Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун доир мекунад ва дар ин раванд ба мутахассисони ҷавони дорои фикру андешаи тоза, донандаи забонҳои хориҷӣ, нутқи шифоҳию хатии дуруст, қобилияти гуфтушунидҳои корӣ ва таҳлилҳои соҳавӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ афзалият медиҳад.
Илова бар ин, кормандони вазорат тибқи барномаҳо ва лоиҳаҳои гуногун ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам ба кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон сафарбар карда мешаванд.
Сармутахассиси Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодии Вазорати нақлиёти ҶТ Сангалӣ ҲАКИМОВ чанде қабл ба Ҷопон сафар карда буд ва пас аз бозгашт аз Кишвари тулӯи офтоб таассуроти худро ба сомона баён дошт.
«Мониторинг» ва «арзёбӣ»
— Ман аз 17 ноябр то 14 декабри соли 2023 аз рӯи Барномаи байналмилалии «Мониторинг ва арзёбӣ» (Monitoring and Evaluation; M&E), ки бо фаъолияти бевоситаи ман дар вазорат алоқаманд аст, дар Ҷопон будам.
Дар омади гап, баъзеҳо «мониторинг» - ро бо «арзёбӣ» омехта мекунанд. Агар оддӣ карда гӯем, мониторинг ҷамъоварии маълумот ва арзёбӣ тафсири маълумоти бадастомада аст. Аввалӣ ба мушоҳида, дуввумӣ ба ҳалли масъала нигаронида шудааст. Ба ибораи дигар, мониторинг имкон медиҳад бубинем, ки мо чӣ дорем ва чӣ ба даст овардаем, арзёбӣ бошад ба мо кӯмак мекунад, то ки бо истифода аз ин маълумот муайян созем, ки оё ҳадафҳоямон ба даст омадаанд ё не, чӣ омилҳо мусоидат карда ва ё халал расонидаанд. Дар натиҷа мо қарорҳои дахлдор қабул мекунем ва ба барномаи амал тағйиротҳо ворид менамоем. Хуллас, арзёбии саҳеҳ ва босифат бидуни мониторинг ғайри имкон аст.
Мавсими Койо
— Вақте мо ба Ҷопон парвоз кардем, тирамоҳ охир мешуд ва зимистон дармерасид. Дар ин айём сайёҳон аз тамоми ҷаҳон ба Ҷопон сафар мекунанд, онҳо мехоҳанд як падидаи беназири табиӣ – мавсими клёнҳои арғувониро, ки Койо номида мешавад, бо чашми худ бубинанд. Дар он ҷо чунин анъанаи тамошои клён (як навъ дарахти ҳамешасабзи сертана аз оилаи дарахтони буттагӣ) дар давраи тирамоҳ маъмул аст, вақте баргҳои ин дарахтон ба худ ранги зард, сурх, гулобӣ, қирмизӣ, қаҳваранг, бунафш, нофармон, норанҷӣ ва ғайра мегиранд.
Ҳамин тавр, дар баробари баҳор, мавсими маъмули гули сакура, тирамоҳ низ дар Ҷопон, бидуни муболиға, яке аз беҳтарин айём барои сафар ба ин кишвар аст.
Токио – бузургтарин шаҳри дунё
— Дар рӯйхати 10 шаҳри сернуфустанрини ҷаҳон пойтахти Ҷопон дар ҷои аввал метистад. Дар ин ҷо зиёда аз 37 миллион нафар дар масоҳати ҳамагӣ 2194 километри мураббаъ (камтар аз масоҳати Маскав) зиндагӣ мекунанд, яъне аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ Токио қариб ба Канада баробар аст.
Аммо ин танҳо яке аз даҳҳо далелест, ки бо назардошти онҳо Токиоро бузургтарин шаҳри рӯи Замин ном мебаранд. Дар ин ҷо бисёр ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ мавҷуданд, амсоли қасру кӯшкҳо, маъбадҳо, боғҳо, ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудаанд.
