Бинобар тӯфони ғуборолуд, ки аз ҷануб ва ҷанубу ғарб ба кишвар ворид шуд, аз 16 то 19 август дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе афзоиши ифлосшавии ҳаво бо зарраҳои чангу ғубор бо андозаи 10 мкр (Pm-10) ва 2,5 мкр (Pm-2,5) мушоҳида карда шуд. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон қаблан огоҳ карда буд.
Дар пасманзари тағирёбии иқлим тӯфонҳои чангу ғубор торафт бештар ба амал меоянд, ки таъсири назарраси фаромарзӣ доранд ва ба ҷанбаҳои гуногуни муҳити зист, саломатӣ, кишоварзӣ, воситаҳои зиндагӣ ва некӯаҳволии иҷтимоию иқтисодии одамон таъсир мерасонанд.
Тибқи гузориши Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ (ММЭ-ОМ) «Таҳлили вазъ: тӯфонҳои регу чанг дар Осиёи Марказӣ», танҳо дар Тоҷикистон дар сӣ соли охир шумораи чунин тӯфонҳо беш аз 10 маротиба афзудааст. Агар дар аввали солҳои 1990-ум дар давоми сол ҳамагӣ 2-3 чунин ҳолати зиёновар рух дода бошанд, пас солҳои охир ҳар сол зиёда аз 35 тӯфони регу хок ба қайд гирифта мешаванд.
Манбаҳои ташаккули тӯфонҳои регу хок гуногунанд. Онҳо метавонанд маҳаллӣ ва ё аз кишварҳо ва минтақаҳое, ки аз оқибатҳои онҳо азият мекашанд, чанд ҳазор километр дур бошанд. Масалан, дар Тоҷикистон тӯфонҳои ғуборолуд баъзан дар поёноби дарёҳои Вахш ва Кафирниҳон ба ҳаво мепечанд.
Дар айни замон, бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ аксар вақт аз чангу ғуборе, ки аз баҳри Арал мехезад ё тавассути бод аз Афғонистон ва баъзан ҳатто аз Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ оварда мешавад, азият мекашанд. Тӯфонҳои ғуборолуд одатан мӯҷиби зарари ҷиддии моддӣ ё харобиҳои сангин намешаванд, вале оқибатҳои маҷмӯии онҳо метавонанд қобили мулозиза бошанд.
Дар минтақаҳои пайдоиши чунин таҳдидҳо дар заминҳои васеи кишоварзӣ коҳиши ҳосилнокӣ, талаф ёфтани чорво, гум шудани қабати ҳосилхези хок ба назар мерасад. Дар якҷоягӣ бо ифлосшавии муҳити атроф аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ ва нақлиёти автомобилӣ, тӯфонҳои ғуборолуд ба саломатии аҳолӣ зарар мерасонанд, бемориҳои роҳҳои нафас, дилу шарён ва ғайраро ба вуҷуд меоранд.
Ҷойгиршавии зарраҳои хурди хок дар пиряхҳо обшавии онҳоро суръат мебахшад. Ин боиси нигаронӣ аст, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ки аллакай тамоюли коҳиши масоҳати умумӣ ва қабати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ мушоҳида мешавад.
Дар минтақаҳои «қабулкунанда» тӯфонҳои чангу ғубор сифати ҳаво ва обро бад мекунанд, самаранокии истеҳсоли энергияи офтобро коҳиш медиҳанд, парвози ҳавопаймоҳо ва ҳаракати нақлиёти заминиро мушкил мегардонанд.
Тӯфонҳои регу хок ба минтақаҳои азим паҳн мешаванд ва метавонанд боиси садамаҳои нақлиётӣ гарданд, зеро онҳо сатҳи бинишро хеле маҳдуд мекунанд. Онҳо метавонанд ба муҳаррикҳои ҳавопаймо осеб расонанд ва боиси садамаҳо шаванд. Дар замин регу хок кори чанголи (тсепление) чархҳои мошинро заиф ва шоҳроҳҳоро барои ҳаракат хатарнок мегардонанд.
Тӯфонҳои шадиди регу хок ҳангоми ҳаракати автомобили барқӣ метавонанд ба ҷузъҳои он зарар расонанд, қисмҳои механикии онро заиф созанд, ки ин дар навбати худ боиси аз кор баромадани автомобил мегардад.
