Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ЧАНД САТР. Рӯйдодҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон

Санаи нашр: 11-10-2024 Просмотрено: 4261

Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, рейтингҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.

                                    ДАР ТОҶИКИСТОН

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки сохтмони роҳи мошингарди «Роғун – Обигарм – Нуробод» саривақт ва босифат ба анҷом расонида шавад. «Вазорати нақлиёт, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди «Роғун – Обигарм – Нуробод»-ро таъмин намоянд», - таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо сохтмончиёни Нерӯгоҳи барқи обии Роғун 28 сентябр соли 2024.

 Се сол пеш, 7 июни соли 2021 сар Пешвои миллат дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Нуробод ба сохтмони ин роҳи автомобилгард оғоз бахшида буданд.

                                               ***

Дар Душанбе аввалин микроавтобусҳои барқӣ ба кор дароварда шуданд. Микроавтобусҳои Foton Toano 17 нафар мусофир ва ронандаро ҷойгир мекунанд. Нақлиёти муосир ва бароҳат дорои курсиҳои эргономикӣ, бордони васеъ, тарҳи замонавӣ ва сатҳи баланди бехатарӣ мебошад. Он бо кондитсионер, чамбараки фармони чандманзура ва системаи мультимедиявӣ муҷаҳҳаз аст.

«Дар айни замон мо 6 адад микроавтобусро ба  рощ баровардем. Ба қарибӣ шумораи онҳо зиёд хоҳад шуд, - гуфт директори ширкати «Аҳмар», ки автобусҳои барқиро дар Душанбе ба кор андохтааст. - Мо аллакай дистрибютори расмии Foton дар Тоҷикистон ҳастем ва метавонем чунин моделҳоро барои эҳтиёҷоти дигар низ ворид созем».

Foton Toano бо батареяи 80-киловатта муҷаҳҳаз аст ва метавонад бо як заряд тақрибан 350 километрро тай кунад. Яъне, як заряд кифоя аст, ки микроавтобус ба мусофирон якчанд рӯзи пурраи корӣ бидуни барқгирӣ хизмат расонад.

 Барқикунонии нақлиёт дар Душанбе тибқи нақшаи шаҳрдорӣ дар доираи «Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023-2028», ки дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №532 аз 31 октябри соли 2022  тасдиқ шудааст,  сурат мегирад. То моҳи сентябри соли оянда пойтахт бояд пурра ба таксиҳои барқӣ гузарад. Автобусҳои мусофирбарӣ низ бо автобусҳои барқӣ иваз карда мешаванд.

                                            ***

Дар Душанбе ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи Ганҷавӣ то тобистони соли 2025 қатъ карда мешавад. Дар Пойтахти Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2024 ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи Низоми Ганҷавӣ то 25 июли соли 2025 дар робита ба корҳои таъмирӣ қатъ карда шуд.

 Тавре Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дохилӣ (РВКД) дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, роҳ аз пули хиёбони И.Сомонӣ то кӯчаи Карамов (роҳи пул ба самти донишгоҳи миллӣ [островок], ЭКСПО-марказ ва ғайра) баста мешавад.

  РВКД дар шаҳри Душанбе аз ронандагон хоҳиш мекунад, ки дар ин давра аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд.                                        

                                              ***

Парвозҳо аз Душанбе ба Хоруғ аз сар гирифта шуданд. Парвозҳо  тариқи хатсайри «Душанбе-Хоруғ» пас аз танаффуси чандинсола 3 октябри соли 2024 аз нав барқарор карда шуданд. Дар ин бора Раиси ширкати «Тоҷик Эйр» Парвиз Шодмонзода ба расонаҳо хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, чиптаҳоро аз нуқтаҳои фурӯши «Тоҷик Эйр» дар бинои асосии ширкат (rӯчаи Мирзо Мастонгулов, 32/1) бо нархи 900 сомонӣ харидан мумкин аст.

"Парвоз бо ҳавопаймои АН-28, ки дар он 17 нафар ҷой мегиранд, анҷом дода мешавад. Парвозҳо ҳафтае се маротиба: рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва шанбе амалӣ карда мешаванд», - гуфт Шодмонзода.

