Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Нобудсозӣ ё утилизатсияи воситаҳои нақлиёт чист, он чӣ гуна анҷом дода мешавад ва чӣ қадар арзиш дорад

Санаи нашр: 27-08-2024 Просмотрено: 1892

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 таҳти № 668, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, ташаккули низоми устувори муносибатҳои ҳуқуқӣ, соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шудааст.

Тавассути маводҳо дар ин  бахши сомона мо тасмим гирифтаем, ки на танҳо дониши ҳуқуқии кормандони соҳаро баланд бардорем, балки муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба соҳаро ба ҳамаи истифодабарандагони роҳу нақлиёт фаҳмонем.

Ба қабулгоҳи электронии Вазорати нақлиёти ҶТ дар бораи он, ки нобудсозӣ ё утилизатсияи воситаҳои нақлиёт чист, он чӣ гуна ва бо кадом мақсад анҷом дода мешавад ва чӣ қадар арзиш дорад, саволҳо  мерасанд.

Имрӯз мо дар ин бора маълумот медиҳем.

Утилизатсия ё нобудсозӣ чист?

Биёед аз он шуруъ кунем, ки ҳеҷ чиз дар зери гунбади гардун абадӣ боқӣ намемонад. Автомобилҳо низ. Онҳо, ба монанди бисёр чизҳои дигар тадриҷан фарсуда мешаванд ва «умри» худро ба поён мебаранд. Чунин мошинҳо ё барои ба қисмҳои эҳтиётӣ ҷудо кардан ба фурӯш мераванд ё утилизатсия мегарданд, яъне нобуд сохта мешаванд.Аксаран автомобилҳое, ки бар асари садамаҳои нақлиётӣ сахт осеб дидаанд, аз байн бурда мешаванд. Ҳамонҳое, ки барқарор карданашон  ғайри имкон аст ва нигоҳ доштанашон дигар маъно надорад.

 Беҳуда нигоҳ доштани мошини аз кор баромадаи нолозим дар рӯи ҳавлӣ роҳи ҳалли мушкилот нест. Ҳамсояҳо метавонанд аз мошини куҳнаю хароби партофташуда шикоят кунанд. Агар омада мошинро тахлия, яъне эвакуатсия кунандд, соҳиби он бояд барои хизматрасонии эвакуатор ва таваққуфгоҳи махсус пул пардохт намояд.  Ба ҷуз ин, агар воситаи нақлиёт аз қайди давлатӣ бароварда нашавад, соҳиби он бояд андоз супорад.

Ба ибораи дигар, утилизатсия - ин  нобудсозии бехатари мошини кӯҳна ва расман  аз «дарди сар халос кардан»-и соҳиби он мебошад.

 Мувофиқи луғатномаҳои энсиклопедӣ, утилизатсия (аз калимаи лотинии utilis) маънии «истифодаи самаранок»-ро дорад. Масалан, утилизатсияи  партовҳо.

 Дар бисёр кишварҳои Аврупо ва манотиқи дигар ҷамъоварӣ, ба қисмҳо ҷудо кардан ва коркарди партовҳо амалӣ карда мешавад. Қисме аз партовҳои ҷамъшударо ба таври бехатар нобуд месозанд, қисми дигарро ба энергия табдил медиҳанд ва қисми сеюмро утилизатсия мекунанд, яъне аз нав коркард намуда, ба давраи истеҳсолӣ  бармегардонанд.

 Воқеан, дар Тоҷикистон низ якчанд марказҳои қабули партовҳо мавҷуданд, ки қоғазпора, оҳанпора, шишаҳои пластикӣ, чархҳои кӯҳнаи автомобил ва ғайра қабул мекунанд.

 Дар баробари ин марказҳое низ ҳастанд, ки метавон ба онҳо мошинҳои кӯҳнаро барои утилизатсия ё нобуд кардан ба ивази маблағи муайян супорид. Маълумотро дар бораи чунин марказҳо дар сайтҳои расмии мақомоти давлатӣ дастрас кардан мумкин аст. Фақат донистан шарт аст, ки ин нуқтаҳо бояд махсусгардонидашуда бошанд, иҷозатнома (литсензия)-и дахлдор дошта бошанд ва  нобудсозии бехатари мошинро кафолат диҳанд, вагарна соҳибони мошинҳо метавонанд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Дар марказҳои махсусгардонидашуда мошини кӯҳнаро ба ҷузъҳо ҷудо мекунанд, оҳанпораҳоро гудохта, барои истеҳсоли мошину таҷҳизоти нав истифода мебаранд.            

