Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим Гуруҳи корӣ таъсис дод ва онро муваззаф намуд, ки омодагии роҳҳо ва муассисаҳои нигоҳдории роҳҳоро ба мавсими зимистон бисанҷад.
«Бо дарназардошти он, ки тибқи пешгӯиҳои обуҳавошиносон, аллакай дар даҳаи дуюми моҳи октябр ҳарорати ҳаво дар кишвар ба таври назаррас паст хоҳад шуд, зарур аст, ки ҳолати роҳҳо, иншооти роҳ, ҳудуди корхонаҳо, биноҳо, омодагии техникаву таҷҳизоти махсус, рафти тайёр кардани маводи зиддилағзиш, сӯзишвории дизелӣ, ангишт, ҳезум, либоси зимистона, мавҷудияти дигар маводу масолеҳи зарурӣ санҷида шавад», - гуфт Вазири нақлиёт дар ҷаласаи назоратӣ 7 октябр.
Бо ин мақсад Гурӯҳи корӣ оид ба санҷиши омодасозии соҳаи роҳу нақлиёт ба мавсими зимистон таъсис дода шуд, ки ба он муовинони вазир, роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдор ва муассисаҳои тобеи вазорат дохил шуданд. Гурӯҳи корӣ, ки сарварии он ба зиммаи муовини аввали Вазир Раҳим Бобозода вогузор шуд, ҳамзамон рафти сохтмон ва таҷдиди роҳу пулҳо, бақайдгирии дороиҳои роҳ, пешгирии ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн ва калонҳаҷмро дар роҳҳои автомобилӣ аз назар мегузаронад.
Таъкид гардид, ки соҳаи роҳу нақлиёт бояд то 1 ноябри соли ҷорӣ ба фаъолияти муътадил ва самарабахш дар фасли зимистон пурра омода карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки 30 сентябри соли 2024 дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва дигар муассисаҳо оид ба омодагии сатҳи баланд ба давраи зимистон, захираи кофии озуқаворӣ ва сӯзишворӣ барои ҳамаи соҳаҳо, ривоҷ додани корҳои созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.