Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Дар Вазорати нақлиёт Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана таҷлил намуданд

Санаи нашр: 06-09-2024 Просмотрено: 2719

6 сентябр ба ифтихори Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Рӯзи роҳсозони Тоҷикистон дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанвӣ баргузор гардид.

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ёдовар шуд, ки  33 сол муқаддам,  9 сентябри соли 1991, Тоҷикистон ба Истиқлоли давлатӣ шарафёб гардид ва мардуми мо ҳар сол ин Рӯзи саидро бо шодию ифтихор, шукӯҳу шаҳомат ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ ҷашн мегиранд.

«Ин рӯйдоди бузург дар таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик ва сарнавишти мардуми мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард, - гуфт Вазир, -  ба шарофати он мо соҳиби давлати соҳибихтиёр гардидем. Тоҷикистон соҳиби аркони давлатдорӣ, рамзҳои давлатӣ, артиши миллӣ,  коститутсвияи нав ва узви комилҳуқуқи Созмони Миллати Муттаҳид ва дигар созмону ташкилотҳои бонуфузи байнлмилалӣ гардид».

Гуфта шуд, ки 29 сентябри соли 1993, бори нахуст дар таърих, Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк бо забони тоҷикӣ суханронӣ карда, ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ нақшаҳои созанда, ҳадафҳои осоишта ва ниятҳои неки давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун субъекти баробарҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ муаррифӣ намуданд.

«Дар тӯли беш аз сӣ сол дар дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла,  ҳуқуқ, маориф, нигоҳдории тандурустӣ, фарҳанг, тарбияи ҷавонон, варзиш, кишоварзӣ, иктисод, саноат, нақлиёт ва ғайра ислоҳоти ҷиддӣ ва барномаҳои рушд амалӣ гардида,  натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд», - иброз дошт Вазири нақлиёт ва илова намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастуру супориш ва дастгирии бевоситаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд.

 Дар ҳамоиш аз номи ҷавонон мутахассисони фаъол Шаҳзода Қодирзода, Фарҳод Мирзоев ва Шукрона Шарифзода, аз номи собиқадорон Раиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи нақлиёт Нисо Бобоева дар бораи аҳамияти Озодӣ ва Истиқлол дар рушди  Тоҷикистон изҳори назар карданд.

 Дар фарҷом ба 16 нафар кормандон ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ифтихорномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.