Токио аввалин шаҳри берун аз кишварҳои асосан англисзабон ва аврупоист, ки ду маротиба (солҳои 1964 ва 2020) мизбони Бозиҳои тобистонаи олимпӣ шудааст. Дар маҷмӯъ, дар Ҷопон чор маротиба Олимпиада (тобистона ва зимистона) доир гаштааст.
Пойтахти Ҷопон Токио ҳанӯз соли 2010 аз ҷониби ширкати махсуси консалтингии Solidance, ки шаҳрҳоро аз рӯи меъёри партовҳои CO2, истеъмоли энергия, воситаҳои нақлиёт, сифати ҳаво, об, коркарди партовҳо, минтақаҳои «сабз» ва идоракунии экологӣ баҳогузорӣ кард, «сабзтарин» шаҳр дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором номида шуд.
Токио ба рушди устувор таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунад, барои ин барномаи махсус қабул кардааст, ки ҳадафи он то соли 2030 ба 30 фоиз расонидани истеҳсоли нерӯи барқи пойтахт аз манбаъҳои барқароршаванда, сипас то соли 2050 ба 100 фоиз расонидани ин нишондиҳанда ва инчунин ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ мебошад.
Дар Токио технологияҳои нав (футуристӣ) ба ҷузъи таркибии ҳаёти ҳаррӯзаи мардум табдил ёфтаанд: дастгоҳи маснӯии шабеҳи одам, яъне робот ба шумо қаҳва фармоиш медиҳад ё сандуқи фурушгоҳӣ (касса) молҳои шуморо ба таври худкор аз рӯи шакл мешиносад ва ҳаҷми пардохти шуморо муайян мекунад.
Токио инчунин аз ҷиҳати пасттарин сатҳи ҷинояткорӣ ва сокинони дорои сатҳи баланди шуури шаҳрвандӣ бузургтарин шаҳр дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Дар Токио он қадар амният таъмин аст, ки кӯдакон бидуни ҳамроҳӣ ба мактаб мераванд ва одамон ашёи қиматбаҳои худро, ба монанди ноутбукҳо, рӯи мизи қаҳвахонаҳо беназорат мегузоранд.
Агар шумо чизеро гум кунед, он бешубҳа ба шумо бармегардад, ҳатто ҳамёни пулатон. Танҳо дар соли 2023 пулҳои гумшуда ба маблағи беш аз 30 миллион доллари ИМА ба полис баргардонида шудаанд. Дар пурсиши охирин, 75 ҳазор сайёҳон аз саросари ҷаҳон Токиоро ҳамчун бехатартарин шаҳри ҷаҳон номбар карданд.
Ва ғайра ва ҳоказо.
Нақлиёт ва роҳ
— Дар ҷараёни сафарамон мо аз ду пойтахти Ҷопон – Токио, ки пас аз барқарорсозии Мейдзи дар соли 1868 расман пойтахт эълон шудааст ва Киото, пойтахти пешини ин кишвар, инчунин шаҳри Коти дидан намудем. Табиист, ки ҳангоми гаштугузор дар ин шаҳрҳо албатта мо ба нақлиёт ва роҳҳо диққати махсус додем.
Гузаргоҳи пиёдагарди Шибуя серодамтарин гузаргоҳи пиёдагард дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, низоми нақлиёти ҷамъиятӣ бошад беҳамтост.
Дар дохили шаҳрҳо ва атрофи он метро ва қатораҳои наздишаҳрии сершумор ҳаракат мекунанд ва барои рафтан ба ҷойҳои дуртар экспрессҳои баландсуръат - синкансенҳо мавҷуданд, ки метавонанд 450 км масофаи байни Токио ва Киоторо дар дуюним соат тай кунанд! Қатораи поездҳо ба таври қатъӣ аз рӯи ҷадвал ҳаракат мекунанд ва шуморо ба ҳар ҷое, ки лозим аст, дар вақташ мерасонанд – ҳамаи ин муҳаббати ҷопониҳоро ба нақлиёти роҳи оҳан дар саросари кишвар нишон медиҳад.
