Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

БАРФИ АВВАЛ ДАР МИНТАҚАҲОИ КӮҲӢ. Вазорати нақлиёт аз ронандагон дархост кард, ки бодиққат ва эҳтиёткор бошанд

Санаи нашр: 30-10-2024 Просмотрено: 2763

Дар минтақаҳои куҳии Тоҷикистон 28 октябр барфи аввал борид. Дар як қатор ноҳияҳо қабати барф ба якчанд сантиметр мерасид. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ хабар дод.

Обуҳавошиносон инчунин аз идомаи ҳавои ноустувори кишвар ҳушдор медиҳанд.

28 октябр дар баъзе қитъаҳои шоҳроҳи «Душанбе – Чанак» барф борид. Тибқи пешгӯиҳои ҳавошиносон, дар даҳаи аввали моҳи ноябр ҳарорати ҳаво паст мешавад ва тайи чанд шабонарӯзи наздик дар як қатор ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон хавфи омадани сел боқӣ мемонад.

Бисёре аз ронандагон тазаккур медиҳанд, ки дар тирамоҳ ҳамеша барфи хеле лағжонанда меборад, ки дар зимистон ба он дучор намеоед. Ин махсусан дар роҳҳои байнишаҳрӣ, ки  шиддати ҷиддии ҳаракати нақлиёт вуҷуд надорад, ба назар мерасад. Ҳатто як қабати тунуки барф барои аз даст додани идоракунии мошин кифоя аст. Ва ин ҳамеша ногаҳон рӯй медиҳад. Дар аввал чунин ба назар мерасад, ки роҳи мумфарш ҳанӯз ҳам мошинро хуб нигоҳ медорад, аммо пас аз чанд дақиқа ҳангоми зер кардани педали тормоз мебинед, ки ҳаракати мошин суст намешавад.

Сабаби ин шароити махсуси иқлимӣ аст, ки дар миёнаи тирамоҳ ба вуҷуд меояд. Рӯзҳои гарм ҷои худро ба ҳавои сард медиҳанд, аммо замин ҳанӯз гарм аст, аз ин рӯ барои  яхбандӣ ҳолати махсус ба вуҷуд меояд. Бинобар ин  барфи аввал ҳамеша ба садамаҳои азим дар роҳҳо оварда мерасонад.

Дар робита ба ин, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ронандагон тавсия медиҳад, ки низоми суръат ва масофаи муқарраршудаи байни мошинҳоро қатъиян риоя намоянд. Хусусан ҳангоми гузаштан аз пиёдагардҳо, чорроҳаҳо, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои берун аз шаҳр бояд бодиққат ва эҳтиёткор бошанд. Мошинҳо дар канору шафати роҳҳо бояд тавре гузошта шаванд, ки ба кори техникаи коммуналӣ халал нарасонанд.

Ёдовар мешавем, ки Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим қаблан дастур дод, ки омодагии роҳҳои кишвар ва муассисаҳои нигоҳдории роҳҳо ба мавсими зимистон пурра таъмин карда шавад. Дар ҷаласаи 7 октябр Вазир таъкид намуд, ки ҳолати роҳҳо, пулҳо, инчунин омодагии техника ва таҷҳизоти махсусро санҷидан лозим аст. «Бояд маводи зиддилағзиш, дизел, ангишт, ҳезум ва либоси зимистона ба миқдори зарурӣ захира карда шавад», -  илова намуд ӯ.

Ба ин хотир Гурӯҳи махсуси корӣ таъсис дода шуд, ки ба он муовинони вазир, роҳбарони  воҳидҳои сохторӣ ва муассисаҳои зертобеи вазорат шомил шуданд. Гурӯҳро муовини аввали Вазири нақлиёт Раҳим Бобозода роҳбарӣ мекунад. Гуруҳи мазкур ҳамчунин ҷараёни сохтмон ва таъмири роҳҳоро  аз назар мегузаронад.

Вазир таъкид кард, ки  ҳамаи муассисаҳои нигоҳдории роҳҳо  бояд то 1 ноябр ба зимистон  пурра омода бошанд.