Айёми зимистон ронандагон дар шароити душвор ва баъзан ҳатто шадид мошин меронанд. Аз ин рӯ, хавфи садамаҳо ва шикасту рехт дар ин давра ба таври назаррас меафзояд. Барои рӯ ба рӯ нашудан бо мушкилот ронандагони ботаҷриба аз рӯи мақоли тоҷикии «Ғами зимистонро дар баҳор бояд хӯрд» амал карда, ба зимистон пешакӣ омодагӣ мегиранд.
Сардии зимистона муносибати эҳтиёткоронаро тақозо мекунад ва бепарвоӣ ё саҳву хаторо намебахшад. Барф, ҳарорати паст, фарорасии барвақти торикӣ, бад шудани сатҳи биниш хавфи ба амал омадани ҳолатҳои фавқулоддаро зиёд мекунад.
Аз ин рӯ ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки аллакай дар фасли тирамоҳу зимистон ба тарзи кор дар шароити зимистон тайёр шаванд.
Омодасозии воситаи нақлиёт ба зимистон як амали зарурӣ барои бехатарии роҳ ва пешгирии ҳолатҳои ногувор мебошад.
Дар ин мақола мо 10 қадами муҳимро ёдрас менамоем, ки ба шумо барои омода кардани мошин ба мавсими зимистон кӯмак мекунанд.
1.САНҶИШИ КОРИ ТОРМОЗ. Яке аз ҷанбаҳои муҳими омодагии мошин ба зимистон санҷиши ҳолати яке аз системаҳои асосии мошин - тормоз мебошад. Шумо бояд ҳолати тормозҳо ва дискҳои тормозро ҳам мустақилона ва ҳам дар маркази таъмири техникӣ бисанҷед.
Ба ёд оред садамаи бузурги мошини боркаши «дулан»-ро дар шаҳри Кӯлоб дар соли 2023, ки бар асари қатъи тормозҳо ба вуқуъ омада буд ва ин мошини боркаш ба чанд мошини сабукрав ва манзилҳои истиқоматии шафати роҳ бархӯрд. Дар натиҷаи садама даҳ нафар, аз ҷумла ронандаи мошини боркаш ҷонашонро аз даст доданд, чордаҳ нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд.
Тормозҳои хуб барои бехатарӣ муҳиманд, хусусан дар фасли зимистон ва дар роҳи лағжонак.
2. ИВАЗКУНИИ РАВҒАН ВА ФИЛТРҲО. Рағани мошин ва ҳамаи филтрҳо (филтри равған, ҳаво ва сӯзишворӣ) бояд иваз карда шаванд. Рағани тоза ба муҳаррик кумак менамояд, ки дар ҳавои сард хуб кор кунад.
3. САНҶИШИ АККУМУЛЯТОР. Дар фасли зимистон аккумулятор аз сабаби ҳарорати хунук бори зиёдро аз сар мегузаронад. Онро бояд санҷид ва боварӣ ҳосил кард, ки клеммаҳо хуб кор мекунанд. Агар аккумулятор кӯҳна ё заиф бошад, онро бояд иваз кард.
4. САНҶИШИ СИСТЕМАИ АХГАР. Боварӣ ҳосил кунед, ки шамъу (свеча) симҳо дар ҳолати хуб қарор доранд. Ишъоли (даргиронидани) бемамониат махсусан дар рӯзҳои хунук муҳим аст.
5. АНТИФРИЗ ВА ХУНУККУНӢ. Сатҳи хунуккунӣ ва антифриз (моеи зидди ях)-ро санҷидан лозим аст, он бояд ба тавсияҳои истеҳсолкунандаи мошин мувофиқат кунад. Антифриз барои пешгирии яхбандии об дар системаи хунуккунандаи мошин кумак мекунад.
6. РАВШАНӢ. Боварӣ ҳосил кунед, ки ҳама чароғҳо, чароғҳои қафо ва бухориҳо дуруст кор мекунанд. Дар фасли зимистон рӯзҳо кӯтоҳанд ва диди хуб нақши муҳим мебозад.
7. ШИША ВА ПОККУНАКҲО. Чӯткаҳои кӯҳнаи тозакунандаро иваз кунед ва бовар ҳосил намоед, ки шумо дар зарфи шустушӯи шиша антифриз доред. Ин ба шумо кӯмак мекунад, ки диди хубро дар ҳолати барфу лой нигоҳ доред.
