пешниҳод карда шуд, ки онро муассисаи «ТошкентбошпланЛИТИ» дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои Сингапур, Бритониё, Туркия, Олмон, Чин ва Нидерландия таҳия кардааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти ҶУз хабар дод.
Дар айни замон, қаламрави шаҳр баробар ба 43 822 гектар, шумораи аҳолии он зиёда аз 3 миллион нафар аст. Ин нишондиҳандаҳо бешубҳа афзоиш хоҳанд ёфт. Дар робита ба ин лоиҳаи нави Нақшаи генералии шаҳр таҳия шудааст.
«Сарвари давлат зарурати табдил додани Тошкандро ба як метрополияи калон бо шароити мусоид барои иқомат ва кор барои на камтар аз 7,5 миллион нафар аҳолӣ таъкид кард», — омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ки тибқи талаботи шаҳрсозӣ, сокинон бояд дар муддати на бештар аз 15 дақиқа ба кӯдакистон, мактаб, беморхона, иншооти савдо ва хизматрасонӣ аз маҳалли зисташон бирасанд. Дар робита ба ин, шабакаи нақлиёти ҷамъиятӣ васеъ, шумораи гузаргоҳҳо ва истгоҳҳо зиёд карда мешавад. Роҳҳои нав бунёд мегарданд ва хатсайрҳои метробус ташкил карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки метробус, ки онро BRT (Bus rapid transit, автобуси босуръат) низ меноманд, тарзи нави ташкили хизматрасонии автобус (ё троллейбус) мебошад, ки дар муқоиса бо хатсайрҳои оддии автобус бо хусусиятҳои баландтари истифодабарӣ (суръат, эътимоднокӣ, қобилияти интиқол) фарқ мекунад.
Аз рӯи баъзе параметрҳо (аз ҷумла, аз рӯи суръат) системаҳои нақлиёти автобусии баландсуръат ба системаҳои нақлиёти роҳи оҳани сабук (трамвайи баландсуръат) шабоҳат доранд.
Чунин системаҳо дар Амрикои Ҷанубӣ ва Шимолӣ маъмул мебошанд. Дар Русия системаи ҳаракати автобусҳои баландсуръат дар Белгород сохта мешавад.
***
Барои пешгирии тамбашавӣ – муассисаи алоҳида. Чунин қарор карданд мақомоти пойтахти Узбекистон ва эълон намуданд, ки дар назди Вазорати нақлиёт Департаменти идоракунии роҳҳоро таъсис медиҳанд. Муассисаи нав дар якҷоягӣ бо хокимияти шаҳри Тошканд бо ҳалли мушкилоти тамбашавӣ дар роҳҳои шаҳр машғул хоҳад шуд. Дар ин бораҳокими пойтахти Узбекистон Шавкат Умурзоқов дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии «Узбекистон 24» хабар дод.
Умурзоқов дар шарҳи лоиҳаи нақшаи генералии Тошканд то соли 2045 ба мушкилоти роҳбандӣ дар роҳҳои пойтахт ишора кард. Сохтори нав як қатор салоҳиятҳоро ба даст меорад ва бо тарзи худтаъминкунӣ фаъолият хоҳад кард.
***
Дар Қазоқистон соли 2025 усули SuperPave ҷорӣ карда мешаванд. Барои такмили заминаи меъёрию техникӣ дар соҳаи роҳҳои автомобилгард мутахассисони «КаздорНИИ» таҷрибаҳои пешқадами байналмилалӣ ва стандартҳои ватаниро таҳлил мекунанд.
Аз моҳи январи соли 2025 дар Қазоқистон озмоиши лоиҳаҳои намунавии ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҷорӣ кардани принсипҳои SuperPave оғоз меёбад. Ин усули таҳияи таркиби асфалтбетонҳо бо эътимоднокии баланди истифодабарӣ устуворӣ ва тобоварии пӯшиши роҳро ба ҳарорати баланди ҳаво таъмин мекунад.
ДАР ҶАҲОН
Дар Русия лоиҳаи тағйирот ба Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ (ҚҲР), ки маҳдудиятҳои иловагиро дар истифодаи дастгоҳҳои гуногун ҳангоми рондани автомобил ҷорӣ мекунанд, омода карда шудааст. Масалан, дар ҚҲР муқаррар карда мешавад, ки ронанда ҳангоми ҳаракат истифодаи ягон дастгоҳеро, ки дар сохтори воситаи нақлиёт пешбинӣ нашудааст ва истифодаи дастҳоро тақозо менамояд, манъ мекунад. Масалан, тамошои видео дар планшет ё смартфон ҳангоми рондани автомобил.
Қоидаҳои нав бояд аз 1 марти соли 2025 эътибор пайдо кунанд.
Ёдовар мешавем, ки айни ҳол ҳангоми рондани мошин ронанда бидуни гӯшмонак ё дастгоҳи дигаре, ки бе истифодаи дастҳо гуфтугӯ кардан мумкин аст, наметавонад бо телефони мобилӣ гуфтугӯ кунад. Барои вайрон кардани ин қоида ҷарима ба андозаи 1500 рубл (баробар ба 164 сомонӣ) пешбинӣ шудааст.