Вай афзуд, ки ҳавопаймо аз Душанбе соати 8:00 парвоз карда, вақти парвоз 1 соату 10 дақиқа хоҳад буд. Парвози бозгашт аз Хоруғ соати 10:00 сурат мегирад. «Тоҷик Эйр» таъкид кард, ки парвозҳо дар ин масир аз шароити обу ҳаво вобаста хоҳад буд.

«Агар ҳаво номусоид бошад, парвоз мувофиқан сурат намегирад ва  ширкат мусофиронро дар бораи вазъ пешакӣ огоҳ мекунад»,  гуфт Шодмонзода. 

 Ба гуфтаи ӯ, дар ояндаи наздик парвозҳо ба Лахш, Рашт, Кӯлоб, Ванҷ, Рӯшон, Айнӣ ва Ишкашим низ ба нақша гирифта шудаанд.                         

                                             ***

Дар Душанбе ду автосалонаи BYD ифтитоҳ гардид. 4 октябр дар Маркази байналмилалии намоишгоҳи Душанбе фаъолияти бренди машҳури ҷаҳонии BYD расман оғоз гардид. Дар пойтахт якбора ду маркази (салони) 4S-и ширкат ба кор сар карданд, ки маҷмӯи пурраи хидматҳо, аз ҷумла фурӯши мошинҳо, қисмҳои эҳтиётии аслӣ, хизматрасонии техникӣ ва таҳлили шароити бозорро пешниҳод мекунанд.   

 Салони аввали BYD дар суроғаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи 61-ум, кӯчаи Фирдавсӣ, 70/1 (нуқтаи атфӣ – HANKOOK) ҷойгир аст.  Суроғаи салони дуюм бо номи «Хонаи сабзи BYD»: шаҳри Душанбе, кӯчаи Карамов, 65/165/2.   

BYD ширкати бузурги (конгломерати) чинӣ мебошад, ки   мошинҳои BYD Auto, батареяҳо ва таҷҳизоти электроникаи BYD Electronic-ро  истеҳсол мекунад. Ширкат дар шаҳри Шэнчжен (Чин) ҷойгир аст.                                                 

                                              ***

Дар шаҳри Ҳисор роҳҳои дохилии ҷамоатҳо таъмир карда мешаванд. Дар доираи омодагӣ ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки соҳибкорон ва аҳолии маҳаллӣ роҳҳои дохилии ҷамоатҳои «Алмосӣ», Мирзо Ризо ва Мирзо Турсунзода таъмир карда мешаванд, хабар медиҳад Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҳисор.

Таъмир ва мумфарш кардани роҳи деҳаи «Зиракӣ»- и ҷамоати деҳоти» «Алмосӣ» бо дарозии 1,5 км аллакай оғоз ёфтааст. Дар деҳаи «Нуробод» - и ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо низ дар доираи корҳои ободонӣ сокинони маҳаллӣ тақрибан 1,5 км роҳҳои деҳотро таъмир ва мумфарш карданд.

Ҳамчунин сокинони деҳаи «Чаманзор» - и ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода ният доранд, ки дар ҷараёни корҳои ободонӣ зиеда аз 4 км роҳҳои деҳотро мумфарш кунанд.

                                            ***

Дар Панҷакент қариб 30 км роҳҳо мумфарш карда шудаанд. Дар шаҳр мумфарш кардани роҳ дар деҳаи «Ғӯсар» - и ҷамоати деҳоти Лоик Шералӣ оғоз ёфт. Дар ин бора хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар додааст.

 Дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави минтақа корҳои ободониву сохтмонӣ, аз ҷумла беҳтар намудани вазъи роҳҳои маҳаллӣ идома доранд.