Тартибот дар ин ҷо чунон қатъист, ки ширкатҳои роҳи оҳан узр мепурсанд, агар қатора чанд сония пеш аз нақшаи пешбинишуда ҳаракат кунад. Инчунин як шабакаи автобусу трамвайҳо мавҷуд аст, ки аз пойтахт мегузаранд ва омодаанд шуморо ба ҳар ҷое, ки қатораҳо намерасанд, расонанд.
Дар кӯчаҳои Токио пайдо кардани қуттиҳои партов душвор аст, аммо шумо партовро дар ягон ҷо намебинед – ва ин аз он сабаб аст, ки тозагӣ дар фарҳанги ин ҷо реша давондааст. Дар мавриди он, ки партовҳо ба куҷо партофта мешаванд, дар мағозаҳо ва истгоҳҳо қуттиҳо мавҷуданд, аммо бисёриҳо партовҳои худро ба хонаашон мебаранд. Ин рафторест, ки ҳама ба он одат кардаанд. Табиист, ки чукнин фарҳанги тозагӣ дар ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ, қатораҳо ва автобусҳо низ мушоҳида мешавад.
Ҷопон кишварест, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ба таври қатъӣ риоя мекунад, ҳам ронандагони воситаҳои нақлиёт ва ҳам пиёдагардон.
Дар ҳамаи намудҳои роҳҳои автомобилгард маҳдудияти суръати ҳаракат ҷорӣ карда шудааст, ки дар бораи он аломатҳои дар канори роҳ насбшуда огоҳ мекунанд. Дар дохили шаҳр, инчунин дар маҳалҳои аҳолинишин, дар назди мактабҳо суръати 40 км/соат иҷозат дода шудааст ва мошинҳое, ки аз ҷониби роҳрав қатор мегиранд, бояд бо суръати 30 км/соат ҳаракат кунанд. Дар шоҳроҳҳо суръат бояд аз 80 км/соат зиёд набошад.
Ба мо гуфтанд, ки 99% чорроҳаҳо бо чароғакҳо муҷаҳҳаз буда, дар роҳҳои дохили ҳавлӣ оинаҳои сферикӣ насб карда шудаанд. Дар роҳҳои шаҳрӣ масофаи байни чароғакҳои светофор 100 метрро ташкил медиҳад ва дар баъзе роҳҳо онҳо дар ҳар 50 метр низ ба назар мерасанд. Тааҷҷубовар аст, ки ин қадар чароғакҳо ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҳаракати мошинҳо таъсир намерасонанд, тамбашавӣ ба вуҷуд намеоранд. Баръакс, бо ёрии онхо харакат хеле ботартиб ва яксон ба роҳ монда шудааст.
Дар тӯли тамоми муҳлати дар он ҷо будан мо ҳеҷ гоҳ надидем ва нашунидем, ки ронандагон ба якдигар бо садои буғак (сигнал) ишора кунанд! Агар касе дар чароғаки светофор истода бошад, ҳама интизори рафтани ӯ хоҳанд буд, ҳеҷ кас сигнал намедиҳад. Ин ба фарҳанги ронандагӣ дохил мешавад - маҷмӯи қоидаҳои рафтори ронанда дар роҳ, ки эҳтиром ба дигар иштирокчиёни ҳаракат, риояи қоидаҳои ҳаракат, кӯмак ба мошинҳои дигар ва ғайраро дар бар мегирад.
Дар робита ба роҳҳои автомобилгарди Ҷопон ҳаминро бояд зикр кард, онҳо сифати аъло доранд, бо аломату хатҳои возеҳ ва навигатсияи фаҳмо бо забони ҷопонию англисӣ муҷаҳҳаз меблшанд. Дар раддабандии (рейтинги) кишварҳо аз рӯи сифати роҳҳо, ки аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ тартиб дода шудааст, Ҷопон дар байни 137 давлати ҷаҳон дар ҷои 5-ум қарор дорад.