Нобудсозии мошинҳо  –  раванди қонунӣ

Ҳамин тавр, утилизатсия (барҳамдиҳӣ ё нобудкунӣ)-и мошин – ин тартибест, ки қонунгузории кишвар, аз ҷумла моддаи 18 Қонуни ҶТ «Дар бораи таъмини бехатарии экологии нақлиёти автомобилӣ» аз 8 августи соли 2015 таҳти унвони «Таъмини аз ҷиҳати экологӣ бехатари нобудсозии нақлиёти автомобилии фарсудашуда, чархҳои автомобилӣ, аккумуляторҳо ва рағанҳои молидании корбурдшуда»  пешбинӣ кардааст.

Дар модаи 121 Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти №1689 аз 2 апрели соли 2020 чунин омадааст:

«1. Нобудсозии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ тибқи талаботи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба нобудсозӣ дар ҷойҳои махсусе, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд, амалӣ карда мешавад.

2. Нобудсозии воситаҳои нақлиёти автомобилиро шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ - соҳибони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродие, ки воситаҳои нақлиёти автомобилиро дар асоси шартномаи иҷора ё дигар асоси қонунӣ ихтиёрдорӣ намуда, воситаҳои нақлиёти автомобилиро ҳангоми амалисозии фаъолият дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ истифода мебаранд, пас аз ба итмом расонидани расмиёти аз қайди давлатӣ баровардани воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳаракат дар роҳ амалӣ менамоянд».

Қоидаҳои нави нобудсозии воситаҳои нақлиёт

 Охири соли гузашта Парлумони Тоҷикистон ба Қонун «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» тағйирот ворид намуд, ки тибқи он соҳибони ҳамаи намудҳои воситаҳои нақлиёт муваззаф гаштаанд ба давлат ҳаққи якдафъаинаро барои утилизатси ин мошинҳо пардохт кунанд.

Тавре ки ҳангоми муаррифии лоиҳаи қонун дар ҷаласаи Парлумон зикр гардид, он бо мақсади таъмини амнияти экологӣ, ҳифзи саломатии шаҳрвандон ва муҳити зист аз таъсири партовҳо, инчунин ворид намудани маблағҳои иловагӣ ба буҷети давлатӣ, ки ба татбиқи тадбирҳои дахлдор оид ба таъмини вазъи мусоиди экологӣ дар кишвар мусоидат мекунанд, таҳия шудааст.

Тағйироти дар боло зикршудаи қонун 28 декабри соли 2023 ба ҳукми амал даромад.

Андози утилизатсия аз ҷониби мақомоти БДА-и Вазорати  корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба қайд гирифтани  мошин дар феҳристи давлатӣ пас аз барасмиятдарории гумрукии он, инчунин ҳангоми гузаронидани муоинаи ҳатмии техникӣ ситонида мешавад. Ин андоз барои  ҳар як воситаи нақлиёт як маротиба пардохт мегардад.

 Пас аз ин, ба соҳиби воситаи нақлиёт талони махсус медиҳанд (ДАР АКС), ки то давраи  нобудсозӣ ё утилизатсияи мошин  амал мекунад.

Агар мошин аллакай аз соҳиби қаблӣ чунин талон дошта бошад, пас барои утилизатсия  дубора пардохт кардан лозим нест.

Ҳамаи мошинҳо, нақлиёти мотосиклӣ, боркашонӣ, автобусҳо ва миниавтобусҳо, ки аз расмиёти бақайдгирӣ, муоинаи ҳатмии техникӣ ё санҷши гумрукӣ мегузаранд, бояд барои  утилизатсия андоз супоранд.

Намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ ва  созмонҳои байналмилалӣ бо шарти аз қаламрави ҷумҳурӣ баровардани воситаҳои нақлиёти худ аз пардохти андоз барои утилизатсия озод карда шуданд.

Андозаи пардохти ҳатмӣ барои утилизатсия ё барҳамдиҳии воситаи нақлиёт низ муайян карда шудааст. Ҳаҷми маблағ аз навъи мошин вобаста буда, аз 360 то 2,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Маблағи пардохти ҳатмӣ барои соҳибони мотосикл 360 сомонӣ ё 5 нишондиҳанда барои ҳисоббаробаркунӣ, барои мошинҳо ва дигар воситаҳои нақлиёте, ки зиёда аз 10 нафарро интиқол медиҳанд, – 1584 сомонӣ ё 22 нишондиҳанда барои ҳисоббаробаркунӣ, барои мошинҳои боркаш ва борбардор – 2880 сомонӣ ё 40 нишондиҳанда барои ҳисоббаробаркуниҳо муқаррар шудааст.   

        Ёдовар мешавем, ки аз оғози соли 2024 як нишондиҳанда барои ҳисоббаробаркуниҳо дар Тоҷикистон 72 сомониро ташкил медиҳад.