21 август таҳти сарпарастии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд ҷаласаи навбатии Гуруҳи кории Кумитаи ҳамоҳангсози донорҳo баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаи ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари дафтари Бонки Осиёии рушд (ADB) дар Тоҷикистон, намояндагони Бонки ҷаҳонӣ (WB), Иттиҳоди Аврупо (EU), Бонки Исломии рушд (IDB), Бонки Аврупоии рушд ва тараққиёт (EBRD), Фонди авруосиёии муътадилсозӣ ва рушд (EFSD) ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) ширкат намуданд.
Мулоқотро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ифтитоҳ намуда, миннатдории худро ба шарикони рушд ҷиҳати ҳамкорӣ ва дастгирӣ дар рушди инфрасохтори роҳу нақлиёти кишвар баён дошт.
Вазир аз пешрафтҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо саъю талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, ёдовар шуд.
Дар ҷаласа масъалаи рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва зарари бар асари ин офатҳо ба иншоотҳои роҳу нақлиёт расида, барқарорсозии роҳу пулҳои осебдида ва роҳҳои пешгирӣ аз чунин офатҳо баррасӣ гардид.
Зикр карда шуд, ки дар натиҷаи офатҳои табии нимаи аввали соли ҷорӣ рухдода 152,4 километр роҳҳои автомобилгард, 19 пул бо дарозии умумиит 704 метр ва 10 қубури обгузар роҳҳо қисман ва пурра хароб гардидаанд.
Намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ зимни суханронии худ ҷиҳати омодагӣ барои ҳамкорӣ ва дастгирии вазорат дар бақарорсозии роҳу пулҳои зарардида изҳори омодагӣ намуданд. Аз ҷумла, Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ((JICA) изҳор дошт, ки барои барқарор сохтани пулҳои зарадида, ки аҳамияти аввалиндараҷа доранд, кумак хоҳад кард.
Мавриди зикр аст, ки ин ҷаласаи чоруми Гуруҳи кории Кумитаи ҳамоҳангсози донорҳо буд ва он дар фазои гарми ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.