Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо намояндаи ФАМР мулоқот кард

Санаи нашр: 21-08-2024 Просмотрено: 2930

Имрӯз Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо роҳбари калони бахши нақлиётии Фонди авруосиёии мӯътадилсозӣ ва рушд (ФАМР) Александр Рашиков мулоқот кард.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба сохтмони 51 долони зиддитармавиро ба дарозии 5,2 ҳазор метр дар қитъаҳои осебпазири роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон баррасӣ карданд.

Дар мулоқот ҳамчунин муовини якуми Вазири нақлиёти ҶТ Раҳим Бобозода, Директори МД «Маркази татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи автомобилгарди "Душанбе-Чанок" дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Шарифзода, намояндаи дафтари Душанбеи Фонди авруосиёии муътадилсозӣ ва рушд Далер Шодиев иштирок намуданд.

Мулоқот дар фазои гарми ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки Фонди авруосиёии муътадилсозӣ ва рушд  (ФАМР) механизми молиявии минтақавӣ бо ҳаҷми беш аз 9 миллиард доллари ИМА мебошад, ки соли 2009 аз ҷониби Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Ҳадафи ФАМР мусоидат ба суботи иқтисодию молиявӣ дар давлатҳои иштирокчӣ, инчунин дастгирии рушди устувори онҳо мебошад.