Имкониятҳои соҳибкорони тоҷик дар масъалаи содироти маҳсулот метавонанд васеъ карда шаванд. Чунин дурнамо дар «Харитаи роҳ» оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи нақлиёт барои солҳои 2023-2025 пешбинӣ шудааст. Дар ин бора намояндагони Федератсияи Русия дар мизи мудаввар таҳти унвони «Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ», ки 10 октябр дар Душанбе баргузор шуд, изҳор доштанд.
«Ҷиҳати беҳтар кардани самаранокии рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ [...] мо, бешубҳа, ба марказҳои логистикӣ, маҷмааҳои анборҳо ба шумули анборҳои дараҷаи А ва Б+ дар қаламрави Тоҷикистон ниёз дорем, то борҳои содиротию ва воридотӣ дар онҳо ҷамъоварӣ шаванд», - гуфт Зверев дар «мизи мудаввар» оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузории ҶТ ва ФР», ки 10 октябри соли 2024 дар доираи Форуми VIII байнипарлумонии Тоҷикистон – Русия: имкониятҳои ҳамкории байниминтақавӣ» дар Душанбе баргузор гардид.
Ба гуфтаи ӯ, ин ба нархгузории роҳи оҳан тағйироти ҷиддӣ ворид мекунад ва, чун натиҷа, дастрасиро ба истеъмолкунандагон ва ҳамлкунандагон бештар мегардонад.
Муовини Вазири нақлиёти Русия мутазаккир шуд, ки ҳаҷми боркашонӣ тавассути роҳи оҳан миёни Тоҷикистону Русия дар соли 2023 ба андозаи 29% афзудааст ва дар ҳашт моҳи соли 2024 тақрибан дар ҳамон сатҳ боқӣ мондааст, ки «нишондиҳандаи хуб» аст.
Зверев таъкид кард, ки ҳаҷми солонаи ҳамлу нақл тариқи нақлиёти автомобилӣ байни ду кишвар тақрибан 150 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
«Аз як тараф, ин нишондиҳандаи устувор аст. Аз тарафи дигар, мо дурнамои рушди бештарро мебинем. Барои ин бояд дар қаламрави Тоҷикистон, аз ҷумла дар якҷоягӣ бо соҳибкорони Руссия, марказҳои логистикӣ барпо карда шаванд», - афзуд ӯ.
Дар идомаи ин мавзӯъ дар форум муовини Раиси Кумитаи Шӯрои Федерасияи Маҷлиси Федералии Русия оид ба сиёсати иқтисодӣ Александр Трембитский чунин изҳор дошт: «Кишварҳои мо шарикони асосии иқтисодии хориҷӣ мебошанд. Тибқи натиҷаҳои соли 2023 гардиши мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия тақрибан 1,4 миллиард долларро ташкил дод. Воридот ба Русия қариб 6 фоиз афзудааст».
Ба гуфтаи ӯ, Русия аз рӯи сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар қатори пешсафон қарор дорад ва аз рӯи шумораи ширкатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон дар ҷои аввал аст.
«Имкониятҳои бузургтарини ҳамкории дуҷониба лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои кушодани корхонаҳои нав ва паркҳои технологӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ мебошанд. Дар робита ба ин, ташаккули силсилаи ягонаи таъминот аз ашёи хом то маҳсулоти ниҳоӣ муҳим аст, - зикр намуд сенатор. - Маълум аст, ки барои ҳамкории муваффақонаи тиҷоративу иқтисодӣ бунёди занҷираи самараноки логистикӣ ва таъсиси марказҳои нақлиётиву логистикӣ, ки ҳамлу нақли маҳсулоти содиротиро таъмин мекунанд, зарур аст».
«Порсол Харитаи роҳ»-и байниҳукуматӣ оид ба таъмини логистикаи устувор барои иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷии Русия ва Тоҷикистон ба имзо расид, ки тибқи он адбирҳо оид ба бартараф сохтани маҳдудиятҳои инфрасохторӣ, ба монанди ташкили хадамоти логистикии гузаранда барои ҳамлу нақл дар хатсайрҳои алтернативӣ, имконияти истифодаи вагонҳои инноватсионӣ пешбинӣ шудаанд», - афзуд ӯ.
