Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

РӮЗИ ДОНИШ. Дар Вазорати нақлиёт суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Дарси сулҳ ба ифтихори оғози Соли нави таҳсил дастҷамъона тамошо карданд

Санаи нашр: 01-09-2024 Просмотрено: 1400

1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар Рӯзи дониш ва оғози тантанавии соли нави таҳсили 2024-2025 иштирок карданд. 

Пешвои миллат дар ин муассисаи таълимӣ дар Дарси сулҳ суханронӣ намуданд.

Дар Вазорати нақлиёт тамошои дастҷамъонаи пахши мустақими суханронии пурмуҳтавои Сарвари давлат ташкил карда шуд.

Дар даврони истиқлоли давлатӣ дар оғози соли таҳсил таҷлил намудани Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти низоми маорифи кишвар ба яке аз анъанаҳои неки умумимиллӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст.

«Чун анъанаи нек бо дарси сулҳ оғоз гардидани соли таҳсил дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот барои хонандагону донишҷӯёни кишвар аҳаммияти басо муҳимми таълимиву тарбиявӣ дорад, – гуфтанд Пешвои миллат, – Зеро танҳо дар сурати барқарор будани сулҳу суботи комил ва оромиву амният ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла раванди таълиму тарбия ба таври муътадил идома пайдо мекунад».

 Бино ба суханони Сарвари давлат, амалӣ гардидани ниятҳои неки ҳар як инсон ва нақшаву барномаҳои созандаи давлату ҷомеа фақат дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ имконпазир мебошад.

 Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, вақтҳои охир   дар дунё бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо, ки бо мақсади аз нав тақсим кардани ҷаҳон дар шакли мухолифатҳои сиёсиву низомӣ, яроқнокшавии бошитоб ва «ҷанги сард» роҳандозӣ гардидааст, рӯз ба рӯз шиддат гирифта истодааст. Танҳо дар навори Ғаззаи Фаластин тайи муддати камтар аз як сол беш аз 45 ҳазор одамон кушта шуданд, ки зиёда аз 17 ҳазори онҳоро кӯдакон, яъне онҳое, ки ҳазорон умеду орзу доштанд, бояд дарс мехонданду илму дониш, касбу ҳунар меомӯхтанд ва ба ҳаёти мустақилона омода мешуданд, ташкил медиҳанд.

Имрӯзҳо  дар дигар нуқтаҳои даргири олам низ ҳазорон нафар одамони бегуноҳ қурбони манфиатҳо ва бозиҳои геосиёсии кишварҳои абарқудрат шуда истодаанд.

Дар ин раванд, авҷи исломситезиву мусулмонбадбинӣ ва тафриқаандозӣ миёни дину мазҳабҳо ба омили дигари хатарзо табдил ёфта, боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи башарӣ гардидааст.

«Ин вазъият дар ҳоле идома дорад, ки сокинони сайёра аз таъсири тағйирёбии босуръати иқлим, гармшавии бесобиқаи ҳаво ва оқибатҳои ногувори он – камобиву хушксолӣ, офатҳои табиӣ, нарасидани маводи ғизоӣ, болоравии нархи молу маҳсулот ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ азият мекашанд, – иброз доштанд Сарвари давлат, – Кор ҳатто ба ҷое расидааст, ки имрӯзҳо баъзе сиёсатмадорон ва доираҳои коршиносӣ дар бораи эҳтимоли сар задани ҷанги ҳастаӣ сухан меронанд».

Ба андешаи Пешвои миллат, дар чунин шароите, ки таърихи инсоният ба давраи ниҳоят ҳассосу пешгӯинашаванда расидааст, барои ҷомеаи башарӣ таҳаммулгароӣ, саъю талош ба хотири ҳифзи сулҳ дар сайёра, гуфтугӯи тамаддунҳо ва густариши ҳамкорӣ миёни давлатҳо ва халқҳо ба хотири ҳамзистии осоиштаи мардумони олам аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо кардааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  изҳор намуданд, ки мардуми Тоҷикистон, ки солҳои 90-уми асри гузашта даҳшату фоҷиаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд, хуб медонанд, ки сулҳу субот ва амнияту оромӣ барои ҳар як шахс ва ҳар як оила чӣ қадру манзалат ва арзишу аҳаммият дорад. Осори ин ҷанги пурфоҷиа дар иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат то ба ҳол баръало эҳсос ва мушоҳида мегардад.

Бино ба таъкиди Сарвари давлат, наврасону ҷавонони мо бояд донанд, ки беш аз 150 ҳазор ҳалокшудагон, 55 ҳазор кӯдакони ятиммонда, қариб якуним миллион гурезаҳои иҷборӣ, садҳо ҳазор манзили истиқоматӣ, мактабҳо ва дигар иншооти иҷтимоии сӯхтаву харобгардида, тарки ватан кардани садҳо ҳазор мутахассисон, олимону донишмандон, аз ҷумла омӯзгорони соҳибтаҷриба натиҷаҳои харобиовари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мебошанд.

«Инчунин садҳо миллиард сомонӣ ҳисороти моддӣ ва даҳшатноктар аз ҳама, зарбаи ҷонкоҳи маънавӣ ба рӯҳу равони мардуми мамлакат зарари ҷанги таҳмилии шаҳрвандист, ки аз ноогоҳии сиёсии мардум ва суйистифода аз зиёдаравӣ дар дину эътиқод ба сари давлати ҷавони тоҷикон омада буд, - афзуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. - Бинобар ин, ҳар яки мо вазифадорем, ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии ба қимати ҷони даҳҳо ҳазор ҳамватанонамон бадастомадаро ҳифзу эҳтиёт кунем ва дар шароити бесуботи ҷаҳон барои ҳимояи истиқлолу озодии давлат ва Ватани маҳбубамон ҳамеша кӯшишу талош намоем».