Дар робита ба ин, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ронандагон чунин тавсия медиҳад:
- дар шароити обу ҳавои номусоид беҳтар аст, ки аз рондани воситаи нақлиёт худдорӣ кунед. Аммо агар имкони ба таъхир андохтани сафар набошад, бояд Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ҳатман риоя намед;
- аввалан, эҳтиёткор бошед, бар асари шамоли ногаҳонӣ бо чанг сатҳи биниш метавонад маҳдуд шавад ё ба сифр баробар гардад;
- дуюм, суръати ҳаракатро зиёд накунед ва масофаи бехатари байни мошинҳоро риоя намоед;
- сеюм, пас аз таваққуф кардан фурӯзон сохтани чароғҳои фавқулоддаро фаромӯш насозед. Баъди ин дар дохили мошин бимонед ва интизор шавед, ки тӯфон ба охир расад. Ҳангоми таваққуф камарбанди бехатариро накушоед.
***
Бо дарназардошти он, ки тӯфонҳои ғуборолуд ва оқибатҳои гуногуни зараровари онҳо мушкилоти глобалиро ба вуҷуд меоранд ва барои ноил шудан ба 11 аз 17 ҳадафи рушди устувор (ҲРУ) ва воситаҳои татбиқи онҳо, бахусус ҲРУ 2, 3, 6, 8, 11, 13, 15 монеа эҷод мекунанд, соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ тибқи қатъномаи худ (A/RES/77/294) 12 июлро Рӯзи байналмилалии мубориза бо тӯфонҳои регу хок ва солҳои 2025 – 2034-ро «Даҳсолаи амал оид ба мубориза бо тӯфонҳои регу хок» эълон кард.
Мутобиқи асноди СММ, гармшавии иқлим метавонад тағйироти ҷиддии обу ҳаворо ба вуҷуд орад, ки яке аз зуҳуроти он афзоиши тӯфонҳои ғуборолуд мебошад.
Ба андешаи коршиносони ин созмони умумиҷаҳонӣ, дар минтақаҳое, ки фаъолияти инсон манбаъҳои чангро ба вуҷуд меорад, вазъ метавонад тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта дар корхонаҳои саноатӣ, нақлиёт ва энергетика, истифодаи сарфакорона ва эмин доштани қабати хок дар соҳаи кишоварзӣ, идоракунии устувори чарогоҳҳо, истифодаи оқилонаи об ва шинондани оммавии дарахтон ва гулу буттаҳои сабз тағйир ёбад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади коҳиш додани таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим то соли 2030» - ро амалӣ менамояд. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ҳамоиши сеюми «Садои ҷаҳони Ҷануб» таҳти унвони «Тавсеаи имкониятҳои ҷаҳони Ҷануб барои ояндаи устувор», ки 17 августи соли 2024 дар сиғаи маҷозӣ баргузор гардид, таъкид намуданд.
«Тоҷикистон 98% барқи худро аз ҳисоби захираҳои гидроэнергетикӣ, яъне аз манбаҳои барқароршаванда истеҳсол мекунад, - гуфтанд Сарвари давлат. – Аз рӯи фоизи тавлиди “энергияи сабз” мо дар ҷаҳон ҷои 6-умро ишғол менамоем. Мо тасмим гирифтаем, ки ин нишондиҳандаро то соли 2032 ба 100% расонем, яъне тавлиди нерӯи барқро пурра аз ҳисоби захираҳои “энергияи сабз” ба роҳ монда, Тоҷикистонро то соли 2037 ба “кишвари сабз” табдил диҳем».
Моҳи октябри соли 2022 Ҳукумати ҶТ «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2028»-ро, ки аз ҷониби Вазорати нақлиёти кишвар таҳия шудааст, тасдиқ кард, ки он таъсиси пойгоҳ барои истеҳсоли мошинҳои барқӣ ва ҷузъҳои онҳо, сохтмони инфрасохтор барои таъминоти барқ ва хизматрасонии техникии нақлиёти “сабз”, таҳияи технологияи истифодаи аккумуляторҳои ин мошинҳоро пешбинӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Тоҷикистон СММ қатъномаро дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон намудани соли 2025 қабул кард. Тибқи ин қатънома инчунин аз соли оянда 21 март ҳамасола ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» таҷлил карда мешавад ва соли 2025 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.
Илова бар ин, 28 июни соли 2024 Ҳукумати ҶТ «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» - ро тасдиқ кард, ки ба кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ, барқарор сохтани ҳолати экологии ҳавои атмосфера, нигоҳ доштани тавозуни устувори табиӣ, мутобиқ шудан ба равандҳои тағйирёбии иқлим равона шудааст. Тибқи ин Барнома ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон супориш дода шудааст, ки дар канори роҳҳои автомобилгард 5 миллион бех дарахт шинонад.