Роҳи деҳаи «Ғӯсар» бо дарозии 1,2 километр аз ҳисоби  соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинон ба маблағи 700 ҳазор сомонӣ пурра  мумфарш карда мешавад. Соли ҷорӣ дар нақшаи мумфарш кардани роҳҳо дар ҷамоатҳои Панҷакент 26,2 километр зикр карда шуда буд, аммо то имрӯз корҳо дар 29,6 километр роҳҳо бо сифати баланд ба анҷом расидаанд.                                                  

                                                ***

Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон низ таъмири асосии роҳ бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ба анҷом расид. Таъмири асосии се километри роҳи автомобилгарди деҳаҳои «Ҷуҷӯи боло», «Чуҷӯи поён» ва «Яккатут» дар ҷамоати «Дахана» бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ, сокинон ва соҳибкорон амалӣ карда шуд.                                              

                                             ***

Гардиши мол байни Тоҷикистон ва Русия дар моҳҳои январ-август ба 1,27 миллиард доллар расид, ки нисбат ба щамин давраи соли 2023 баи андозаи 14,3 фоиз зиёд мебошад. Дар моҳҳои январ-августи соли 2024 ҳиссаи  Федератсияи Русия дар гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ 22 фоизро ташкил дод, гуфт Намояндаи савдои ФР дар Душанбе Евгений Коренков.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Русия дар робитаҳои хориҷии ҷумҳурӣ дар ҷои аввал аст.

Дар Тоҷикистон интиқоли бор асосан тавассути нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан амалӣ карда мешавад.                         

                                    ДАР МИНТАҚА

  Тоҷикистон ва Узбекистон долони нави ҳавоӣ месозанд. Дар ин бора 18 сентябр Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» хабар дод.

Дар ҷараёни сафари мутахассисони тоҷик ба ин кишвар ҷанбаҳои техникии гузаргоҳҳои нав, ки дар қаламрави Узбекистон оғоз ёфта, дар ҳудуди Тоҷикистон, дар нуқтаи «AGVUT» ба анҷом мерасанд, баррасӣ карда шуданд.

Ҷониби Тоҷикистон лоиҳаи нави КВД «Тоҷикаэронавигатсия» -  системаи автоматикунонидашудаи банақшагирии парвозҳоро муаррифӣ кард ва инчунин дар бораи муваффақиятҳои ба даст овардашуда дар ҷорӣ кардани навигатсия, ки ба хусусиятҳо (PBN) дар ҷумҳурӣ асос ёфтааст,  суҳбат кард.

Гурӯҳи кории «Тоҷикаэронавигатсия» ба Хадамоти иттилооти аэронавигатсионӣ ва Маркази омӯзишӣ-таълимӣ, ки дар бинои таълимии «Uzbekistan Airways» ҷойгир аст, ташриф овард.                    

                                             ***

 Миёни Тоҷикистон ва Узбекистон боз як хатсайри нави автобус кушода шуд. Акнун ҳар рӯз аз шаҳри Олмалиқи вилояти Тошканди Узбекистон ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон автобус равуо хоҳад кард.

 Хатсайри нав аз ҷониби ширкати  «Olmaliq Isuzu Trans»-и Узбекистон дар ҳамкорӣ бо ширкати  «Khujand Trans Service» ташкил карда шудааст ва дар асоси шартнома амал мекунад.

Аз Олмалиқ автобус соати 7 субҳ ба роҳ мебарояд. Нархи роҳкиро 60 000 сӯми ӯзбекӣ (тақрибан 50 сомонӣ) – ро ташкил медиҳад. Автобуси бозгашт аз Хуҷанд рӯзи дигар соати 10:00 ҳаракат мекунад ва соати 15:00 ба Олмалик мерасад. Нархи роҳкиро 60 сомонӣ мебошад.                   

                                             ***

Минбаъд ба ронандагони мопед дар Қазоқистон ҷарима таъйин карда мешавад. Дар наздиктарин фурсат онҳо бояд мопедҳои худро ба қайди давлатӣ гиранд. Ин маънои онро дорад, ки онҳо инчунин барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҷарима хоҳанд шуд, навиштааст NUR.KZ.

 То имрӯз мопедҳо дар Қазоқистон ба қайд гирифта намешуданд ва ба гузоштани рақамҳои давлатӣ   ниёз надоштанд. Инчунин барои истифодаи онҳо шаҳодатномаи ронандагӣ лозим набуд. Ҳамаи ин мопедистҳоро бо пиёдагардон дар як сатҳ мегузошт ва табиист, ки ба онҳо имкон медод  барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷазо канорагирӣ кунанд.