Сухан дар бораи он меравад, ки 21 ноябри соли 2023 дар Маскав дар натиҷаи вохӯриҳо ва гуфтушунидҳо дар сатҳи олии Тоҷикистону Русия дар ҳузури Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин 8 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла, Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Федератсияи Россия дар бораи рушди ҳамкорӣ дар тайёр кардану бозомӯзнидани мутахассисон дар соҳаи нақлиёт ва Нақшаи тадбирҳои амалӣ («Харитаи роҳ») оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия барои солҳои 2023-2025 ба имзо расиданд.
Ҳуҷҷатҳоро дар ҳузури Сарони ду давлат Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Вазири нақлиёти Федератсияи Русия Виталий Савелйев имзо карданд.
Ҳадафи Ёддошти тафоҳум мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ҷиҳати омодасозӣ ва бозомӯзии чунин мутахассисони соҳаи нақлиёт мебошад, ки ба манфиатҳои рушди маҷмааи нақлиётии ду кишвар ҷавобгӯ мебошанд.
Ҷонибҳо ният доранд, ки ба ҳамдигар дар гузаронидани семинарҳои таълимии нақлиётии Тоҷикистону Русия, аз ҷумла дар самтҳои афзалиятноки зерин мусоидат намоянд:
-ҳамлу нақли мултимодалӣ;
- шарикии давлат бо бахши хусусӣ дар соҳаи нақлиёт;
- рушди шабакаҳои нақлиётии минтақавӣ ва шаҳрӣ;
- сохтмон ва идоракунии инфрасохтори нақлиётӣ;
- амнияти нақлиётӣ;- рақамикунонии соҳаи нақлиёт;
- муайян намудани афзалиятҳои рақобатӣ дар бозори ҷаҳонии хизматрасониҳои нақлиётӣ;
- ҳамкорӣ дар доираи иттиҳодияҳои байнидавлатӣ;
- соҳаи нақлиёту логистика;
-таҳияи лоиҳаҳои нақлиётӣ ва логистикӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои машваратӣ дар татбиқи онҳо;
- таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои ташкилотҳо ва соҳибкороне, ки дар бозори хизматрасониҳои нақлиётӣ, инфрасохтори нақлиётӣ ва логистика кор мекунанд;
- таҳияи тавсияҳо оид ба такмили қонунгузории амалкунанда ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ-логистикӣ.
Дар самтҳои номбаршуда ҳамкории МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ», КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт» ва дигар сохторҳои дахлдори Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо МД «Муассисаи мустақили таҳсилоти олии Русия (ФГАУ ВО) ва Донишгоҳи нақлиётии Русия пешбинӣ шудааст.
Тибқи Нақшаи тадбирҳои амалӣ («Харитаи роҳ») оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия барои солҳои 2023-2025 имконияти пайвастшавии Тоҷикистон ба лоиҳаи «Агроэкспресс» баррасӣ карда мешавад. Ин хидматгузории махсус ҷиҳати ташкили интиқоли босуръати контейнерҳо тавассути роҳи оҳан мебошад. Лоиҳа аз ҷониби ҶСК «Роҳҳои оҳани Русия» ва Маркази содиротии Русия амалӣ карда мешавад. Ин хидматрасонӣ имкон медиҳад, ки борҳои маҷмааи агросаноатӣ ба Туркия, кишварҳои ИДМ ва Чин интиқол дода шаванд.
Қобили зикр аст, ки пайвастани Тоҷикистон ба лоиҳаи «Агроэкспресс» метавонад мӯҳлати таҳвили маҳсулоти зудвайроншавандаро суръат бахшад ва хатари омилҳои ба сифати мол таъсиррасонро коҳиш диҳад.
Ёдовар мешавем, ки расо 6 сол пеш, моҳи октябри соли 2018, Раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Русия оид ба сиёсати аграрию озуқаворӣ ва истифодаи табиат Алексей Майоров дар чунин «мизи мудаввар» бахшида ба ҳамкории Душанбе ва Маскав изҳор дошта буд, ки Русия ба Тоҷикистон дар бунёди марказҳои муосири логистикӣ фаъолона кумак хоҳад кард. Он вақт суҳбати «мизи мудаввар» дар Шурои Федератсия МФ Русия дар Маскав, дар доираи Форуми VI байнипарлумонии Русия ва Тоҷикистон ташкил карда шуда буд.