6 март дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар маҷлис Сардори корхона Мирзоалӣ Комил Ҷумъахон оид ба дастоварҳои Тоҷикистон дар замони Истиқлоли давлатии кишвар, аз ҷумла дар соҳаи роҳи оҳан сухан кард.
Табрикоти Вазири наклиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳимро муовини Вазир Шоиста Саидмуродзода ба самъи хозирин расонд.
Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиён Нигина Вафозода ҳозиринро бо ҷашни Истиқлол табрик гуфта, барои дастгирӣ ва фароҳам овардани шароити хуби корӣ аз номи роҳиоҳанчиёни кишвар ба роҳбарияти корхона изҳори миннатдорӣ намуд.
Сипас чанд нафар фаьолони соҳа бо медали ҷашнии «30-солагии Роҳи охани Тоҷикистон», нишони сарисинагии «Роҳиоҳанчии фахрӣ» ва ифтихорномахо сарфароз гардонда шуданд.