Аммо ба зудӣ ҳама чиз тағйир меебад: 3 октябр Президенти Қазоқистон қонунеро имзо кард, ки мопедҳоро ба рӯйхати воситаҳои нақлиёт дохил мекунад ваонҳо бояд ба қайди давлатӣ гузошта шаванд.  Ин қонун соли 2025 эътибор пайдо мекунад.                                      

                                              ***

Дар Узбекистон ҳам барои вайрон кардани  қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳангоми рондани скутерҳо, велосипедҳо ва мопедҳо ҷавобгарии маъмурӣ муқаррар карда мешавад. Дар ҷаласаи умумии 57-уми худ сенаторҳои Маҷлиси Олӣ Қонунро «Дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» тасдиқ карданд.

Қонун масъулияти маъмуриро барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳо ҳангоми идоракунии скутерҳо, мопедҳо, велосипедҳо, аробаҳои гуҷӣ, воситаҳои нақли`ти инфиродӣ, инчунин барои интиқоли одамон аз ҷониби ронандагони ин воситаҳо муқаррар мекунад.

Қобили зикр аст, ки дар рафти санҷишу рейдҳо, ки аз моҳи июни соли 2023 дар Тошканд доир гардиданд, беш аз 200 вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти инфиродӣ ошкор карда шуд.

                                            ***

Қазоқистон то соли 2029 ният дорад, ки тӯли роҳҳои пулакиро зиёд кунад. Мақомоти кишвар тасмим гирифтаанд, ки то соли 2026 ба нигоҳдории роҳҳо аз ҳисоби роҳҳои автомобилгарди пулакӣ гузаранд. Дар ин бора дар мусоҳиба бо нашрия Tengrinews.kz Вазири нақлиёти Қазоқистон Марат Карабаев хабар дод. Барои ин, аллакай дар соли 2024 дар кишвар пардохти роҳкиро тавассути магистралҳои пулакӣ то 2 ва зиёда танга дар як км зиёд карда мешавад.

 Нигоҳдории роҳҳои ҷумҳуриявӣ, тибқи арзёбии Вазорати нақлиёти Қазоқистон, бе назардошти корҳои таъмирӣ, ҳар сол 80 миллиард тангаро тақозо мекунад. Аз 3 200 км роҳҳои пулакӣ ҳоло тақрибан 30 миллиард танга ҷамъоварӣ карда мешавад. «Мо ният дорем, ки имсол боз 1100 километр роҳҳои пулакӣ ҷорӣ кунем. Агар мо 3,200 километр дошта бошем, соли ҷорӣ 4,300 километр роҳҳо пулакӣ хоҳад буд. Пул барои нигоҳ доштани роҳҳо дар ҳолати меъёрӣ равона карда мешавад», – зикр кард Марат Карабаев.

Ёдовар мешавем, ки аз 1 сентябри соли 2024 дар Русия ҷаримаҳо барои пардохт накардани роҳкиро дар роҳҳои пулакӣ зиёд шуданд. 

                                         ДАР ҶАҲОН

Чин яке аз кишварҳои пешсафи ҷаҳон дар рушди роҳи оҳан гардид. То 14 сентябри соли 2024 дарозии умумии роҳи оҳани Чин ҳудуди 160 ҳазор километрро убур кард, ки зиёда аз 46 ҳазор километри он ба магистралҳои баландсуръат рост меояд. Кишвар дар сатҳи рушди инфрасохтори роҳи оҳан дар ҷаҳон яке аз мавқеъҳои пешсафро ишғол мекунад. Дар ин бора нашрияи «Женьминь жибао» хабар медиҳад.

 Пас аз анҷумани 18-уми ҲКЧ, ки соли 2012 баргузор шуд, рушди роҳи оҳан, алахусус роҳи оҳани баландсуръат, суръати тоза касб кард. Ба гуфтаи Ли Тзинвей, намояндаи ширкати China Railway Group, аз соли 2012 инҷониб 66 ҳазор км роҳи оҳани нав, аз ҷумла 38 ҳазор км хатҳои баландсуръат сохта, ба истифода дода шудаанд. Имрӯз роҳи оҳан 99% шаҳрҳои Чинро бо аҳолии зиёда аз 200 ҳазор нафар ва магистралҳои баландсуръатро 96% шаҳрҳои бо аҳолии зиёда аз 500 ҳазор нафар фаро мегирад. Васеъшавии шабакаи роҳи оҳан сифати интиқоли мусофиронро хеле баланд бардошт.

