4 октябр дар Вазорати нақлиёти ҶТ бо иштироки роҳбарият, кормандони дасгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, ки он бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҳозиринро бо ин ҷашни миллӣ табрик гуфта, изҳор дошт, ки забони давлатӣ аз рукнҳои муҳими давлатдории миллист ва дар ба маснади баланди давлатӣ баровардани забони тоҷикӣ, рушду такомул ва истифодаи он дар ҳамаи соҳаҳо дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҷаста ва беназир аст.
Сипас дар бораи нақшу фазилатҳои забони давлатӣ дар худшиносию худогоҳии миллат ва боло рафтани нуфузи давлати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ Шоири халқии Тоҷикистон, нависанда ва муҳаққиқи шинохта Муҳтарам Ҳотам сухан гуфт ва шеърҳо хонд.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом пазируфт.
Дар зер матни суханронии Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим пешниҳод мегардад.
Ҳамкасбони азиз, кормандони шарафманди маҷмааи нақлиёту роҳ!
5 октябр мо Рӯзи забони давлатиро, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини мо мебошад таҷлил мекунем, аз ин хотир ҳамаи Шуморо самимона ба ифтихори ин ҷашн табрику таҳният мегӯям!
Дар давлатдории ҳар қавму миллат забони миллӣ мисли шаҳсутун дар сохтмони бинои маънавии давлат шинохта шуда, маърифату фарҳанг, ахлоқу одоб, афкори миллатро мисли ойина дар худ инъикос мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забонро ҳастии миллат арзёбӣ намуда, чунин гуфтаанд: «Ҳастии забон гарави ҳастии миллат, худшиносиву худогоҳии миллӣ, замонати бақои фарҳангу тамаддуни он мебошад, зеро кулли ганҷинаи илмиву адабӣ ва фарҳангии миллат, пеш аз ҳама, ба василаи забон ҳифз мегардад».
Аз ин хотир забони тоҷикӣ барои худшиносии миллӣ рукни асосӣ ба шумор рафта, барои ҳар як тоҷик азизу муътабар мебошад. Танҳо ба василаи забони миллӣ мо таъриху фарҳанги худро пос дошта, пайванди хешро бо адабиёту фарҳанг ва илму дониши дар тӯли ҳазорсолаҳо офаридаи халқамон эҳсос карда метавонем.
Бо забони шевои тоҷикӣ садҳо ва ҳазорон бузургмардону нобиғагон дурри маънӣ суфтаанд ва осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд.
Ҳикмат ва ахлоқи инсонпарварӣ, ки ҷавҳари осори ниёгони мост, бо забони муқтадиру пурвусъат ва ширину гуворои тоҷикӣ асрҳо боз садо медиҳад ва сарвати фарҳангиву маънавии миллати мо бо ҳамин забон оламро тасхир кардааст.
Осори Рӯдакии бузургвору Фирдавсии таърихнигор, Аттору Саноӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Мавлоно Ҷомӣ ва садҳо нафари дигар, ки ҳанӯз чандин аср пеш навишта шудаанд, имрӯз барои мардуми мо дастрасу фаҳмо ва азизу гиромӣ мебошад. Ин осори ҷовидонаро ҳар як фарзанди соҳибмаърифати миллат имрӯз ба осонӣ ва бе луғат мехонаду мефаҳмад.
Ашъори сардафтари адабиёти тоҷику форс устод Рӯдакиро баъди зиёда аз ҳазор сол ҳар яки мо ба осонӣ мефаҳмем ва аз маъниҳои баланди он лаззат мебарем.
Бо ин забони ширин Синову Хайёму Абурайҳони Берунӣ асарҳои илмӣ офаридаанд, ки имрӯз оламиён аз онҳо баҳра мегиранд.
Ин, албатта, мояи ифтихору сарфарозии мо – ворисони ин мероси бузурги маънавӣ мебошад.
Дӯстони азиз!
Мо ба забон пайваста бояд ғамхорӣ кунем, барои рушди минбаъдаи он ва поку беолоиш нигоҳ доштани ин забони ширину шоирона мунтазам саъю талош намоем.
