News

slider_img
slider_img

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Вазири нақлиёт Азим Иброҳим ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Date: 06-09-2024 Просмотрено: 2835

 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим кормандон, фаъолон ва собиқадорони соҳаро бо фарорасии ҷашни бузурги миллӣ - Рӯзи  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Муҳтарам кормандон, фаъолон ва собиқадорони соҳаи роҳу нақлиёт!

Ҳамаи шумо ва дар шахси шумо тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистони азизро бо 33-юмин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям.

Сиву се сол муқаддам,  9 сентябри соли 1991, Тоҷикистон ба Истиқлоли давлатӣ шарафёб гардид ва мардуми мо ҳар сол ин Рӯзи саидро бо шодию ифтихор, шукӯҳу шаҳомат ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ ҷашн мегиранд.

Ин рӯйдоди бузург дар таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик ва сарнавишти мардуми мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард:  ба шарофати он мо соҳиби давлати соҳибихтиёр гардидем. Тоҷикистон соҳиби аркони давлатдорӣ, рамзҳои давлатӣ, артиши миллӣ, сарқонуни нав ва узви комилҳуқуқи Созмони Миллати Муттаҳид ва дигар созмону ташкилотҳои бонуфузи байнлмилалӣ гардид.

29 сентябри соли 1993, бори нахуст дар таърих, Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк бо забони тоҷикӣ суханронӣ карда, ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ нақшаҳои созанда, ҳадафҳои осоишта ва ниятҳои неки давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун субъекти баробарҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ муаррифӣ намуданд.

Истиқлолу озодӣ барои мо воқеан рамзи ифтихор аз Ватану ватандорӣ, бузургтарин имконияти давлатсозиву давлатдории мустақил, илҳомбахши азму талошҳои созанда ба хотири таъмин намудани рушди давлат, ободии Ватан, зиндагии осоиштаи мардуми Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳар як  хонадони кишвар мебошад.

Ҳамкорони арҷманд!

Агар ба  таърихи пурифтихори давлати соҳибистиқлоламон дар зарфи сию се соли сипаришуда назар андозем, мебинем, ки  дар  қиёс бо таърихи бостонии халқамон ин  муҳлати чандон тӯлонӣ нест, вале бо миқёси корҳои дар ин муддат амалигардида камназир ба ҳисоб меравад.

Аввалан, мардуми кишварамон таҳти сарварӣ ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд дар ин муддат Истиқлоли давлатии худро аз тандбоди ҳаводиси солҳои 90-ми асри гузашта, фитнаву дасисаи бадхоҳони дохилию хориҷӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳифз намоянд ва сулҳу собот ва ваҳдати миллиро  дар кишвар барқарор созанд.

  Сипас, дар як муддати кӯтоҳ, бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву  иҷтимоии он рӯзҳо, фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барқарор карда шуд.

Азбаски аз рӯзи нахустини ба сари ҳокимият омадан Сарвари давлат муштарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот, эҳёи арзишҳои миллӣ, тарҷеҳ ба илму маориф, созандагию ободкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолиро  шиори асосии кору зиндагии худ қарор дода буданд, дар тӯли беш аз сӣ сол бо ибтикор ва роҳбарии бевоситаи Президенти мамлакат дар тамоми соҳаҳои ичтимоию иқтисодӣ кишварамон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид.

Дар ин муддат анъанаву арзишҳои миллии мо аз нав эҳё карда, мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ, инчунин худшиносию худогоҳии миллӣ ба пояи баланду сазовор бардошта шуд, рушди маориф, илм ва фарҳанг дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон самти афзалиятнок эълон гардид.

Дар тӯли беш аз сӣ сол дар дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла,  ҳуқуқ, маориф, нигоҳдории тандурустӣ, фарҳанг, тарбияи ҷавонон, варзиш, кишоварзӣ, саноат, иктисод ва ғайра ислоҳоти ҷиддӣ ва барномаҳои рушд амалӣ гардида,  натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.

Дар соҳаи кишоварзӣ бори аввал истифодаи замин ба соҳиби аслии он – деҳқон вогузор гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлолият бо ибтикори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа 75 ҳазор гектар замин ба деҳқонон тақим карда шуд, ки имрӯз бо номи «заминҳои президентӣ» маъруфанд.              

Бо ташаббуси Пешвои миллат Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» - ро  қабул гардид, ки ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар мебошад. Тибқи ин санад дар муддати 5-6 соли минбаъди Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ саноатӣ ба кишвари саноатию аграрӣ табдил дода мешавад. Бинобарин ин, саноатикунонии босуръат яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат эълон гардидааст. Бо мақсади амалӣ намудани ин ҳадаф дар мамлакат то имрӯз садҳо корхонаи хурду бузурги саноатӣ бунёд шудаанд ва сохтмони боз садҳо иншооти истеҳсолӣ идома дорад.

