Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

«ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ИМКОНИЯТҲОСТ». Чунин арзёбӣ намудааст ширкати Standard Line, ки бо ҳамлу нақли байналмилалӣ машғул аст

Санаи нашр: 24-10-2024 Просмотрено: 3302

«Муносибатҳои тиҷоратӣ бо Тоҷикистон миёни соҳибкорони Русия хеле маъмуланд. Имрӯз Тоҷикистон кишвари имкониятҳост». Чунин навиштааст дар сомонаи расмии худ ширкати гумрукӣ-логистикии «Стандарт Лайн» (Standard Line), ки боркашонии байналмилалиро амалӣ менамояд.

 

Standard Line дар маводи интишоркардааш чунин менигорад:

«Аз Тоҷикистон маҳсулоти кишоварзӣ - пахта, сабзавот, мева, нахӯд, меваҳои хушк ва ғайра ворид карда мешаванд. Бо вуҷуди он ки қисми зиёди заминҳои Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, заминҳои боқимонда ҳама азхуд ва обёрӣ карда мешаванд. Соҳаи кишоварзӣ заминаи иқтисодиёти давлат аст.

 Муносибатҳои тиҷоратӣ бо Тоҷикистон дар байни соҳибкорони Русия хеле маъмуланд.

Имрӯз Тоҷикистон кишвари имкониятҳост».

ҶДММ «Standard Line» (Standard Line) брокери гумрукӣ ва интиқолдиҳандаи байналмилалӣ бо таҷрибаи зиёда аз 10-сола мебошад, ки ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ хизматрасониҳоро ҷиҳати барасмиятдарории гумрукӣ ва таҳвили мол дар Русия ва дигар кишварҳо, аз ҳар гӯшаи ҷаҳон ва бо ҳама гуна нақлиёт пешниҳод менамояд. Ширкат кишвари Чинро ба яке аз самтҳои асосии  фаъолияти худ табдил додааст.

Муаллифи маводи дар сомонаи ширкат нашршуда менависад:

«Содирот ва воридот дар Тоҷикистон ягон хавфи марбут ба таъхири бор дар гумрукро дар бар намегирад. Бору коло одатан тавассути нақлиёти автомобилӣ фиристода мешаванд, зеро алоқаи автомобилӣ бо Тоҷикистон хуб ба роҳ монда шудааст.   

 Ҳама гуна  борро аз Тоҷикистон ба Русия бо намудҳои гуногуни нақлиёт фиристодан мумкин аст. Ҳамлу нақл аз/ба Тоҷикистон тариқи нақлиёти автомобилӣ гузинаи беҳтарин аст. Барои интиқоли бор мошинҳо, ба монанди «MAN» ва фураҳои аврупоӣ бо иқтидори то бист тонна истифода бурда мешаванд.

 Нархҳои муътадил имкон медиҳанд, ки бор аз Тоҷикистон тавассути нақлиёти автомобилӣ бо дастури фармоишгар ба ҳар нуқтаи зарурӣ интиқол дода шавад».

Дар ҳамин ҳол, мутахассисони Бонки Авруосиёии рушд (БАОР) шарҳи навбатии макроиқтисодии моҳи октябрро нашр карданд, ки тибқи он иқтисоди Тоҷикистон суръати баланди рушдро нишон медиҳад. Дар ин бора рӯзи чоршанбе, 23 октябр хабаргузории Sputnik иттилоъ дод.

 Мутахассисони БАОР як омили рушди иқтисоди Тоҷикистонро содирот номиданд, ки дар моҳҳои январ-августи соли равон, пеш аз ҳама ба туфайли афзоиши фурӯши металлу маҳсулоти нассоҷӣ 45,5 фоиз афзудааст.

«Мо интизорем, ки таъсири омилҳои зикршуда дар нимаи дуюми соли 2024 боқӣ мемонад ва дар охири  сол рушди иқтисодиёт дар сатҳи бадланд - 8,0% боқӣ мемонад», - мегӯянд таҳлилгарони Бонк.