Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

МУБОРАК БОШАД! Имрӯз панҷ нафар намояндагони фаъоли соҳаи роҳу нақлиёт аз дасти Пешвои миллат мукофоти давлатӣ гирифтанд

Санаи нашр: 29-08-2024 Просмотрено: 2851

 29 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супориданд.

Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти Роҳбари давлат,  нахуст Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати 33-солагии ҷашни муқаддаси миллӣ – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «дар фазои тантанавӣ баргузор гардидани маросими мукофотсупорӣ худ рамзи эҳтироми роҳбарияти давлат ба хизматҳои шоистаи ҳар як шахс мебошад. Қадрдонӣ кардан бо мукофоти давлатӣ, ҳамчунин, эътирофи фаъолияти пурсамару ибратбахши давлативу ҷамъиятӣ, истеҳсоливу соҳибкорӣ ва эҷодиву фарҳангӣ дар роҳи таҳкими истиқлоли давлатӣ, рушди иқтисоду фарҳанги миллӣ ва пойдории сулҳу субот дар ҷомеа мебошад».

Баъд аз суханронии Сарвари давлат як гуруҳи калони намояндагони фаъоли ҷомеа, кормандони касбу кори гуногун, аз ҷумла, 5 нафар намояндагони фаъоли соҳаи роҳу нақлиёт аз дасти Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон  мукофотҳои  давлатӣ гирифтанд:

                         Медали «Хизмати шоиста»:

1. Нуралӣ РАҶАБЗОДА, директори Муассисаи давлатии «Нигоҳдории нақбҳо ва шабакаҳои равшанидитҳӣ»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2. Фаррух АШӮРЗОДА, муовини сардори «Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3. Нодирҷон САФАРОВ, директори филиали Ширкати саҳҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4.Мирзоҷалол ОЛИМЗОДА, менеҷери Намояндагии филиали ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар  минтақаи Суғд.

              Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

  5. Абдуғаффор ТАЛБАКОВ, сардори Пойгоҳи локомотивии шаҳри Дуҳшабеи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон». 

 Мо ҳамаи онҳоро барои сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯем ва барояшон музаффариятҳои нав таманноӣ мекунем!