Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Тоҷикистон ва Ҷопон дар самти беҳсозии иншооти роҳ ҳамкорӣ мекунанд

Санаи нашр: 18-09-2024 Просмотрено: 3615

  13 сентябри 2024 дар толори мехмонхонаи «Точикистон»-и шаҳри Душанбе семинари чамъбастӣ оид ба лоиҳаи ҳамкории техникии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ  (JICA) «Рушди иқтидорнокӣ ҷиҳати идоракунии пулҳо» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷопон дар ҶТ, JICA, Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ (ПЛИН), идорахои хоҷагиии роҳҳои автомобилгард, Донишгоҳи техникии Точикистон (ДТТ) ба номи академик М. Осимӣ ва дигар вазорату идорахо  ширкат намуданд.

 

Сараввал Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Сафири Фавқулода ва Мухтори Љопон дар Тоҷикистон Тошихиро Аики ва Роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба хамкорихои байналмилалӣ (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имай Сейдзу суханронӣ намуда, ба ҷонибхо изҳори сипос намуданд.

  Гурухи коршиносони JICA бо шарикони лоиҳа аз Вазорати наклиёт, Маркази ракамикунонии сохаи наклиёт, идораҳои хоҷагии роҳҳои автомобилгард, ПЛИН ва ДДТ ба номи академик М. Осимӣ оид ба  иҷроиши лоиха ва натиҷаҳои он маълумот ироа намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки  фаъолият аз рӯи ҳамаи 4 самти лоиҳа тибқи нақша бомуваффакият ба анҷом расид.

 Гуфта шуд, ки дар рафти фаъолият муассисаҳои давлатии назорати роҳҳои автомобилгард (МДНРА) ва идораҳои хоҷагии роҳҳои автолмобилгард (ИХРА) инвентеризатсия ва муоинаи муҳандисию техникии 1643 адад пулро ба анҷом расонида,  маълумотҳоро ҷамъоварӣ намуданд.

Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим пешниҳод намуд, ки ҳамкорӣ ҷиҳати омодасозии мутахассисони тармашинос ва дигар офатҳои табиӣ, аз ҷумла ярч, резиши сангҳо ва ғайра ҳамкорӣ идома дода шавад.

Ёдовар мешавем, ки ин сеюмин лоиҳаи агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) мебошад, ки моҳи апрели соли 2021 оғоз ёфта, моҳи ноябри соли 2024 ба анҷом мерасад.