Хабарҳо

Blog

Баррасии масъалаи омодагӣ ба зимистон бо роҳдорони вилояти Суғд

Санаи нашр: 10-11-2021 Просмотрено: 3060

   Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд рўзҳои 7- 8 ноябри соли равон вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим бо роҳбарият ва кормандони МД «Идораи хоҷагии роҳҳои автомбилгард», Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, Раёсати МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёт» дар вилояти Суғд оид ба омодагӣ ба зимистон машварати корӣ доир намуд.

   Таъкид гардид, ки новобаста аз он ки техникаву таҷҳизоти роҳнигоҳдорӣ барои зимистонгузаронӣ омодаанд, бояд захираҳои маводи зидди лағжиш, сўзишворӣ ва маводи ғизоиву либоси зимистона низ бояд барои зимистон таъмин бошанд.

   Вазири нақлиёт ҳамчунин ба масъулини соҳа супориш дод, ки назорати доимии ҳаракати нақлиёти гаронвазнро пурзўр намуда, ҷиҳати омодагии ронандаҳои нақлиёти мусофирбару боркаш ба зимистон ва ба танзим даровардани хизматрасонии логистикӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.