8. ИВАЗ КАРДАНИИ ЧАРХҲО. Талаботи мавсимӣ ба чархҳои мошин дар Тоҷикистон, чун дар Узбекистон ҳатмӣ нест. Дар кишвари мо воситаҳои нақлиёт бояд тибқи ҳуҷҷатҳои истеҳсокунандаи мошин бо чархҳо муҷаҳҳаз карда шаванд.
Вале дар Қазоқистон, Русия, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ки ҳар сол даҳҳо ҳазор мошинҳои боркаши Тоҷикистон ва ё бо транзит аз тариқи Тоҷикистон ба он ҷо мераванд, иваз кардани чархҳои тобистона ба зимистона тибқи қонун ҳатмист.
Аммо коршиносони техникии мо чунин тавсия медиҳанд: беҳтар аст, ки ронандагони мо низ барои эҳтиёт чархҳои мошинашонро бо чархҳои зимистона иваз кунанд. Зеро дар чархҳои тобистона аз лостики (резини) тобистона истифода мешавад, ки барои ҳарорати паст пешбинӣ нашудааст. Дар хунукӣ он чандирии худро гум мекунад (тавре мегӯянд, «хӯрда ва кунд» мешавад), ки ба коҳиши ҳам хосиятҳои дар роҳ маҳкам истодан ва ҳам бароҳатӣ ҳангоми ҳаракат боис мегардад. Бинобар ин иваз кардани чархҳои тобистона ба зимистона муҳим аст.
Мутахассисон ҳудуди ҳарорати тирамоҳро, ки дар он ин талафот аллакай ҷиддӣ мешавад, +7°C арзёбӣ кардаанд. Тибқи пешгӯии ҳавошиносони тоҷик, имсол то 2 декабр ҳарорат аз -2 °C то 8 °C тағйир ёфта, тадриҷан ба 7 °C мерасад. Дар моҳи феврали соли 2025, моҳи охирини зимистон, ҳаво сард мешавад: аз 1 то 10 феврал нишондиҳандаҳои ҳарорат ба ҳисоби миёна тақрибан то 4 °C поён меравад.
9. ҚИСМҲОИ ЭҲТИЁТӢ. Ронандагон дар фасли зимистон бояд маҷмӯи қисмҳои эҳтиётӣ ё асбобу анҷомро дар мошин ҳамроҳи худ дошта бошанд, аз ҷумла: ноқилҳо, лампаҳо ва маҷмӯи асбобҳо барои ҳолатҳои ғайричашмдошт, аз ҷумла ҳангоми фаромадани тарма. Ин маҷмӯа метавонад асбобу олоти зеринро дар бар гирад:
- бел барои тоза кардани барф ё лойи гирду атрофи мошин;
-таҷҳизоти яхшикан;
- маводи зидди яхбандӣ (қум, намак) барои налағжидани чархҳо;
- чароғи дастӣ (автомобилӣ) бо батареяҳои эҳтиётӣ;
- машъали гази сайёҳӣ, спирт, примус ё якчанд шамъи дароз;
- дастпӯшакҳо ва кӯрпаи гарм барои т истифода дар рӯзҳои хунук;
- гӯгирд, моеъи оташгиранда, дегхона,оташдон.
Тасаввур кунед, танҳо аз 15 то 19 феврали соли 2023 дар Тоҷикистон 200 ҳодисаи фаромадани тарма, 7 сел ва 6 сангрезӣ рух дод, ки дар натиҷа 19 нафар шаҳрвандони кишварамон ба ҳалокат расиданд.
Тибқи як гузориши Хадамоти наҷотдиҳии кӯҳии Австрия, аз 283 нафаре, ки ба тарма афтодаанд, 106 нафар мустақилона наҷот ёфтанд ва 97 нафар аз ҷониби ҳамроҳони худ аз барф озод карда шуданд.
10. САНҶИШИ АЛОҚА ВА НАВИГАТСИЯ. Итминон ҳосил кунед, ки телефони мобилии шумо заряд дорад ва дар сурати ҳолати фавқулода метавонед бо мақомот ё шахсони лозим иртибот гиред. Инчунин барномаи навигатсионӣ ё GPS-ро барои пайгирии масир ва банақшагирии сафар дар шароити зимистон истифода баред.