Хабарҳо

slider_img
slider_img

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Дар соҳаи роҳу нақлиёти водии Рашт 13 лоиҳаи сармоягузорӣ татбиқ гардидаанд»

Санаи нашр: 13-09-2024 Просмотрено: 3072

12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷараёни сафари корӣ ба водии Рашт, ба ноҳияҳои Лахш ва Тоҷикобод ташриф оварданд.

  Дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Лахш барои солҳои 2021-2025 татбиқи 114 лоиҳа пешбинӣ гардидааст, ки ба беҳсозии шароити инфрасохтори ноҳия, бунёди иншооти истеҳсоливу хизматрасонӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ  равона шудаанд. Дар ин бора  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рузи панҷшанбе, 12 сентябр, зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Лахш хабар доданд.

Бино ба гуфтаи Сарвари давлат, тибқи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия бунёду таҷдиди 124 иншооти таъиноти гуногун пешбинӣ гардидааст. 

«Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаи роҳу нақлиёти ноҳияҳои водии Рашт 13 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 2,5 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, 614 километр роҳ ва 25 пул сохта, ба истифода дода шудааст, – зикр намуданд Пешвои миллат. – Аз ҷумла дар ин самт дар ҳудуди ноҳияи Лахш 4 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 960 миллион сомонӣ татбиқ гардида, дар доираи он бунёди 255 километр роҳ ва 15 пул амалӣ гардидааст. Дар натиҷа танҳо дар 6 моҳи соли 2024 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми боркашонӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ 7 фоиз ва мусофиркашонӣ 18 фоиз афзоиш ёфтааст».

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худи ҳамон рӯз, 12 сентябр, дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Тоҷикобод иброз доштанд, ҷиҳати аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани кишвар ва ба дарвозаи шарқии Тоҷикистон табдил додани водии Рашт то имрӯз даҳҳо лоиҳаи сармоягузории давлатӣ бо маблағгузориҳои бузург дар самти роҳсозӣ татбиқ гардидаанд.

«Бунёди шоҳроҳи мошингарди “Ваҳдат – Роғун – Нуробод – Рашт – Лахш” ҳанӯз соли 2005 оғоз гардида, дар се марҳала беш аз 310 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва 138 километр роҳҳои маҳаллӣ ба маблағи умумии 1,9 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода супорида шуданд, – таъкид намуданд Пешвои миллат. – Ҳаҷми умумии маблағгузории марҳалаи сеюми лоиҳаи мазкур дар ҳудуди ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш 860 миллион сомонӣ буда, дар доираи ин маблағҳо бунёди 114 километр роҳ, 5 пули нав ва таҷдиди 9 пули мавҷуда амалӣ гардидааст».

Сарвари давлат хотиррасон шуданд, ки ҳоло лоиҳаи бунёди роҳи «Роғун – Обигарм – Нуробод», ки яке аз самтҳои муҳими нақшаи созандаи Ҳукумати мамлакат доир ба рушди ноҳияҳои водии Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.