Дар семоҳаи сеюми соли 2024 тибқи фармоиши Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор муассисаҳои тобеи Вазорат дар маҳалҳо тағйироти кадрӣ ба амал оварда шуданд.
* 1 июли соли 2024 сардори Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и вилояти Суғд Қудратзода Тоир Толибӣ аз вазифаи ишғолнамудааш озод карда шуда, ба ин вазифа 8 июли соли 2024, дар мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Тоиров Музаффар Носирович, ки қаблан роҳбарии Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Конибодомро бар уҳда дошт, таъин гардид.
* 17 сентябри соли 2024 сардори Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и минтақаи Бохтар Ҳақназаров Нусратулло Газиевич аз вазифаи ишғолнамудааш озод карда шуда, ба ин вазифа 23 сентябри соли 2024, дар мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Тағайбекзода Исмон Тағайбек, ки то ин вақт сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ буд, таъин карда шуд.
* 16 августи соли 2024 сардори Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард» - и минтақаи Кӯлоб Арабзода Хуршед Сайвалӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Директори КВД «Таъмиру сохтмон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Ба ҷои ӯ 20 сентябри соли 2024, дар мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Бобоёрзода Бобоёр Тавар, ки пеш аз ин робарии муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Муъминободро бар ӯҳда дошт, ба вазифаи сардори Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард» - и минтақаи Кӯлоб таъин гардид.
* Инчунин сардорони муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод ва Фархори вилояти Хатлон, ноҳияи Ашт, шаҳрҳои Исфара ва Конибодоми вилояти Суғд, ноҳияи Ишкошим, минтақаи Ғунди ноҳияи Шуғнони ВМКБ, ноҳияи Сангвор ва шаҳри Роғун дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мазкур аз ҳисоби мутахассисони ботаҷрибаву кордон таъин карда шуданд.