25-26 сентябр дар шаҳри Пекин Форуми глобалӣ оид ба нақлиёти устувор баргузор шуд, ки онро Вазорати нақлиёти ҶМЧ ва Маркази ҷаҳонии инноватсия ва дониш дар соҳаи нақлиёти устувор роҳандозӣ намуд.
Дар форум ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим ширкат варзид.
Ҳамоиш, ки таҳти шиори «Нақлиёти устувор: логистика - пайвандгари ҷаҳон» баргузор шуд, ба таҳкими ҳамкории глобалӣ ва мусоидат ба рушди системаи бехатар, қулай, самаранок, экологӣ, иқтисодӣ, фарогир ва устувори нақлиёт равона карда шуд.
Дар доираи форум роҳбарон ва намояндагони мақомоти нақлиётӣ ва муассисаҳои марбут ба онҳо аз 26 кишвари ҷаҳон дар атрофи панҷ мавзӯи асосӣ мубодилаи афкор карданд: пайвастшавӣ, рушди умумӣ, рушди инноватсионӣ, рушди устувор ва идоракунии ҷаҳонӣ.
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни суханронии ифтитоҳии худ ба ҳамкасбони чинӣ барои даъват ва истиқболи самимии ҳайати мо изҳори сипос намуда, зикр кард, ки нақлиёт ва логистика дар рушди иқтисодиёти кишварҳо нақши калидӣ дошта, ҳамкории боэътимод ва муассирро дар саросари ҷаҳон таъмин менамоянд.
«Нақлиёти устувор як қисми муҳими рушди устувор аст ва бинобар ин, дар рӯзномаи Рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид барои давраи то соли 2030 ва Ҳадафҳои рушди устувори (ҲРУ) он нақши муҳими ёрирасони нақлиёт дар роҳи расидан ба рушди устувори ҷаҳонӣ пурра инъикос шудааст», - таъкид намуд ӯ.
Тавре Вазир изҳор дошт, ҳоло масъалаи таҳияи сиёсати устувори нақлиётӣ дар миқёси ҷаҳон нақши фаъоли вазирони нақлиётро талаб мекунад. Аз ин рӯ, ба андешаи ӯ, мулоқоти вазирон, ки дар доираи Форуми ҷаҳонӣ оид ба нақлиёти устувор – 2024 баргузор мешавад, барои қабули қарорҳои идоракунӣ, ки ба шарикии глобалии нақлиёт мусоидат мекунанд, имконият фароҳам хоҳад овард.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон 25 сентябр дар бахши вазирон, ки дар мавзӯи «Идоракунии глобалӣ: мусоидат ба шарикии глобалӣ дар соҳаи рушди устувор» низ суханронӣ кард. Вай барномаҳо ва стратегияҳои калидиро, ки дар Тоҷикистон барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувори СММ, аз ҷумла нақлиёти устувор қабул ва амалӣ карда мешаванд, номбар намуд:
- Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030;
- Стратегияҷи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037;
- Барномаи давлатии мақсадноки рушди маҷмаи нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2025;
- Барномаи давлатии рушди низоми логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028;
- Барномаи рушди нақлиёти автомобилии барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028.
Вазири нақлиёти ҶТ ҳамчунин иттилоъ дод, ки бо мақсади ноил шудан ба нақлиёти устувор дар доираи барномаву стратегияҳои номбаршуда ва дигар барномаҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд. Аз ҷумла, 6 лоиҳаи сармоягузории сохтмони марказҳои логистикӣ омода карда шудаанд, ки се адади онҳо – МЛ «Панҷи поён, МЛ «Кӯлоб» ва МЛ «Хуҷанд» асосҳои техникӣ - иқтисодӣ (ТЭО) доранд. Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла стандартҳое, ки фаъолияти логистикиро танзим мекунанд, таҳия ва такмил дода мешаванд, корҳо оид ба рақамикунонии маҷмааи нақлиётӣ дар 28 самти асосӣ бомаром идома доранд, барои рушди мошинҳои барқии категорияҳои M1, M2, M3, N1, N2 ва N3, ки бо муҳаррики барқӣ ҳаракат мекунанд, шароити мусоид фароҳам сохта мешавад. Илова бар ин, лоиҳаҳо оид ба сохтмони роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, инчунин инфрасохтори роҳу нақлиёт, аз ҷумла пулҳо, нақбҳо, эстакадаҳо амалӣ карда мешаванд.
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки Маркази ҷаҳонии инноватсия ва дониш оид ба нақлиёти устувор, ки таъсиси онро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин соли 2021 эълон карда буданд, инчунин ташаббуси кишвари мо оид ба таъсиси Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ёфт, барои рушд ва татбиқи нақшаву тадбирҳо, барномаҳо ва лоиҳаҳо оид ба таъмини ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи нақлиёт, дар маҷмӯъ нақлиёти ҷаҳонӣ, пешбинӣ шудаанд.
«Ба андешаи мо, фаъолияти маркази Минтақавии дипломатияи нақлиетӣ метавонад ва бояд фаъолияти маркази Ҷаҳонии инноватсия ва донишро оид ба нақлиёти устувор пурра кунад», - гуфт Вазири нақлиёти ҶТ.
Дар доираи Форуми ҷаҳонӣ оид ба нақлиёти устувор Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сяопен, Вазири Федералии коммуникатсияи Ҷумҳурии Исломии Покистон Абдул Алим Хон ва Директори департаменти нақлиёт ЭСКАТО Веймин Рен мулоқот кард. (Ниг. ба аксҳо). Ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт ва логистика, аз ҷумла фаъолияти комиссиҳои корӣ, лоиҳаҳои аснода ҳамкорӣ, дастрас намудани рухсатномаҳо барои боркашонии байналмилалӣ, бунёди нуқтаҳои хизматрасонии тахникии нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон ва ғайраро баррасӣ карданд.
Яке аз натиҷаҳои назарраси Форуми ҷаҳонӣ оид ба нақлиети устувор дар Пекин – қабули Ёддошти тафоҳум дар бораи ташкили механизми мулоқоти вазирони нақлиёт «Чин – Осиёи Марказӣ» буд. Он барои талошҳои оянда дар соҳаи инфрасохтори нақлиётӣ, рушди логистика ва таъмини ҳаракати самараноки молҳо ва одамон дар минтақа асос мегардад.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Маҷмаи Умумии СММ қатъномаҳои муҳим дар бораи Рӯзи ҷаҳонии нақлиёти устувор эълон кардани 26 сентябр, баргузории Даҳсолаи нақлиёти устувори СММ, ки соли 2026 оғоз меёбад ва Конфронси сеюми ҷаҳонии СММ оид ба нақлиёти устуворро қабул кард.