                                              ***

Дар ҷаҳон нахустин кишваре пайдо шуд, ки дар он теъдоди мошинҳои барқӣ аз мошинҳои бо бензин ҳаракаткунанда бештар гардид.   Дар ин бора 19 сентябри соли 2024 BBNews хабар дод. Мувофиқи маълумоти Федератсияи роҳҳои Норвегия (NRF), аз 2,8 миллион мошинҳои хусусии ба қайд гирифташуда 754 303 пурра барқӣ мебошанд, дар ҳоле ки 753 905 мошин бо бензин ҳаракат мекунанд.

Тибқи гузоришҳо, кишвар ба нақша гирифтааст, ки то соли 2025 аз фурӯши мошинҳои нави дорои ICE (ба истилоҳ муҳаррикҳои дарунсӯз) комилан даст кашад.

Норвегия, ки 5,5 миллион аҳолӣ дорад, назди худ ҳадафи ҷиддӣ гузоштааст, ки аввалин минтақа дар ҷаҳон хоҳад буд, ки фурӯши мошинҳои нав бо муҳаррикҳои бензин ва дизелӣ комилан қатъ карда мешавад.

Боварӣ ба татбиқи ин нақша тавассути татбиқи васеи имтиёзҳои вобаста ба андоз ва дигар ҳавасмандгардонӣ барои харидорони мошинҳои барқӣ, ки асосан аз ҳисоби даромади соҳаҳои нафту газ маблағгузорӣ мешаванд, ба даст оварда шуд.

                                              ***

Кормандони арзишмандтарин дар Маскав ронандагони мошинҳои боркаш арзёбӣ шуданд. Кормандони аз ҳама серталабгор дар соҳаи логистика дар моҳи сентябри соли 2024 ронандагони мошинҳои боркаш ҳисобида шуданд, менависад «РБК» бо истинод ба маълумоти SuperJob.

Дар Маскав корфармоён омодаанд ба ронандагони мошинҳои боркаш то 280 ҳазор рубл маош пардохт кунанд, ки ин ба афзоиши талабот ба хизматрасониҳои нақлиётӣ ва дар як соли охир то 12 фоиз зиёд шудани шумораи ҷойҳои холии корӣ дар ин соҳа вобаста аст.  

Ронандагони мошинҳои боркаши калонҳаҷм, хусусан онҳое, ки  дар истифодаи дастгоҳҳои яхдонӣ ё интиқоли борҳои хатарнок таҷриба доранд, ба ҳисоби миёна 170 ҳазор рубл маош мегиранд ва бо назардошти таҷриба ва тахассус метавонанд ба маоши ҳадди аксари то 280 ҳазор рубл умед баранд. Ин даромади баланд пеш аз ҳама барои ронандагоне дастрас аст, ки таҷрибаи зиеда аз сесолаи корӣ доранд ва қодиранд дар хатсайрҳои байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ бидуни танаффус кор кунанд.                                    

                                                 ***

 Заводи мошинбарории Tesla дар Шанхай як миллионумин мошини барқиро содир кард. Тибқи маълумоте, ки 28 сентябр аз Tesla паҳн шуд, он рӯз дар сехи монтажи мошинҳои Model 3 дар ин ширкати бюузург миллионумин мошини барқии истеҳсоли Чин, ки барои содирот пешбинӣ шуда буд, аз конвейер баромад. Худи ҳамон рӯз, қатори мошинҳои Model 3 аз бандари Нанган дар Шанхай ба Бритониё фиристода шуд. Ин маънои онро дорад, ки ҳаҷми умумии содироти мошинҳои Тesla аз як миллион адад зиёд шуд, хабар медиҳад нашрияи «Жэньминь жибао». 

 Ширкати чиноии Tesla дар Шанхай маркази муҳими содиротӣ ва пойгоҳи бузургии истеҳсолии ҷаҳон мебошад. Мошинҳои ширкат ба Аврупо, минтақаи Осиё, Уқёнуси Ором ва ғайра содирот карда мешаванд.