***
Аз ронандагони скутерҳои барқӣ минбаъд шаҳодатномаи ронандагӣ талаб карда мешавад. Мақомоти Русия омодаанд, ки синни ҳадди ақали истифодабарандагони скутерҳо ва дигар воситаҳои ҳаракати инфиродии (ВҲИ) - ро то 16 сол зиёд кунанд. Инчунин онҳоро вазифадор мекунанд, ки бо гирифтани шаҳодатномаи дахлдори ронандагӣ ҳуқуқи идоракунии ин гуна воситаҳои нақлиётро ба даст оранд.
Ҳаракати ВҲИ дар роҳравҳо ва қисмати асосии роҳи мошинград манъ карда мешавад. Дар Ҳукумати ФР маҷлис баргузор шуд, ки дар он Вазорати нақлиёт, Вазорати саноат ва савдо, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, ва вакилони Думаи Давлатӣ розӣ шуданд, ки чунин қоидаҳо ҷиҳати танзими ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард бояд қабул карда шаванд.
***
ҶСК «Роҳҳои оҳани Русия» метавонад то соли 2030 ҳаракати қатораи бидуни сарнишинро ба масофаи дур ташкил ва роҳандозӣ кунад. Дар ин бора 23 сентябр раиси ин ширкат Олег Белозеров дар ҷаласаи Форуми байналмилалии «Ҳамлу нақли рақамӣ» иттилоъ дод.
***
Дар Озарбойҷон қоидаҳои нави танзими фаъолияти таксиҳо ҷорӣ карда шуданд. Аз 1 июли соли 2024 дар ин кишвар қоидаҳои нави танзимкунандаи фаъолияти таксиҳо ба ҳукми амал даромаданд.
Тавре хабаргузории Trend менависад, барои гирифтани иҷозати истифодаи мошин ҳамчун таксӣ синни воситаи нақлиёт бояд камтар аз ҳашт сол бошад. Дар баробари ин, аз 1 июли соли равон ба мошинҳое, ки зиёда аз 8 сол пеш истеҳсол шудаанд, корти литсензионӣ дода намешавад.
Илова бар ин, мошинҳое, ки барои гирифтани корти литсензионӣ пас аз санаи зикршуда пешниҳод гардидаанд, баъди 1 июли соли 2024 ба Озарбойҷон ворид шудаанд ё дар ин ҷо истеҳсол карда мешаванд, бояд танҳо ранги сафед ё сурх дошта бошанд. Инчунин барои гирифтани корти литсензионӣ таксиҳо бояд ҳадди ақал ба стандарти экологии Евро-5 мувофиқат кунанд.
***
Дар Русия ронандагони мошинҳои боркаши калон аз 1 марти соли 2025 аз назорати вазну андоза мегузаранд. Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки ронандагонро уҳдадор месозад мониашонро аз санҷишу вазну андоза гузаронанд. Маълумот дар ин бора дар пойгоҳи таъмини фаъолияти қонунгузораи Думаи давлатӣ 2 октябри ҳамин сол нашр шудааст.
Лоиҳаи қонун, ки моҳи июли соли равон ба қайд гирифта шудааст, ворид кардани тағйирот ба моддаи 31 Қонуни федералии ФР «Оинномаи нақлиёти автомобилӣ ва нақлиёти барқии заминӣ дар шаҳр» - ро пешбинӣ кардааст.
Санади мазкур аз ҷониби Вазорати нақлиёти Русия таҳия шудааст. Тавре Telegram-канали Вазорати нақлиёти ФР хабар додааст, қонун имкон медиҳад, ки ронандагон бо талаби нозири «Ространснадзор» мошинашонро дар нуқтаи назорат манъ карда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод кунанд ва сипас мошинро ба тарозу пайваст намоянд. То ҳол чунин уҳдадорӣ тибқи қонун муқаррар нашуда буд, бинобар ин баъзе боркашонҳо аз санҷиши вазни мошин канорагирӣ мекунанд ё борро дар майдон фароварда, пас аз он ба тарозу ворид мешаванд.
«Механизми пешниҳодшуда бехатарӣ ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳоро беҳтар месозад», – гуфта мешавад дар иттилоияи вазорат.
Агар лоиҳаи қонун қабул карда шавад, меъёрҳо аз 1 марти соли 2025 эътибор пайдо мекунанд.
***
Дар Дубай дарозтарин шоҳроҳи сабз дар ҷаҳон сохта мешавад. Дар Дубай (АМА) дарозтарин шоҳроҳи сабз дар ҷаҳон бо номи Green Spine бунёд мешавад. Лоиҳаро ширкати меъмории URB таҳия кардааст. Пешбинӣ мешавад, ки сохтмон то соли 2040 ба анҷом расад, хабар медиҳад Designboom.
Гуфта мешавад, роҳи иборат аз 64 км 100% энергияи барқароршаванда барои таъмини инфрасохтор хоҳад дошт. Панелҳои офтобӣ, ки ба тавлиди беш аз 300 мегаватт энергияи тозаи барқароршаванда мусоидат мекунанд, мустақиман ба роҳҳои трамвай насб карда мешаванд. Ин имкон медиҳад, ки партовҳои гази карбон дар як сол то 1 миллион тонна кам карда шаванд.
