Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тоҷирону соҳибкорони тоҷик, ки аз бандарҳои обии Ҷумҳурии Исломии Покистон тариқи транзит бор интиқол медиҳанд, муроҷиат мекунад.
Шумо метавонед бо истифода аз системаи WeBOC аз КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт»-и Вазорати нақлиёт рамзи электрониро дастрас намуда, интиқоли борро амалӣ намоед.
WeBOC ин системаи электронии барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои молҳои воридотӣ ва содиротӣ мебошад.
Системаи мазкур аз ҷониби Вазорати савдои Покистон ба давлатҳое, ки тоҷиронашон аз бандарҳои Покистон истифода мебаранд, пешниҳод гардидааст.
Қобили зикр аст, ки аз аввали соли 2024 Вазорати савдои Покистон бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷудо намудани Мастер ID бо рамз ва утоқи шахсӣ ҳамкорӣ ба роҳ монд.
Ёдовар мешавем, ки Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон феҳристи ягонаи интиқолдиҳандагони дохиливу байналмилалиро таъсис додааст.
Дар навбати худ, тоҷироне, ки тариқи транзит аз ин масир истифода мебаранд, дар ин система ба қайд гирифта мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки системаи мазкур якчанд мушкилии ҳамлу нақли транзитии борҳои тоҷирону соҳибкорон, аз ҷумла мушкили вобаста ба маблағи суғуртакунии борҳоро осон гардондааст.