Дар акси ҳол, забони миллӣ зери таъсири омилҳои гуногуни манфӣ метавонад мавриди ҳуҷуми унсурҳои бегона қарор гирифта, меъёрҳои адабии он халалдор гарданд ва забон ҷойгоҳи аслии худро дар ҷомеа аз даст диҳад. Ҳамин гуна вазъи ногувор ба сари забони мо қабл аз ноил гардидан ба истиқлоли давлатӣ омада буд. Роҳи ягонаи наҷоти забони тоҷикӣ ба маснади давлатӣ нишонидани он буд.
Аз ин хотир, бо ташаббусу ҳидоятҳои Сарвари хирадманди давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолии давлатамон чун забони расмии кишвар пойдор гардид ва давлат забонро дар паноҳи сиёсии худ қарор дод. Забони тоҷикӣ дар Конститутсияи кишвар забони давлатӣ эълон гардид ва барои дар амал татбиқ намудани он Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд. Ҳамин тавр бо ба тасвиб расидани қонуни нав аз 5 октябри соли 2009, таҳти №553 ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд, ки ин қадами ҷиддӣ барои тақвият бахшидани устувории забонӣ тоҷикӣ заминаи қонунӣ ба вуҷуд овард.
Минбаъд барои пешрафти забони давлатӣ ва густариш пайдо кардани доираи истифодаи он шароити мусоид фароҳам омада, тамоми монеаву маҳдудиятҳои сунъӣ, ки дар замони то истиқлолият мавҷуд буданд, бартараф карда шуданд ва забони модарии мо ба шоҳроҳи тараққиёти озодона ворид гардид.
Имрӯз бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мамлакат муваффақона ва бомаром идома дорад.
Дар асоси Нақшаи тадбирҳои амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» ва «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» дар Вазорати налиёт Комиссияи махсус таъсис дода, Нақшаи тадбирҳои Вазорати нақлиёт аз 24 июни соли 2022 таҳия ва тасдиқ гардидааст ва воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказӣ, муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳои тобеи Вазорат муваззаф карда шудаанд, ки тибқи он тадбирҳои дахлдор андешанд.
Ҳамчунин бо мақсади зиёд намудани таваҷҷуҳи ҷавонон ба забономӯзӣ дар Вазорати нақлиёт курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудаанд.
Ҳангоми ташкили озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холӣ забондонии довталаболн ба таври ҷиддӣ ба инобат гирифта мешавад. Дар ҷараёни гузарондани санҷишҳо дар идораю муассисаҳо ба масъалаи пурра ва дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ бо забони давлатӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.
Имрӯз масъалаҳои коргузорӣ, хусусан, мукотиба дар байни мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, инчунин забони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, воситаҳои ахбори омма, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, номгузорӣ ва ғайра ба забони давлатӣ таъмин гардидааст ва кор дар ин самт ҳамеша дар маркази диққати давлату Ҳукумат қарор дорад.
Мо ифтихор аз он дорем, ки забони тоҷикӣ ба арсаи байналмилалӣ баромада, имрӯз аз баландтарин минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид садо медиҳад.
Ба ибораи дигар, забони тоҷикӣ аз даврони қадим на танҳо забони адабиёт, балки забони сиёсат, илму фарҳанг, аз ҷумла илмҳои дақиқу табиӣ низ ба шумор мерафту меравад.
Эҳтирому қадр кардани забони модарӣ аз риояи меъёрҳои забони адабӣ ва одоби муошират вобастагии зич дорад. Аз ин лиҳоз, мо бояд ба фарҳанги суханварӣ ва тарзи баёни хоси ин забони ширин пайваста диққат диҳем, забони равону шевои тоҷикиро аз ҳар гуна олоишҳои бегонаву нозарур эмин нигоҳ дорем.
Моро зарур аст, ки аз ин неъмати бебаҳои маънавӣ ҳарчи бештар истифода карда, барои дурусту бехато навиштан ва бо забони давлатӣ муошират кардан кӯшиш намоем.
Ҳамкасбони азиз!
Бори дигар ҳамаи шумо ва аҳли хонадонаторо ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба шумо саодатмандиву осудагии рӯзгор ва дар роҳи ҳифзу рушди ин забони ширину шево комёбиҳо таманно менамоям.
Рӯзи забони давлатӣ муборак бод!