Тавре медонем ва шоҳид ҳастем, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи бунёдкоронаи худро аз сохтмони роҳу пулҳо шуруъ карданд, зеро мутмаин буданд, ки бидуни роҳҳои ҳамвору сазовор ба  рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ноил шудан ғайри имкон аст.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастуру супориш ва дастгирии бевоситаи Сарвари давлат 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд.

 Боиси ифтихори мо, кормандони соҳаи роҳсозист, ки дар солҳои Истиқлол бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари тоҷикони дунё ва заҳмати шабонарӯзии роҳсозон  садҳо километр роҳу пулҳо сохтаву таҷдид гардида, кишвари моро ба ҷаҳони мутамаддин пайваст сохтанд. Роҳи «Мурғоб – Кулма», «Душанбе – Чаноқ», «Душанбе – Бохтар - Дӯстӣ – Панҷи Поён», «Душанбе -  сарҳади Қирғизистон», «Душанбе – сарҳади Ӯзбекистон», пулҳои автомобилгузар аз болои дарёи Панҷ бо Афғонистон аз зумраи ин  иншоотанд ки моро бо кишварҳои ҳамсоя пайваст месозанд. 

Дар  даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон хатсайри қатораи «Душанбе – Самарқанд – Тошканд» кушода шуда, хатсайри қатораи мусофирбарии самти «Душанбе – Волгоград», «Кӯлоб – Волгоград» ва «Хуҷанд – Волгоград» барқарор карда шуд.

Бо амалӣ намудани корҳои зикргардида соли 2017 Ҳукумати мамлакат ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ ноил шуд – Тоҷикистони сепорча ба қаламрави воҳид табдил ёфт ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо гардид. 

Вазорати нақлиёт лар ҳамбастагӣ бо Шарикони Рушд лоиҳаҳои кумаки техникиро амалӣ намуд, ки дар натиҷа ба муассисаҳои давлатӣ техникаю таҷҳизоти пуриқтидору замонавӣ дастрас гардиданд.

         Имрӯз  кормандони соҳаи роҳу нақлиёт дар рушди тамоми соҳаҳо ва  ободии кишвари азизамон саҳми арзанда дошта, бо ташкил намудани корхонаҳои нақлиётӣ ҳазорон нафарро соҳиби ҷои кор ва  бо меҳнати софдилонаи худ  мавқеъ ва обрўву эътибори хоса пайдо кардаанд. Ба низом даровардани ҳаракати нақлиёти боркашу мусофирбар, ташкили марказҳои логистикӣ дар доираи фаъолияти МД «Нақлиёти автолмобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», таъсиси КВД «Рақамикунонии соҳаи нақлиёт» низ аз қабили  чунин дастовардҳоянд.

          Боиси хушнудист, ки Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланди Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ  пешниҳод ва дагстгирӣ ёфт.

Имрӯз баҳри пешрафти кор ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт  3 барнома мавриди татбиқ ва баррасӣ қарор доранд: «Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025», «Барномаи ҷорӣ намудани Низоми идоракунии дороиҳои роҳҳои автомобилӣ (НИДРА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027»  ва «Барномаи давлатии рушди низоми логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028».

Тибқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, дар соҳаи мо ҳадафи нави стратегӣ – ба кишвари транзитӣ табдил долдани  Тоҷикистон эълон гардидааст, ки мову шумо дар роҳи амалӣ сохтани кору фаъолият мекунем.

 Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати давлати ташаббускору пешсаф дар ҳалли мушкилоти глобалии вобаста ба обу иқлим эътироф гардидааст. Боиси ифтихори мардуми шарифи тоҷик аст, ки то ба ҳол панҷ ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, яъне Созмони Милали Муттаҳид дастгириву ҷонибдорӣ ёфта, дар миқёси сайёра амалӣ гардида истодааст.

Устод Садриддин Айнӣ дар вақташ мақолае навишта буданд бо номи «Кори Тоҷикистон гул карданист», ки он соли 1925 дар рӯзномаи «Овози тоҷик» чоп шуда буд. Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 марти соли 2012  зимни суханронӣ дар маҷлиси ботантана бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик аз ин мақолаи устод Айнӣ ёдовар шуда, чунин гуфта буданд:

 «Бале, кори Тоҷикистон гул карданист, ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дурахшон аст! Мо ҳатман ба ҳадафҳои милливу стратегии худ ҷиҳати рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои кишвар ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумамон ноил хоҳем шуд».

Дустони азиз!

Таманниёти идонаи худро бо  ин нияти неку созандаи Пешвои муаззами миллат ба поён бурда, бори дигар шуморо бо ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният мегӯям, бароятон сиҳатмандию  саодатмандӣ ва ба Тоҷикистони  азизамон осмони софу беғубор орзу менамоям. Ва изҳори итминон мекунам, ки  дар иҷрои ҳадафҳои неки Роҳбари муаззами Давлату Ҳукуматамон ҳар кадоми шумо ҳиссаи сазовори худро хоҳед гузошт!

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!