Лоиҳа инчунин таъсиси системаи махсуси дренажиро пешбинӣ мекунад, ки ба коркарди оби борон мусоидат хоҳад намуд. Дар ду канори шоҳроҳ зиёда аз 1 миллион бех дарахтони навъи маҳаллӣ шинонида мешаванд. Илова бар ин, дар ин ҷо фермаҳои шаҳрӣ таъсис дода, боғҳо бунёд карда мешаванд. Пешгоҳи биноҳои назди шоҳроҳро боғҳо оро хоҳанд дод. Дар наздикии Green Spine минтақаҳои истироҳатӣ барпо карда мешаванд.
***
Дар Ҳиндустон тасмим гирифтаанд, ки истгоҳҳои пуркунандаи барқро бо батареяҳои офтобӣ ҷорӣ кунанд. Барои коҳиш додани вобастагӣ аз нерӯи барқ аз манбаъҳои ифлоскунанда мақомоти шаҳри Деҳлӣ ба нақша гирифтаанд, ки истгоҳҳои барқии офтобӣ барои электромобилҳоро ҷорӣ кунанд, менависад HT Auto.
Деҳлӣ бо ҳавои олудаи худ машҳур аст, то ҷое, ки дар фасли зимистон ҳавои ин ҷо воқеан заҳролуд мешавад. Ин масъала солҳои зиёд ҳал нашудааст.
Дар гузориши ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи тағирёбии иқлим дар Деҳлӣ гуфта мешавад, ки истгоҳҳои пуркунандаи барқи офтобӣ барои электромобилҳо метавонанд вобастагиро аз нерӯи барқ аз манбаъҳои ифлоскунанда коҳиш диҳанд.
Дар ҳоле, ки Деҳлӣ кӯшиш мекунад гузариши сокинони маҳаллиро ба мошинҳои барқӣ ҳавасманд кунад, ҳукумати иёлат нақша дорад, ки сатҳи партовҳоро дар парки автобусҳо то солҳои 2035-2040 ба сифр баробар намояд. Дар ҳоли ҳозир дар шаҳр 1 650 автобуси барқии ҷамъиятӣ мавҷуд аст ва то охири соли 2025 васеъ кардани парки автобусҳо то 8 000 адад воситаҳои нақлиёти барқӣ ба нақша гирифта шудааст. Илова бар ин, тибқи қарори Суди олӣ, дар Деҳлӣ истифодаи мошинҳои дорои муҳаррики дизелии аз 10-сола боло манъ аст. Барои мошинҳои дорои муҳаррики бо бензин коркунанда ин мӯҳлат 15 сол аст.
***
Рафтори истифодабарандагони скутерҳои барқӣ санҷида мешавад. Минбаъд рафтори ронандагони скутеру самокатҳои барқӣ санҷида мешавад. Албатта на ҳама, балки танҳо онҳое, ки ин намуди нақлиётро барои истифодаи кӯтоҳмуддат иҷора мегиранд. Ва он ҳам гоҳ-гоҳ, интихобан ва дар ҷойҳои муайян. Ин навгонӣ аллакай дар Русия, Қазоқистон ва Беларус роҳандозӣ шудааст. Дар ин бора рӯзномаи ҳукуматии «Российская газета» хабар додааст.
Пеш аз ба иҷора гирифтани скутери барқӣ, барномае, ки ин хизматрасониро ба ҷо меорад, қаблан санҷиши кӯтоҳро дар шакли тест пешниҳод мекунад. Он суръати ҳаракати иҷорагиранда, ҳушёрӣ ва, дар натиҷа, сатҳи бодиққат рондани воситаи ҳаракати инфирродӣ (ВҲИ) дар ҳамон лаҳзаро ошкор месозад.
Дар сурати аз санҷиш нагузаштани корбар, хидматгузорӣ муваққатан суръати сафарҳои ӯро то ҳадди 15 км/соат коҳиш медиҳад. Корбар метавонад аз супоридани тест даст кашад, дар ин ҳолат низ хидматгузорӣ суръатро маҳдуд мекунад. Бо ёрии навгониҳо ширкат бехатарии сафари дарпешистодаро аз ҷиҳати техникӣ дастгирӣ мекунад – гаштҳои ногаҳонӣ ва ҳаракат бо суръати баландро аз ҷониби корбароне, ки дар айни замон ба ин омода нестанд, пешгирӣ мекунад.
Дар санҷиш баҳои ғайриқаноатбахш гирифтан метавонад дар бораи хастагии шадид, беморӣ ё ҳаракатҳои ноҳамвор ва ғайримуқаррарии истифодабаранда хабар диҳад, ҳолатҳое, ки идоракунии нақлиёти баландсуръат номатлуб аст.
Инчунин идоракунии скутер ва самокат дар ҳолати мастӣ манъ аст – барои ин 100 000 рубл (баробар ба 10 978,4 сомонӣ) ҷарима пешбинӣ шудааст.