Дар самти раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат корҳои зиёд амалӣ гардидаанд. Ин нуктаро 11 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Сангвор зикр намуданд.
Бино ба гуфтаи Сарвари давлат, дар давраи соҳибистиқлолӣ асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи мошингарди «Лабиҷар – Сангвор – Қалъаихумб» ба маблағи 5,5 миллион сомонӣ гузаронида шудааст.Татбиқи лоиҳаи мазкур имкон медиҳад, ки 135 километр роҳ аз ҳудуди ноҳия дар самти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёду азнавсозӣ карда шавад.
«Ҳадафи мо аз бунёди инфрасохтори нақлиётӣ дар минтақаи Рашт аз он иборат аст, ки рушди соҳаҳои мухталифи ноҳияҳои водӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро таъмин намуда, дар ин замина даҳҳо ҳазор ҷойи кории нав таъсис диҳем ва сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем», - таъкид намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин замина ба Вазорати нақлиёт ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш доданд, ки корҳоро дар самти дарёфти сармояи хориҷӣ ҷиҳати бунёду барқарорсозии роҳи мошингарди «Лабиҷар – Сангвор – Қалъаихумб» тақвият бахшанд.
11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Нуробод низ мулоқот доир карданд ва хотиррасон намуданд, ки барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, таъмин намудани рушди устувори ноҳия ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони он Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Нуробод барои солҳои 2021 – 2025 амалӣ шуда истодааст, ки 265 лоиҳаро ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ дар бар мегирад.
«Мо се сол пеш дар маросими оғози татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди «Роғун – Обигарм – Нуробод» иштирок карда будем, – гуфтанд Сарвари давлат. – Лоиҳаи мазкур ҷиҳати ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон аҳамияти бисёр муҳим дорад».
Тавре Сарвари давлат иброз доштанд, барои амалӣ намудани қитъаи якуми ин лоиҳа қариб 2 миллиард сомонӣ сармояи давлатӣ ҷалб гардидааст. Қитъаи якум бунёди зиёда аз 30 километр роҳ, 5 пули нав ва таҷдиди як пули мавҷуда, сохтмони ду нақб бо дарозии беш аз се километрро дар бар мегирад ва то охири ҳамин сол ба истифода дода мешавад.
Маблағи умумии қитъаи дуюми роҳ 1 миллиарду 600 миллион сомониро ташкил карда, дар доираи он бунёди 47 километр роҳ, 6 пули нав, таҷдиди як пули мавҷуда, як пули муваққатӣ, нақби Тагикамар ба дарозии 2,6 километр анҷом дода, ин қитъа низ аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ ифтитоҳ мегардад.
Лоиҳаи мазкур, инчунин, сохтмони пули бузурги 920-метрӣ аз болои обанбори «Роғун» ва роҳҳои ба он васлшавандаро дар бар мегирад, ки то имрӯз корҳои лоиҳакашии он анҷом ёфтаанд.
Корҳои ин марҳала охири ҳамин сол оғоз мегарданд ва дар муддати ду – дуюним сол ба анҷом расонида мешаванд.
«Баъди ифтитоҳи пурраи роҳи “Роғун – Обигарм – Нуробод” рафтуомади мусофирон ва ҳамлу нақли мол барои ҳамаи ноҳияҳои водии Рашт хеле осону мусоид мешавад ва барои робита бо кишварҳои хориҷӣ имконияту шароити муосир муҳайё мегардад», - таъкид сохтанд Пешвои миллат ва хотиррасон намуданд, ки роҳи бунёдшудаистода шоҳроҳи байналмилалӣ мебошад ва тибқи меъёрҳои ҷаҳонӣ сохта, ба истифода дода мешавад.