Ба мо фаҳмонданд, ки технологияи сохтмони роҳу пулҳо ва нақбҳо дар Ҷопон пурра чун ИМА аст. Ҳамчун маводи асосӣ барои сохтмони роҳҳо на танҳо мум (асфалт), балки бетон низ истифода мешавад. Бетон ба сохтани ҳалқаҳои бисёрқабатаи мураккаб имкон медиҳад.
Аммо аҷиб аст, ки дар чунин кишвари ҳудудан на чандон калон дарозии роҳҳо 1,2 миллион километрро ташкил медиҳад. Аз рӯи ин нишондиҳанда Ҷопон дар ҷаҳон дар ҷои 6-ум қарор дорад.
Мо инчунин аз намуди беруна ва тозагии мошинҳо ҳайрон шудем, фикр кардем, ки соҳибони онҳо ҳар рӯз мошинашонро мешӯянд. Аммо маълум шуд, ки барои тоза нигоҳ доштани мошин дар ин ҷо ягон кӯшиши иловагӣ ба харҷ дода намешавад, зеро роҳҳо дар Ҷопон хеле тоза мебошанд, ҳатто дар вақти борон.
Дар ҳама ҷо дар паҳлӯи роҳҳо ҳисорҳои бетонӣ насб карда, роҳҳои пиёдагард ва обравҳо сохта шудаанд. Ҳатто дар вақти борони шадид дар роҳи мошингард шумо ягон толоб (кӯлмаки об)- ро намебинед.
Бисёре аз роҳҳои берун аз шаҳр бо роҳравҳо ва, ба монанди роҳҳои шаҳрӣ, бо системаи гармидиҳӣ дар зимистон муҷаҳҳаз карда шудаанд.
Аксари таваққуфгоҳҳо автоматӣ ва пулакӣ мебошанд. Пас аз он ки шумо ҷои холиро ишғол кардед, он бо механизми махсус баста мешавад, ки он то пардохти хидмати таваққуфгоҳ мошинро иҷозати баромадан намедиҳад. Таваққуфгоҳи велосипеду мотосиклҳо арзонтар аст ва мондани дучарха дар куҷое, ки рост омад, иҷозат нест — ронандаи он муҷозот мешавад.
Менталитети ҷопонӣ
— Ҷопон босуръат рушд мекунад. Дар робита ба ин, дар бораи «мӯъҷизаи иқтисодӣ»-и Ҷопон, дар бораи суръати беназири рушди ин кишвар, ки солҳои 50-уми асри гузашта оғоз ёфта, то имрӯз идома дорад, бисёр гуфта ва навиштаанд.
Сирри ин мӯъҷиза дар чист?
Ман фикр мекунам, ки сирри асосӣ дар ибораи «менталитети ҷопонӣ» нуҳуфта аст. Маънии калимаи юнонии «менталитет» маърифати зеҳнӣ ё ақлонии инсонҳост. Ин мафҳумро одатан барои муайян кардани сифати шахсӣ истифода мебаранд, вале дар асл он фарҳангии зеҳнӣ ва одатшудаи як халқи томро ифода мекунад. Ба металитети ҷопонӣ чунин сифатҳо шомил мешаванд:1) итоат ба иродаи калонсолон; 2) эҳтироми анъанаҳои миллӣ; 3) ростқавлӣ; 4) интизом; 5) меҳнатдӯстӣ; 6) ватанпарварӣ.
Он чизе ки ман ҳангоми дар он ҷо буданам ба он диққат додам ва ба шумо гуфтам, дар мо низ аҳамияти муҳим дорад: ростқавлӣ, меҳнатдӯстӣ, ватанпарварӣ, фарҳанги рафтор, қоидаҳои ҳаракат, ҳолати роҳу нақлиёт ва ғайра. Аз ин рӯ, фикр мекунам, ки месазад мо таҷрибаи ҷопониҳоро дар бисёр соҳаҳои ҳаёти худ истифода барем.